ПИРӮЗӢ: 7 МЕДАЛИ ОЛИМПӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЖАУТИКОВ

19.01.2025

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ хонандагони тоҷик имкони онро пайдо намуданд, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, дар ин замина рағбати онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар гардад.

 

Ҳамин аст, ки хонандагони кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи олӣ, баланд, миёна, лоиҳавӣ ва фосилавӣ иштирок карда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари истеъдодҳо муаррифӣ менамоянд.

 

Дар таърихи 17-уми январи соли 2025 бо иштироки ҳайати роҳбарӣ ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва падару модарон маросими истиқболи ғолибону иштирокдорони 21-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков – IZhO-2025 баргузор гардид.

 

Олимпиадаи мазкур санаи 13-17 январ миёни 15 кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркия, Булғористон, Туркманистон, Тоҷикистон, Руминия, Беларус, Сербия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Муғулистон дар шаҳри Остона бо иштироки беш аз 700 нафар хонанда баргузор гардид. Дар ин Олимпиада кишвари моро 4 даста бо фарогирии 28 нафар хонанда намояндагӣ карда, аз ин шумора хонандагони тоҷик 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

 

Бояд тазаккур дод, ки Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз рӯйи фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ маротибаи 21-ум аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази илмӣ-амалии “Дорин” ва Мактаби ҷумҳуриявии физика ва математика дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, ки дар он маҷмуи саволҳо аз ҷониби ҳакамони сатҳи ҷаҳонӣ тартиб дода шуда, малакаҳои назариявӣ ва амалии хонандагон санҷида мешавад. Иштирокдорон бо сертификати иштирок ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ғолибон бошад бо дипломҳои дараҷавӣ ва медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Боиси сарфарозист, ки номоварони кишвар дар оғози соли 2025 натиҷаҳои назаррасро дар сатҳи байналмилалӣ нишон дода, парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барафрохта, дар рушди илму фанни кишвар саҳми худро мегузоранд.

  • ПИРӮЗӢ: 7 МЕДАЛИ ОЛИМПӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЖАУТИКОВ img
  • ПИРӮЗӢ: 7 МЕДАЛИ ОЛИМПӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЖАУТИКОВ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    РИСОЛАТИ ОМӮЗГОРӢ Омӯзгорӣ ҳунари волост, ҳунари наҷибу эҳтиромбахш. Омӯзгор будан маънои танҳо соҳиби таҳсилоти омӯзгорӣ буданро надорад. Ин бештар аз як касб аст – ин эътиқоди ботинӣ ва ҳисси масъулияти бузургест, ки инсонро ба тарбия ва роҳнамоии дигарон водор мекунад. Омӯзгори ҳақиқӣ бояд тавонад дар қатрае баҳрро бубинад, дар як қитъа ҷаҳонеро тасаввур кунад, дар як мисрае достонеро эҳсос намояд ва дар як ниҳолак рӯъёҳои дарахти пурсамаре бинад.   Омӯзгор шамъдори базми ақлҳост. Барои он ки оламеро равшан кунад, як умр месӯзаду месозад, Аз сӯхтанҳояш ҷаҳон мунаввару аз сохтанҳояш олам гулбасар аст.. Ӯ ободгари қалбҳо, машъалафрӯзи роҳи маърифату бунёдгари фардост. Чун Хизр умри ҷовидона дорад. Дарозтарин умр умри ӯст. Шогирдонаш давоми умри ӯянд.   Ӯ роҳбару роҳнамост, ҳидоятгари роҳи рости инсонҳост. Имрӯз масъулияти беш аз пеш дорад. Ояндаи ин миллату ин Ватан бо дасти ӯ, бо ақлу фитрати ӯ бунёд мешавад. омӯзгорро як андеша бояд ба сар бошад, андешаи фардои Ватан! Ӯ ҳар субҳ бо дили саршор мешитобад сӯйи мактаб. Ӯро он ҷо дилҳои поку беғаш ва чашмони пурумеду ҷӯёи меҳр интизоранд   Омӯзгор бояд рисолати хешро бидонад. Шахсиятеро тарбия намояд, ки бунёдкору созанда бошад. Омӯзгор бояд ҳар як қадамашро бо фикру дарки масъулияти бузурге, ки бар дӯш дорад, гузорад. Ӯ на танҳо таълим медиҳад, балки шахсият месозад, орзуву ҳадафҳо мебахшад, ва муҳимтар аз ҳама – одамиятро дар қалбҳо реша мегузорад. Омӯзгор будан маънои зиндагӣ кардан бо орзуҳои худи шогирдонро низ дорад, чун ҳар як комёбии онҳо комёбии ӯст.   Омӯзгор барои ҷомеа мисли сутунест, ки таҳкурсии онро устувор медорад. Аз ин рӯ, ӯ бояд шахсиятеро тарбия кунад, ки созанда бошад, на харобкунанда; равшанфикр бошад, на бефикру бепарво; ва муҳандиси зиндагии худ бошад, на мусофири нохудогоҳи он.   Омӯзгор бояд донандаи қалби инсон бошад. Ӯ бояд бидонад, ки ҳар як кӯдак олами хосест, ки калиди онро бо меҳру таваҷҷӯҳ кушодан лозим аст. Бо меҳрубонӣ дар қалбҳо роҳ ёфтан, бо сухани дуруст дар мағзҳо маърифат коштан – ин ҳунари волои омӯзгорист.   Омӯзгор ба мисли дарахтест, ки аз сояаш дигарон манфиат мебаранд, аз мевааш лаззат мебаранд ва аз вуҷудаш баҳра мебардоранд. Вале барои ба дарахти пурсамар табдил ёфтан, ӯ бояд доимо рушд кунад, аз илм сер нашуда, дар ҷустуҷӯи дониши нав бошад. Омӯзгор ҳамеша дар омӯзиш аст, зеро танҳо он касе, ки худаш меомӯзад, метавонад ба дигарон омӯзонад.   Ҳар як шогирд ниҳолест, ки омӯзгор онро бо меҳру дониш парвариш медиҳад. Шогирде, ки муҳандиси муваффақ, табиби шифобахш ё шоири илҳомбахш мешавад, дар асл мероси омӯзгорест, ки ба ӯ нури маърифат бахшидааст.   Омӯзгор бояд ормони бузург дошта бошад – сохтани ҷомеае, ки дар он маърифат, ахлоқ ва инсонпарварӣ авлавият дошта бошанд. Ҳар як лаҳзаи дарс на танҳо таълим аст, балки як порае аз зиндагист, ки барои оянда таҳкурсӣ мегузорад.   Омӯзгор набзи ҷомеа аст. Рушди ҳар миллат ва пешрафти ҳар тамаддун аз талошу меҳнати омӯзгор сарчашма мегирад. Омӯзгор чун наҷотбахши ҷомеа бо дилгармӣ ва масъулият ҳар субҳ ба мактаб мешитобад, то шогирдонашро ба роҳи равшану дурахшони зиндагӣ раҳнамоӣ кунад. Ӯ бояд доимо ба хотир дошта бошад, ки меҳнаташ заминаи бунёди фардои равшан аст ва шогирдонаш, ки имрӯз зери раҳнамоии ӯ ҳастанд, ояндаи равшани Ватанро таъмин хоҳанд кард.   Бигзор дари ҳар як омӯзгор ба рӯйи нури шодиву баракат кушода бошад! Ҳар каломе, ки аз забони ӯ берун меояд, сабабгори шукуфтани ақлу қалбҳо гардад. Таманно дорем, ки заҳматҳои омӯзгорон ҳамеша бо қадрдонӣ ҷавоб ёбад ва шогирдони бунёдкору фарзонаи онҳо номи нек ва равшании ин Ватан бошанд.   Бигзор ҳар рӯзи омӯзгор бо меҳру муҳаббати шогирдон сар оғоз ёбад ва бо эҳсоси қаноатмандӣ аз корҳои анҷомдодааш ба поён расад. Ҳар шогирде, ки бо кӯшишҳои ӯ рушд мекунад, чун ситорае ба зиндагии омӯзгор нури илҳом бахшад. Дар ин роҳи пуршараф, ки танҳо ба фидокорӣ ва меҳрубонӣ асос ёфтааст, омӯзгорон доимо қадамҳои устувор гузоранд ва бигзор ҳар лаҳзаи ҳаёти онҳо пур аз эҳтиром, муҳаббат, саодат ва баракати ҳамешагӣ бошад.   Шавкат КАРИМЗОДА , директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ

    15

    20.01.2025
  •  img
    АРЗЁБИИ ХОНИШ - ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Башарият аз замонҳои қадим арзиши маориф ва нақши муҳиммеро, ки таълим дар ҳаёти мо дорад, дарк кардааст. Демокрит, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳ карда буд, чунин хулосаро ба мо пешниҳод намудааст: «На ҳунар ба даст меояду на ҳикмат, агар омӯхта нашаванд». Ҷаҳони муосир бо суръат тағйир меёбад, волидон, омӯзгорон, кӯдакон ва ҷомеа дигар мешаванд. Вазъи мавҷуда хонандаи мактабро водор месозад, ки ба тариқи рӯзафзун дониш, малака ва маҳорати худро рушду такомул бахшад. Дар асри 21 бо суръат пеш рафтани технологияи рақамӣ инсонҳоро он қадар ба ҳам наздик сохтааст, ки ҳар дақиқа тамоми мардуми сайёра аз пешрафтҳои як гӯшаи олам маълумот дастрас менамоянд.   Мавҷи маълумоти рӯзафзун, пеш аз ҳама, аз хонанда ва омӯзгори замони муосир талаб менамояд, ки дараҷаи тафаккури худро то ба ҳадде рушд диҳанд, то хубро аз бад ба осонӣ фарқ карда тавонанд. Барои ба ин мақсад ноил шудан хониш ва дарки мазмун зарур аст. Вобаста ба ин, барномаҳои хониш ва саводнокии хонандагон аз кӯдакистон то донишгоҳу донишкадаҳо сол ба сол такмил дода мешаванд. Зеро дарки олами атрофу ҳодисаҳои он аз хониши бошуурона ва таҳлили маълумот ба даст оварда мешавад.   Дар ин раванд вазифаи мураббиёни кӯдакистон, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва падару модарон ниҳоят муҳим аст. Чунки муҳити фароҳамоварда дар хона ва мактаб ба рушди зеҳнии хонандагон таъсири бевосита ва бавосита дорад. Хонандагон ҳамчун шахсият дар ин ду муҳит худро мешиносанд ва қадам ба қадам рушд медиҳанд. Ҳамчунин маводи таълимӣ низ ба рушди хонандагон таъсир мегузорад. Дар умум, барои рушди шахсияти кӯдакон дар зинаҳои гуногуни таҳсил якчанд унсуре мавҷуданд, ки ба ин ё он тариқ таъсири худро мегузоранд.   Бо мақсади муайян кардани сатҳи саводнокии хониш аз соли 2001 инҷониб аз тарафи Ассотсиатсияи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таҳсил дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳқиқоти байналмилалии саводнокии хониш ва дарки матн гузаронида мешавад. Ин таҳқиқот, қабл аз ҳама, бо мақсади муайян кардани сатҳи саводнокӣ ва дарки матн дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ барои хонандагони синфи 4 баргузор карда мешавад. Номи расмии арзёбӣ Progress in International Reading Literacy Study (PIRLS), яъне, таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хониш мебошад. Дар ин таҳқиқот матнҳо, ба монанди ҳикоя, саргузашт, қисса, афсона ва матнҳои маълумотӣ арзёбӣ карда мешаванд. Инчунин бо мақсади муайян кардани унсурҳои таъсиррасон ба раванди таълиму тарбияи хонандагон пурсишномаҳо бо иштироки падару модарон, омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон низ гузаронида мешаванд.   Ҳадафи асосии арзёбӣ таҳлили муқоисавии низоми маориф дар мамолики гуногун буда, таҷрибаҳои пешқадам дар самти фароҳам овардани таҳсили босифат барои амалӣ сохтани яке аз Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид «Таъмини таҳсилоти босифат дар ҳама зинаҳои таҳсил» байни кишварҳои аъзо табодул карда мешавад.   Ҳамин тариқ, натиҷаи таҳлили вазъи хониш ва саводнокии ҳар давлат ба таври алоҳида омода карда шуда, барои беҳтаргардонии низоми маориф ба ҷонибҳои манфиатдори соҳаи маориф пешниҳод мешавад. Дар асоси таҳлили натиҷаҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф якҷо бо Ҳукумати иҷроия қарори дахлдор қабул намуда, сиёсати давлатии худро дар самти маориф рушду тавсеа мебахшанд. Зеро хонандагон то синфи 4 барномаи таълимиро бояд он қадар хуб омӯзанд, ки дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил барои рушди дониш, малака, маҳорат ва худшиносии миллӣ ба хубӣ истифода намоянд. Яъне, хонандагон тавонанд тавассути хониш худро дар оянда соҳибмаълумот ва соҳибкасб намуда, дар бозори меҳнат мавқеи сазовор ёфта, аз лиҳози иқтисодӣ зиндагии хуб созанд ва дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳм гузоранд.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 дар қатори 60 кишвар иштирок намояд.   Мавриди тазаккур аст, ки то имрӯз дар ин самт якчанд фаъолият, ба мисли ба имзо расонидани Созишномаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таҳсил, таъсиси «Маркази миллии арзёбии PIRLS» ба ҳайси гурӯҳи корӣ дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор ҷалб намудани мушовирони миллӣ, таъсиси ҳайати Кумитаи тадорукот аз ҳисоби кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеъ, Агентии назорат дар соҳаи мориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд.   Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 бо дастгирии лоиҳаи «Муҳити таълим — асоси таҳсили босифат», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, татбиқ мегардад.   Давраи озмоиши арзёбии байналмилалии PIRLS моҳи март ва апрели соли 2025 тариқи технологияи иттилоотӣ бо истифода аз компютерҳои фардӣ ба нақша гирифта шуда, дар он зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS дар моҳи март ва апрели соли 2026 дар назар дошта шуда, натиҷаи он барои таҳлил ва баррасӣ дар соли 2027 дастраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид ва стратегияҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориро бо шарикони рушд пайваста тақвият бахшад. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои статегии Ҳукумати мамлакат кӯшишҳои хастагинопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа мебошанд.   Воқеан, чуноне ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, бояд барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсил барои насли наврас бояд аввалиндараҷа шароити мусоид муҳайё сохт.   Бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар кардани муҳити таълим ва омӯзиш дар асоси натиҷаҳои бадастомада қарорҳои зарурӣ қабул намуда, барои хонандагони ҷумҳурӣ боз ҳам шароити мусоидтару муассиртари таҳсил фароҳам меорад. Зеро заминаи мусоид гузоштан ба насли наврас барои дар оянда соҳибмаълумот ва соҳибкасб гардидани онҳо ва амалӣ кардани ҳадафҳои дарпешгузоштаи мамлакат мусоидат мекунад.   Хониши бошуурона тақозои ҳар давру замон буду ҳаст ва зарурати он дар замони муосир бештар мешавад. Зеро рушди мунтазам ва бо суръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир шароит фароҳам овардааст, ки дар он бе саводи таҳлилию интиқодӣ дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ фаъолият кардан ғайриимкон мегардад. Аз ин рӯ, мебояд дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорему дар ҳамбастагӣ барои наслҳои оянда давлати ободу осоишта ба мерос гузорем.   Дилшод САФАРЗОДА, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    28

    18.01.2025
  •  img
    АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ Дар партави сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Нақшаи шинонидани дарахтон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву кабудизоркунӣ дар пойтахт тасдиқ гардидааст, 18 январи соли ҷорӣ аксияи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.   Аксияи мазкур бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар худуди хиёбони Рӯдакӣ қисмати пушти ҶДММ “Фирдавси Аҳмадшоҳ” дар майдони 1,2 га 1400 бех дарахти ҳамешасабзи “Санавбар” шинонида шуд.   Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки: «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд».   «Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем»,- хотирнишон намуданд Сарвари давлат.   Пешвои миллат дастур доданд, ки мо барои ислоҳи вазъи ногувори дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амаломада ва пешгирӣ кардани харобшавии ҳифзи муҳити зист, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.   Хотиррасон мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки тибқи он дар марҳилаи якум солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.   Боиси зикр аст, ки шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб шуда, дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    33

    18.01.2025