Ҷамъбасти маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.01.2025

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2024 бо таҳлилҳо суханронӣ намуданд.

 

Сарвари давлат барои иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки тамоми кӯшиши худро баҳри иҷрои саривақтӣ ва сифатноки вазифаҳо ва дастуру супоришҳо сафарбар намоянд.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки фаъолияти худро вусъат бахшида, тибқи супориши қаблӣ суръати рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.

 

Супориш дода шуд, ки дар ин ҷода, хусусан, ба масъалаҳои ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

 

Президенти кишвар истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа номиданд.

 

Таъкид гардид, ки дар соли 2024 бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронии Ҳукумат ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ аз шарикони рушд беш аз 16 миллиард сомонӣ грант ва қарзҳои имтиёзнок ҷалб карда шуд.

 

Сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки иҷрои барномаҳои муштараки ислоҳотро бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ сари вақт таъмин намуда, барои идома додани раванди ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ чораҳои амалӣ андешанд.

 

Бо мақсади таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ Сарвари давлат зарур шумурданд, ки барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар соли ҷорӣ таъмин гардад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омори маҳсулоти саноатии ғизоиро, ки аз берун ворид мешавад, таҳлил намуда, таъкид доштанд, аксари ин маҳсулот бояд дар дохили кишвар истеҳсол шавад.

 

Гуфта шуд, ки дар соли 2024, бо вуҷуди дар сатҳи 104 фоиз иҷро гардидани нақшаи даромади буҷети давлатӣ, дар баъзе ноҳияҳои кишвар нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо таъмин карда нашуд, ки андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.

 

Аз ин ру, Роҳбари давлат супориш доданд, ки сохторҳои марбута барои дарёфти захираҳои нави молиявӣ ва ҷалби пурраи манбаъҳои даромад ба буҷети давлатӣ, сифатнокии таҳия ва иҷрои он, инчунин, боз ҳам кам кардани бақияпулиҳои андоз тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

 

Президенти кишвар ба вазорату идораҳои масъул супориш доданд, ки бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла иқдоми баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, нафақа ва стипендияҳо чораҳои мушаххас андешанд.

 

Дар самти сарфакорона ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ вазорату идораҳои марбута супориш гирифтанд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онро таъмин созанд.

 

Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои мухталифро Президенти кишвар талаби қатъии рӯз номиданд.

 

Таъкид гардид, ки барои вусъат бахшидани ин равандҳо дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2025 - 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд.

 

Ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки баҳри амалӣ намудани ин иқдом нақшаи мукаммали амалро қабул ва татбиқ намояд.

 

Дар робита ба масъалаҳои ҳалталаби гузариш ба низоми рақамӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани як қатор тадбирҳоро зарур шумурданд. Аз ҷумла, вазорату идораҳо дар муҳлати се моҳ ба низоми байниидоравии ҳамгироии иттилоотӣ ба таври ҳатмӣ бояд пайваст шаванд, вазорату идораҳои хизматрасон то ташаккул додани махзанҳо барои анҷом додани раванди фаъолияти дахлдор аз имконияти низомҳои дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ташаккулёфта истифода намоянд ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмин намудани фаъолияти самараноки “Ҳукумати электронӣ” гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳоро аз 1-уми июли соли 2025 ба роҳ монанд.

 

Ба Ситоди ҷумҳуриявӣ супориш дода шуд, ки оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда чораҳои фаврӣ андешад.

 

Таъкид карда шуд, ки гарчанде пардохтҳои ғайринақдӣ барои хариди молу хизматрасониҳо дар ҳаҷми умумии пардохтҳо бо истифода аз воситаҳои электронии пардохт аз 6,9 фоизи соли 2019 то 26,2 фоиз дар соли 2024 расонида шудааст, вале натиҷаи мазкур ҳоло ҳам қаноатбахш нест.

 

Бинобар ин Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт тадбирҳои иловагӣ андешад.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳарчанд дар соли 2024 сармояи мустақими хориҷӣ ба кишвар беш аз 4,3 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 39 фоиз афзоиш ёфтааст, вале ҳаҷми он барои қонеъ гардонидани талаботи рушди иқтисоди кишвар ҳоло ҳам кофӣ нест.

 

Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷалби сармояи мустақимро бамаротиб афзоиш диҳанд.

 

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ Роҳбари давлат иброз доштанд, ки бо вуҷуди пешравиҳои соҳа дар соли 2024 имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд.

 

Дар робита ба ин, зарур шумурда шуд, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, пахта ва ғалладонагиҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

 

Барои расидан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва талаботи Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021 - 2025 Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ камбудиҳои соҳаро ислоҳ намуда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди саноатро тақвият бахшад.

 

Супориш дода шуд, ки дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар тадбирҳои амалӣ андешида шуда, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок ва содироти он афзоиш дода шавад.

 

Зимни таҳлили вазъи соҳаи энергетика, бахусус тавлиди неруи барқ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 22,4 миллиард киловатт - соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 567,6 миллион киловатт - соат ё 2,6 фоиз зиёд мебошад. Вале дар соҳаи энергетикаи кишвар бо вуҷуди супоришҳои додашуда, ҳоло ҳам як қатор мушкилиҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд, ки ба раванди истеҳсол ва ҳаҷми таъминоти барқ таъсири манфӣ расонида истодаанд.

 

Аз ҷумла, талафоти неруи барқ, ки то ҳанӯз дар сатҳи баланд ва ташвишовар боқӣ монда, соли 2024-ум 20 фоизро ташкил додааст ва сатҳи нопурраи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ, ки дар ин давра ба 91 фоиз расонида шудааст, аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаби соҳа мебошанд.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин, вазорату идораҳои марбутаи соҳаро вазифадор намуданд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқро таъмин намоянд.

 

Зарур шумурда шуд, ки доир ба ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ ва якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сари вақт ҷамъоварӣ кардани маблағи неруи барқ чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

 

Дар Паёми Президенти кишвар таъкид гардидаст, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳи “Роғун” ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.

 

Вобаста ба ин, Роҳбари давлат ба Ҳукумати кишвар ва дигар масъулон супориш доданд, ки корҳои сохтмонро суръат бахшанд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ таъкид доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва амалигардонии ислоҳоти соҳаи маориф дар кишвар стратегияву барномаҳои мухталиф қабул ва амалӣ гардида истодааст.

 

Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои татбиқи пурра ва сифатноки барномаву стратегияҳои қабулшуда чораҳои саривақтӣ ва қатъӣ андешанд.

 

Супоришҳои дигар ба сохторҳои марбута барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дода шуд.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар соҳаи тандурустии кишвар тарки вазифа кардани табибон ва дигар кормандони соҳаи тиб дар бахши давлатӣ ташвишовар гардидааст.

 

Бо дарназардошти вазъи зикршуда, супориш дода шуд, ки вазорату идораҳои соҳа бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли камбудиҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.

 

Президенти кишвар бо назардошти ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва мураккаб боқӣ мондани вазъи ҷаҳон ва минтақа супориш доданд, ки дар самти кор бо аҳолӣ нақшаҳои тасдиқгардида таъмин шуда, баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фаҳмондадиҳӣ, ҳарбиву ватандӯстӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ вусъат дода шавад.

 

Сарвари давлат аз фаъолони ҷомеа ва шаҳрвандон риояи ҳатмии талаботи қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”-ро талаб намуданд.

 

Таъкид гардид, ки то охири соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар аз 28 ҳазору 800 иншооти ба нақша гирифташуда беш аз 18 ҳазору 200 иншоот бунёд гардидааст, ки 63 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

 

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аъзои Ҳукумат, роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида ва супоришу вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта бошанд.

  • Ҷамъбасти маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷамъбасти маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷамъбасти маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷамъбасти маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    РИСОЛАТИ ОМӮЗГОРӢ Омӯзгорӣ ҳунари волост, ҳунари наҷибу эҳтиромбахш. Омӯзгор будан маънои танҳо соҳиби таҳсилоти омӯзгорӣ буданро надорад. Ин бештар аз як касб аст – ин эътиқоди ботинӣ ва ҳисси масъулияти бузургест, ки инсонро ба тарбия ва роҳнамоии дигарон водор мекунад. Омӯзгори ҳақиқӣ бояд тавонад дар қатрае баҳрро бубинад, дар як қитъа ҷаҳонеро тасаввур кунад, дар як мисрае достонеро эҳсос намояд ва дар як ниҳолак рӯъёҳои дарахти пурсамаре бинад.   Омӯзгор шамъдори базми ақлҳост. Барои он ки оламеро равшан кунад, як умр месӯзаду месозад, Аз сӯхтанҳояш ҷаҳон мунаввару аз сохтанҳояш олам гулбасар аст.. Ӯ ободгари қалбҳо, машъалафрӯзи роҳи маърифату бунёдгари фардост. Чун Хизр умри ҷовидона дорад. Дарозтарин умр умри ӯст. Шогирдонаш давоми умри ӯянд.   Ӯ роҳбару роҳнамост, ҳидоятгари роҳи рости инсонҳост. Имрӯз масъулияти беш аз пеш дорад. Ояндаи ин миллату ин Ватан бо дасти ӯ, бо ақлу фитрати ӯ бунёд мешавад. омӯзгорро як андеша бояд ба сар бошад, андешаи фардои Ватан! Ӯ ҳар субҳ бо дили саршор мешитобад сӯйи мактаб. Ӯро он ҷо дилҳои поку беғаш ва чашмони пурумеду ҷӯёи меҳр интизоранд   Омӯзгор бояд рисолати хешро бидонад. Шахсиятеро тарбия намояд, ки бунёдкору созанда бошад. Омӯзгор бояд ҳар як қадамашро бо фикру дарки масъулияти бузурге, ки бар дӯш дорад, гузорад. Ӯ на танҳо таълим медиҳад, балки шахсият месозад, орзуву ҳадафҳо мебахшад, ва муҳимтар аз ҳама – одамиятро дар қалбҳо реша мегузорад. Омӯзгор будан маънои зиндагӣ кардан бо орзуҳои худи шогирдонро низ дорад, чун ҳар як комёбии онҳо комёбии ӯст.   Омӯзгор барои ҷомеа мисли сутунест, ки таҳкурсии онро устувор медорад. Аз ин рӯ, ӯ бояд шахсиятеро тарбия кунад, ки созанда бошад, на харобкунанда; равшанфикр бошад, на бефикру бепарво; ва муҳандиси зиндагии худ бошад, на мусофири нохудогоҳи он.   Омӯзгор бояд донандаи қалби инсон бошад. Ӯ бояд бидонад, ки ҳар як кӯдак олами хосест, ки калиди онро бо меҳру таваҷҷӯҳ кушодан лозим аст. Бо меҳрубонӣ дар қалбҳо роҳ ёфтан, бо сухани дуруст дар мағзҳо маърифат коштан – ин ҳунари волои омӯзгорист.   Омӯзгор ба мисли дарахтест, ки аз сояаш дигарон манфиат мебаранд, аз мевааш лаззат мебаранд ва аз вуҷудаш баҳра мебардоранд. Вале барои ба дарахти пурсамар табдил ёфтан, ӯ бояд доимо рушд кунад, аз илм сер нашуда, дар ҷустуҷӯи дониши нав бошад. Омӯзгор ҳамеша дар омӯзиш аст, зеро танҳо он касе, ки худаш меомӯзад, метавонад ба дигарон омӯзонад.   Ҳар як шогирд ниҳолест, ки омӯзгор онро бо меҳру дониш парвариш медиҳад. Шогирде, ки муҳандиси муваффақ, табиби шифобахш ё шоири илҳомбахш мешавад, дар асл мероси омӯзгорест, ки ба ӯ нури маърифат бахшидааст.   Омӯзгор бояд ормони бузург дошта бошад – сохтани ҷомеае, ки дар он маърифат, ахлоқ ва инсонпарварӣ авлавият дошта бошанд. Ҳар як лаҳзаи дарс на танҳо таълим аст, балки як порае аз зиндагист, ки барои оянда таҳкурсӣ мегузорад.   Омӯзгор набзи ҷомеа аст. Рушди ҳар миллат ва пешрафти ҳар тамаддун аз талошу меҳнати омӯзгор сарчашма мегирад. Омӯзгор чун наҷотбахши ҷомеа бо дилгармӣ ва масъулият ҳар субҳ ба мактаб мешитобад, то шогирдонашро ба роҳи равшану дурахшони зиндагӣ раҳнамоӣ кунад. Ӯ бояд доимо ба хотир дошта бошад, ки меҳнаташ заминаи бунёди фардои равшан аст ва шогирдонаш, ки имрӯз зери раҳнамоии ӯ ҳастанд, ояндаи равшани Ватанро таъмин хоҳанд кард.   Бигзор дари ҳар як омӯзгор ба рӯйи нури шодиву баракат кушода бошад! Ҳар каломе, ки аз забони ӯ берун меояд, сабабгори шукуфтани ақлу қалбҳо гардад. Таманно дорем, ки заҳматҳои омӯзгорон ҳамеша бо қадрдонӣ ҷавоб ёбад ва шогирдони бунёдкору фарзонаи онҳо номи нек ва равшании ин Ватан бошанд.   Бигзор ҳар рӯзи омӯзгор бо меҳру муҳаббати шогирдон сар оғоз ёбад ва бо эҳсоси қаноатмандӣ аз корҳои анҷомдодааш ба поён расад. Ҳар шогирде, ки бо кӯшишҳои ӯ рушд мекунад, чун ситорае ба зиндагии омӯзгор нури илҳом бахшад. Дар ин роҳи пуршараф, ки танҳо ба фидокорӣ ва меҳрубонӣ асос ёфтааст, омӯзгорон доимо қадамҳои устувор гузоранд ва бигзор ҳар лаҳзаи ҳаёти онҳо пур аз эҳтиром, муҳаббат, саодат ва баракати ҳамешагӣ бошад.   Шавкат КАРИМЗОДА , директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ

    12

    20.01.2025
  •  img
    ПИРӮЗӢ: 7 МЕДАЛИ ОЛИМПӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЖАУТИКОВ Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ хонандагони тоҷик имкони онро пайдо намуданд, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, дар ин замина рағбати онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар гардад.   Ҳамин аст, ки хонандагони кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи олӣ, баланд, миёна, лоиҳавӣ ва фосилавӣ иштирок карда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари истеъдодҳо муаррифӣ менамоянд.   Дар таърихи 17-уми январи соли 2025 бо иштироки ҳайати роҳбарӣ ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва падару модарон маросими истиқболи ғолибону иштирокдорони 21-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков – IZhO-2025 баргузор гардид.   Олимпиадаи мазкур санаи 13-17 январ миёни 15 кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркия, Булғористон, Туркманистон, Тоҷикистон, Руминия, Беларус, Сербия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Муғулистон дар шаҳри Остона бо иштироки беш аз 700 нафар хонанда баргузор гардид. Дар ин Олимпиада кишвари моро 4 даста бо фарогирии 28 нафар хонанда намояндагӣ карда, аз ин шумора хонандагони тоҷик 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.   Бояд тазаккур дод, ки Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз рӯйи фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ маротибаи 21-ум аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази илмӣ-амалии “Дорин” ва Мактаби ҷумҳуриявии физика ва математика дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, ки дар он маҷмуи саволҳо аз ҷониби ҳакамони сатҳи ҷаҳонӣ тартиб дода шуда, малакаҳои назариявӣ ва амалии хонандагон санҷида мешавад. Иштирокдорон бо сертификати иштирок ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ғолибон бошад бо дипломҳои дараҷавӣ ва медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ карда мешаванд.   Боиси сарфарозист, ки номоварони кишвар дар оғози соли 2025 натиҷаҳои назаррасро дар сатҳи байналмилалӣ нишон дода, парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барафрохта, дар рушди илму фанни кишвар саҳми худро мегузоранд.

    28

    19.01.2025
  •  img
    АРЗЁБИИ ХОНИШ - ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Башарият аз замонҳои қадим арзиши маориф ва нақши муҳиммеро, ки таълим дар ҳаёти мо дорад, дарк кардааст. Демокрит, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳ карда буд, чунин хулосаро ба мо пешниҳод намудааст: «На ҳунар ба даст меояду на ҳикмат, агар омӯхта нашаванд». Ҷаҳони муосир бо суръат тағйир меёбад, волидон, омӯзгорон, кӯдакон ва ҷомеа дигар мешаванд. Вазъи мавҷуда хонандаи мактабро водор месозад, ки ба тариқи рӯзафзун дониш, малака ва маҳорати худро рушду такомул бахшад. Дар асри 21 бо суръат пеш рафтани технологияи рақамӣ инсонҳоро он қадар ба ҳам наздик сохтааст, ки ҳар дақиқа тамоми мардуми сайёра аз пешрафтҳои як гӯшаи олам маълумот дастрас менамоянд.   Мавҷи маълумоти рӯзафзун, пеш аз ҳама, аз хонанда ва омӯзгори замони муосир талаб менамояд, ки дараҷаи тафаккури худро то ба ҳадде рушд диҳанд, то хубро аз бад ба осонӣ фарқ карда тавонанд. Барои ба ин мақсад ноил шудан хониш ва дарки мазмун зарур аст. Вобаста ба ин, барномаҳои хониш ва саводнокии хонандагон аз кӯдакистон то донишгоҳу донишкадаҳо сол ба сол такмил дода мешаванд. Зеро дарки олами атрофу ҳодисаҳои он аз хониши бошуурона ва таҳлили маълумот ба даст оварда мешавад.   Дар ин раванд вазифаи мураббиёни кӯдакистон, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва падару модарон ниҳоят муҳим аст. Чунки муҳити фароҳамоварда дар хона ва мактаб ба рушди зеҳнии хонандагон таъсири бевосита ва бавосита дорад. Хонандагон ҳамчун шахсият дар ин ду муҳит худро мешиносанд ва қадам ба қадам рушд медиҳанд. Ҳамчунин маводи таълимӣ низ ба рушди хонандагон таъсир мегузорад. Дар умум, барои рушди шахсияти кӯдакон дар зинаҳои гуногуни таҳсил якчанд унсуре мавҷуданд, ки ба ин ё он тариқ таъсири худро мегузоранд.   Бо мақсади муайян кардани сатҳи саводнокии хониш аз соли 2001 инҷониб аз тарафи Ассотсиатсияи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таҳсил дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳқиқоти байналмилалии саводнокии хониш ва дарки матн гузаронида мешавад. Ин таҳқиқот, қабл аз ҳама, бо мақсади муайян кардани сатҳи саводнокӣ ва дарки матн дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ барои хонандагони синфи 4 баргузор карда мешавад. Номи расмии арзёбӣ Progress in International Reading Literacy Study (PIRLS), яъне, таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хониш мебошад. Дар ин таҳқиқот матнҳо, ба монанди ҳикоя, саргузашт, қисса, афсона ва матнҳои маълумотӣ арзёбӣ карда мешаванд. Инчунин бо мақсади муайян кардани унсурҳои таъсиррасон ба раванди таълиму тарбияи хонандагон пурсишномаҳо бо иштироки падару модарон, омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон низ гузаронида мешаванд.   Ҳадафи асосии арзёбӣ таҳлили муқоисавии низоми маориф дар мамолики гуногун буда, таҷрибаҳои пешқадам дар самти фароҳам овардани таҳсили босифат барои амалӣ сохтани яке аз Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид «Таъмини таҳсилоти босифат дар ҳама зинаҳои таҳсил» байни кишварҳои аъзо табодул карда мешавад.   Ҳамин тариқ, натиҷаи таҳлили вазъи хониш ва саводнокии ҳар давлат ба таври алоҳида омода карда шуда, барои беҳтаргардонии низоми маориф ба ҷонибҳои манфиатдори соҳаи маориф пешниҳод мешавад. Дар асоси таҳлили натиҷаҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф якҷо бо Ҳукумати иҷроия қарори дахлдор қабул намуда, сиёсати давлатии худро дар самти маориф рушду тавсеа мебахшанд. Зеро хонандагон то синфи 4 барномаи таълимиро бояд он қадар хуб омӯзанд, ки дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил барои рушди дониш, малака, маҳорат ва худшиносии миллӣ ба хубӣ истифода намоянд. Яъне, хонандагон тавонанд тавассути хониш худро дар оянда соҳибмаълумот ва соҳибкасб намуда, дар бозори меҳнат мавқеи сазовор ёфта, аз лиҳози иқтисодӣ зиндагии хуб созанд ва дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳм гузоранд.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 дар қатори 60 кишвар иштирок намояд.   Мавриди тазаккур аст, ки то имрӯз дар ин самт якчанд фаъолият, ба мисли ба имзо расонидани Созишномаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таҳсил, таъсиси «Маркази миллии арзёбии PIRLS» ба ҳайси гурӯҳи корӣ дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор ҷалб намудани мушовирони миллӣ, таъсиси ҳайати Кумитаи тадорукот аз ҳисоби кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеъ, Агентии назорат дар соҳаи мориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд.   Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 бо дастгирии лоиҳаи «Муҳити таълим — асоси таҳсили босифат», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, татбиқ мегардад.   Давраи озмоиши арзёбии байналмилалии PIRLS моҳи март ва апрели соли 2025 тариқи технологияи иттилоотӣ бо истифода аз компютерҳои фардӣ ба нақша гирифта шуда, дар он зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS дар моҳи март ва апрели соли 2026 дар назар дошта шуда, натиҷаи он барои таҳлил ва баррасӣ дар соли 2027 дастраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид ва стратегияҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориро бо шарикони рушд пайваста тақвият бахшад. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои статегии Ҳукумати мамлакат кӯшишҳои хастагинопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа мебошанд.   Воқеан, чуноне ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, бояд барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсил барои насли наврас бояд аввалиндараҷа шароити мусоид муҳайё сохт.   Бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар кардани муҳити таълим ва омӯзиш дар асоси натиҷаҳои бадастомада қарорҳои зарурӣ қабул намуда, барои хонандагони ҷумҳурӣ боз ҳам шароити мусоидтару муассиртари таҳсил фароҳам меорад. Зеро заминаи мусоид гузоштан ба насли наврас барои дар оянда соҳибмаълумот ва соҳибкасб гардидани онҳо ва амалӣ кардани ҳадафҳои дарпешгузоштаи мамлакат мусоидат мекунад.   Хониши бошуурона тақозои ҳар давру замон буду ҳаст ва зарурати он дар замони муосир бештар мешавад. Зеро рушди мунтазам ва бо суръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир шароит фароҳам овардааст, ки дар он бе саводи таҳлилию интиқодӣ дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ фаъолият кардан ғайриимкон мегардад. Аз ин рӯ, мебояд дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорему дар ҳамбастагӣ барои наслҳои оянда давлати ободу осоишта ба мерос гузорем.   Дилшод САФАРЗОДА, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    25

    18.01.2025