РИСОЛАТИ ОМӮЗГОРӢ
20.01.2025
Омӯзгорӣ ҳунари волост, ҳунари наҷибу эҳтиромбахш. Омӯзгор будан маънои танҳо соҳиби таҳсилоти омӯзгорӣ буданро надорад. Ин бештар аз як касб аст – ин эътиқоди ботинӣ ва ҳисси масъулияти бузургест, ки инсонро ба тарбия ва роҳнамоии дигарон водор мекунад. Омӯзгори ҳақиқӣ бояд тавонад дар қатрае баҳрро бубинад, дар як қитъа ҷаҳонеро тасаввур кунад, дар як мисрае достонеро эҳсос намояд ва дар як ниҳолак рӯъёҳои дарахти пурсамаре бинад.
Омӯзгор шамъдори базми ақлҳост. Барои он ки оламеро равшан кунад, як умр месӯзаду месозад, Аз сӯхтанҳояш ҷаҳон мунаввару аз сохтанҳояш олам гулбасар аст.. Ӯ ободгари қалбҳо, машъалафрӯзи роҳи маърифату бунёдгари фардост. Чун Хизр умри ҷовидона дорад. Дарозтарин умр умри ӯст. Шогирдонаш давоми умри ӯянд.
Ӯ роҳбару роҳнамост, ҳидоятгари роҳи рости инсонҳост. Имрӯз масъулияти беш аз пеш дорад. Ояндаи ин миллату ин Ватан бо дасти ӯ, бо ақлу фитрати ӯ бунёд мешавад. омӯзгорро як андеша бояд ба сар бошад, андешаи фардои Ватан! Ӯ ҳар субҳ бо дили саршор мешитобад сӯйи мактаб. Ӯро он ҷо дилҳои поку беғаш ва чашмони пурумеду ҷӯёи меҳр интизоранд
Омӯзгор бояд рисолати хешро бидонад. Шахсиятеро тарбия намояд, ки бунёдкору созанда бошад. Омӯзгор бояд ҳар як қадамашро бо фикру дарки масъулияти бузурге, ки бар дӯш дорад, гузорад. Ӯ на танҳо таълим медиҳад, балки шахсият месозад, орзуву ҳадафҳо мебахшад, ва муҳимтар аз ҳама – одамиятро дар қалбҳо реша мегузорад. Омӯзгор будан маънои зиндагӣ кардан бо орзуҳои худи шогирдонро низ дорад, чун ҳар як комёбии онҳо комёбии ӯст.
Омӯзгор барои ҷомеа мисли сутунест, ки таҳкурсии онро устувор медорад. Аз ин рӯ, ӯ бояд шахсиятеро тарбия кунад, ки созанда бошад, на харобкунанда; равшанфикр бошад, на бефикру бепарво; ва муҳандиси зиндагии худ бошад, на мусофири нохудогоҳи он.
Омӯзгор бояд донандаи қалби инсон бошад. Ӯ бояд бидонад, ки ҳар як кӯдак олами хосест, ки калиди онро бо меҳру таваҷҷӯҳ кушодан лозим аст. Бо меҳрубонӣ дар қалбҳо роҳ ёфтан, бо сухани дуруст дар мағзҳо маърифат коштан – ин ҳунари волои омӯзгорист.
Омӯзгор ба мисли дарахтест, ки аз сояаш дигарон манфиат мебаранд, аз мевааш лаззат мебаранд ва аз вуҷудаш баҳра мебардоранд. Вале барои ба дарахти пурсамар табдил ёфтан, ӯ бояд доимо рушд кунад, аз илм сер нашуда, дар ҷустуҷӯи дониши нав бошад. Омӯзгор ҳамеша дар омӯзиш аст, зеро танҳо он касе, ки худаш меомӯзад, метавонад ба дигарон омӯзонад.
Ҳар як шогирд ниҳолест, ки омӯзгор онро бо меҳру дониш парвариш медиҳад. Шогирде, ки муҳандиси муваффақ, табиби шифобахш ё шоири илҳомбахш мешавад, дар асл мероси омӯзгорест, ки ба ӯ нури маърифат бахшидааст.
Омӯзгор бояд ормони бузург дошта бошад – сохтани ҷомеае, ки дар он маърифат, ахлоқ ва инсонпарварӣ авлавият дошта бошанд. Ҳар як лаҳзаи дарс на танҳо таълим аст, балки як порае аз зиндагист, ки барои оянда таҳкурсӣ мегузорад.
Омӯзгор набзи ҷомеа аст. Рушди ҳар миллат ва пешрафти ҳар тамаддун аз талошу меҳнати омӯзгор сарчашма мегирад. Омӯзгор чун наҷотбахши ҷомеа бо дилгармӣ ва масъулият ҳар субҳ ба мактаб мешитобад, то шогирдонашро ба роҳи равшану дурахшони зиндагӣ раҳнамоӣ кунад. Ӯ бояд доимо ба хотир дошта бошад, ки меҳнаташ заминаи бунёди фардои равшан аст ва шогирдонаш, ки имрӯз зери раҳнамоии ӯ ҳастанд, ояндаи равшани Ватанро таъмин хоҳанд кард.
Бигзор дари ҳар як омӯзгор ба рӯйи нури шодиву баракат кушода бошад! Ҳар каломе, ки аз забони ӯ берун меояд, сабабгори шукуфтани ақлу қалбҳо гардад. Таманно дорем, ки заҳматҳои омӯзгорон ҳамеша бо қадрдонӣ ҷавоб ёбад ва шогирдони бунёдкору фарзонаи онҳо номи нек ва равшании ин Ватан бошанд.
Бигзор ҳар рӯзи омӯзгор бо меҳру муҳаббати шогирдон сар оғоз ёбад ва бо эҳсоси қаноатмандӣ аз корҳои анҷомдодааш ба поён расад. Ҳар шогирде, ки бо кӯшишҳои ӯ рушд мекунад, чун ситорае ба зиндагии омӯзгор нури илҳом бахшад. Дар ин роҳи пуршараф, ки танҳо ба фидокорӣ ва меҳрубонӣ асос ёфтааст, омӯзгорон доимо қадамҳои устувор гузоранд ва бигзор ҳар лаҳзаи ҳаёти онҳо пур аз эҳтиром, муҳаббат, саодат ва баракати ҳамешагӣ бошад.
Шавкат КАРИМЗОДА ,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ