Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29.11.2024

29 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар кори маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шуд.

 

Таъкид гардид, ки вазифаҳои асосии барномаи мазкур, ки дар асоси талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст, муҳайёсозии заминаи асосии рушди устувори механиконии соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмуъ рушди ин соҳаи кишвар мебошад.

 

Дар барнома роҳҳои механиконии чорабиниҳои агротехникии парвариши растаниҳо ва чорводории муосири кишоварзӣ, аз ҷумла тавассути инноватсия, истифодаи техника ва мошинолоти муштараки кишоварзӣ, ки метавонад як қатор амалиётҳои технологиро дар як вақт иҷро карда, мушкилиҳои соҳаро ҳаллу фасл намояд, нишон дода шудааст.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома ва ба ин восита афзун намудани маҳсули соҳаи кишоварзӣ ва ҳиссаи он дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Сипас лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

 

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани баҳсҳо миёни андозсупорандагон ва мақомоти андоз, духурагиҳо ва боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ пешниҳод мешавад, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд.

 

Сипас Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баррасӣ ва қабул карда шуд.

 

Дар фароварди маҷлис Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба суръат бахшидан ба кишти тирамоҳӣ, ҷамъбасти босифати натиҷаҳои сол, омода намудани заминаҳои мусоид барои Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва тадбирандешӣ барои истиқболи сазовор аз Наврӯзи ҷаҳонии оянда ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо доданд.

  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img
  • Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАЗОРАТИ РАФТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУТОЛИАИ КИТОБҲОИ ИЛМИЮ БАДЕӢ Даври вилоятии озмуни  "Беҳтарин хонандаи китобҳои илмӣ ва бадеӣ дар байни кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон" ҳамарӯза доир гардида истодааст.   Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз ташкили озмуни мазкур иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалб намудан ба китобхонӣ мебошад.   Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода барои назорати рафти озмун иштирок карда, ба ҳайати ҳакамон ҷиҳати таъмини шаффофият ва баҳогузорӣ кардани беҳтарин хонандагони китобхонаҳои илмӣ ва бадеӣ таъкид намуданд.   Гуфта шуд, ки озмун ҳамаи кормандони соҳаи маорифро дақиқан ба мутолиаи китоб ҷалб мекунад. Зеро аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо довталабон ширкат намуда, донишу маҳорати худро месанҷанд.    Лозим ба ёдоварист,ки даври вилоятии озмуни мазкур идома дошта, ҳамарӯза довталабон фаъолона иштирок доранд.   Хадамоти матбуоти  Раёсати маорифи  вилояти Хатлон

    1

    02.12.2024
  •  img
    МИНБАРАТ АЗ ПАРТАИ МАКТАБ. БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МАКТАБИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта аз Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздид карданд.   Дар раванди боздид тазаккур дода шуд, ки осорхонаи мазкур аз санаи 9-уми марти соли 2005 ба фаъолият шуруъ карда, дар он даврони мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даврони фаъолияташон даврабандӣ шуда, инъикос гардидааст. Ҳамчунон, синфхонаи таҳсилкардаи Пешвои миллат бо мизу курсиҳо нигоҳ дошта шудааст.

    15

    30.11.2024
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ, ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - КАРИМЗОДА РАВШАН АЪЗАМ Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2024 таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Равшан Аъзам дар бинои маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара" ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат баргузор гардид.   Ҳисоботи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо доир ба омӯзиши фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат" ва "Гимназияи ҷумҳуриявӣ" дар ноҳияи Данғара шунида шуда, дастовардҳо ва норасоиҳои мавҷуда дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардиданд.   Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии норасоиҳо дар самтҳои таълим, тарбия, таъминоти моддию техникӣ ва нутқи шифоҳии хонандагон супоришҳои мушаххас дода, барои дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кардани онҳо таъкид намуданд.

    14

    30.11.2024