20.02.2025
20-уми феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиш вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм ҳозиринро ба муносибати солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэтимоди давлату миллат ба шумор рафта, дар таъсис ва ташаккули он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи холӣ дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо иродаи миллӣ ва ҷонсупориҳои Пешвои миллат ба вуҷуд омада, дар мудати кутоҳ барои хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ саҳми сазовор гузошт.
Қайд гардид, ки артиши ҷавони мо, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ ва кашмакашиҳои сиёсӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, хомӯш намудани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат матонати шоиста аз худ нишон додааст.
Дар идома муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода оиди дирӯзу имрӯзи Артиши миллӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 32 соли таъсисёбӣ кафили амнияту якпорчагии кишвар буда, худро чун сипари боэътимоди давлату миллат муаррифӣ намуд.
Сипас, маърузаи сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат Файзуллозода Амонулло дар мавзуи «Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар пешрафти ҷомеа» шунида шуд.
Гуфта шуд, ки воқеан, Артиши миллӣ муҳофизи сулҳу субот ва таъминкунандаи фазои орому осудаи мамлакатамон мебошад ва он дар ҳоли ҳозир соҳиби техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ гардида, барои муқовимат бо тамоми таҳдидҳои беруна дар ҳолати омодабош қарор дорад.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиши идона бонувони дастгоҳи марказӣ дар васфи Ватан ва ҳифзи он аз эҷодиёти шоирони муосири тоҷик шеърҳо қироат намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон