ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД

11.10.2024

11-уми октябри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

 

Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, масъалаҳои фарогирии пурраи хатмкардагони синфҳои 9-и муасисаҳои таълимӣ ба зинаи асосӣ (синфҳои 10-11), ташкили марказҳои инкишофи кӯдак, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешниҳоди ҳисоботи омории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва чанде дигарро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Ҳамчунин, дар ҷаласа диққати ҳозирин ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти босамари омӯзгорон, фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия нигаронида шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД Имрӯз, 30-юми декабри соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат бо баррасии як қатор масъалаҳо баргузор гардид.   Нахуст, зимни ифтитоҳи ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ рӯзи 28-уми декабр дар баробари дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи хоси худро ба соҳаи маориф равона намуда, таъкид доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад”. Дар ин замина мо, кормандони соҳаро зарур аст, ки дар партави таваҷҷуҳ ва боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди маориф тамоми неру ва имконияти хешро истифода намоем.   Сипас, раиси ҷаласа ҳозиринро бо рӯзнома шинос намуда, аз рӯйи масъалаи якум баромади сардори раёсати илм ва инноватсия Сироҷиддин Ниёзӣ вобаста ба натиҷаи иҷрои талаботи Низомномаҳои зинаҳои магистратура ва докторантура аз рўйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ (АМИТ, АИКТ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажўҳишгоҳҳои илмии соҳаи тиб) шунида шуд.   Дар идома, дар қисмати масъалаҳои асосӣ баромадҳои раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода вобаста ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон» ва сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм Нурулло Убайдуллозода вобаста ба ҷамъбасти ҳисоботҳои омории соҳаи маориф шунида шуд.   Дар қисмати масъалаҳои иловагии ҷаласа директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наврӯзи Ҷумъамурод дар бораи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2025» ва сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ Ҷамшед Маҷидзода дар бораи «Тартиби ташкил ва фаъолияти шаклҳои алтернативии таълиму тарбияи томактабӣ» баромад намуданд.   Дар охир, вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    25

    30.12.2024
  •  img
    100 НУКТАИ МУҲИММИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ 1. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. 2. Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. 3. Мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. 4. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. 5. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. 6. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. 7. Дар корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад. 8. Даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. 9. Аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд. 10. Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд. 11. Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. 12. Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. 13. Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. 14. Дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. 15. Идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад. 16. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. 17. Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. 18. Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд. 19. То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. 20. Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд. 21. Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. 22. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот. Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот. Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ. 23. Солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. 24. Дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад. 25. То имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад. 26. Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад. 27. Масъалаи истифодаи соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзи андоз аз фоида ҳангоми бунёди корхонаи нав низ таҷдиди назарро талаб менамояд. 28. Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон бунёди иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ вусъат ёфта истодааст. 29. Дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. 30. Дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. 31. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст. 32. Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. 33. То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. 34. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. 35. Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. 36. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд. 37. Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад. 38. Дар соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шаванд. 39. Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст. 40. Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. 41. Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад. 42. Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст. 43. Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст. 44. Моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем. 45. Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. 46. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025: – маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад; – маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад; – музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад; – ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. 47. Аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад. 48. Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. 49. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. 50. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. 51. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд. 52. Дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. 53. Мусаллам аст, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад. 54. Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем. 55. Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. 56. Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. 57. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. 58. Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. 59. Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. 60. Фарҳанг ҳастии миллат аст. 61. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод. 62. Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. 63. То имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем. 64. Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад. 65. Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. 66. Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд. 67. Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. 68. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. 69. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. 70. Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 71. Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. 72. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст. 73. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. 74. Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. 75. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. 76. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. 77. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. 78. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. 79. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад. 80. Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем. 81. Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. 82. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. 83. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. 84. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. 85. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. 86. Бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. 87. Интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд. 88. Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. 89. Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. 90. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд. 91. Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. 92. Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем. 93. Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад. 94. Мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем. 95. Масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд. 96. Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад. 97. Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем. 98. Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем. 99. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. 100. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам.     ЗОИРЗОДА И.С. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДБССТ ҚУДРАТОВ Н.А. – сардори раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ

    33

    30.12.2024
  •  img
    АЁДАТИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОР ВА ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ ИДОНА Дар доираи супоришҳои раиси вилояти Хатлон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода дар арафаи соли нави мелодӣ як қатор омӯзгорони собиқадор ва бемору барҷомондаро аёдат карданд.   Хусусан, сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода чанде аз омӯзгорони собиқадори ноҳияи Данғараро аёдат карда, ба қисме аз онҳо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба қисми дигар бошад, туҳфаҳои идона ва кумакҳо расониданд.    Дар ин рӯз, омӯзгори собиқадор,ки ҳаёти худро дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон бахшидааст, Дастагул Бароталиеваро низ аёдат карда, барои заҳматҳои бисёрсолаи меҳнатиаш ӯро бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карданд.    Ҳамзамон, сардори раёсати маориф, мудири шуъбаи маориф ва роҳбари муассисаи таълимӣ дар бораи фаъолияти назарраси омӯзгор ҳарф зада, аз тарбияи шогирдони босаводу ватандӯст изҳори хушнудӣ карданд.    Сипас, омӯзгори собиқадор Зувайдулло Убайдуллоевро ҳам хабар гирифтанд. Таъкид гардид,ки Зувайдулло Убайдуллоев соли 1964 дар муассисаи таълимии №20 ва аз соли 1971 ба сифати омӯзгори фанни математика дар муассисаи таълимии №4-и ноҳияи Данғара кору фаъолият кардааст. Гуфта шуд,ки омӯзгорони собиқадор то ба имрӯз бо муассисаи таълимӣ дар ҳамкорӣ буда, ба омӯзгорони ҷавон бо маслиҳатҳои муфид кумак мерасонанд. Мавсуф низ ба муносибати соли нави мелодӣ бо мукофот қадрдонӣ карда шуд.   Ёдовар мешавем,ки ҳоло аз тарафи гурӯҳҳои кории раёсати маориф ва шуъбаву бахшҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо омӯзгорони собиқадор, бемору барҷомонда ва хонандагони ятимро аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуда истодаанд.   Зимни аёдат аз ғамхориҳои падаронаи Роҳбари давлат нисбати кормандони соҳаи маориф, ятимон, беморону барҷомонда ва ниёзмандон ёдовар мешаванд.   Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон

    33

    29.12.2024