АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ
18.01.2025
Дар партави сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Нақшаи шинонидани дарахтон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву кабудизоркунӣ дар пойтахт тасдиқ гардидааст, 18 январи соли ҷорӣ аксияи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Аксияи мазкур бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар худуди хиёбони Рӯдакӣ қисмати пушти ҶДММ “Фирдавси Аҳмадшоҳ” дар майдони 1,2 га 1400 бех дарахти ҳамешасабзи “Санавбар” шинонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки: «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд».
«Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем»,- хотирнишон намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат дастур доданд, ки мо барои ислоҳи вазъи ногувори дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амаломада ва пешгирӣ кардани харобшавии ҳифзи муҳити зист, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.
Хотиррасон мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки тибқи он дар марҳилаи якум солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.
Боиси зикр аст, ки шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб шуда, дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон