11.04.2025

Имрӯз, 11- уми апрели соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ҳамоиши сиёсӣ- фарҳангӣ таҳти унвони “Ман дӯсту дӯстӣ гуфтам” баргузор гардид. Дар ҳамоиши имрӯза устодон кормандон ва донишҷӯёну магистратон бо пайгирӣ аз сиёсати сулофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Сафарзода Даврон Ҷурахон - ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ қайд намуд, ки имзои Эъломияи “Дӯстии абадӣ” аз чанд ҷиҳат барои давлатҳои минтақа аҳаммияти сиёсию таърихиро соҳиб аст. Аз нигоҳи консепсияи тамаддунию ҷуғрофии геополитикӣ ҳудуди Осиёи Марказӣ воҳиди тому ягонаи геополитикиро ташкил дода, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амниятии он бояд дар натиҷаи ҳамгироӣ ва ҳамзистии осишта таъмин карда шавад. Яъне давлатҳои минтақа ҳам аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва ҳам аз нигоҳи тамаддунӣ ба ҳам вобаста буда, танҳо дар натиҷаи ҳамгироӣ ва сулҳу дӯстии абадӣ таъмин карда мешаванд.
Гуфта шуд, ки Эъломияи мазкур якчанд баҳсҳои минтақавии марзиро аз қабили баҳси марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон, Узбекистону Тоҷикистон, Қирғизистону Узбекистон, ки давоми чанд даҳсола ҳалли худро талаб мекарданд, хотима гузошта шуданд. Махсусияти дигари ин Эъломияро бидуни миёнарав - давлат ва ё созмони дигар, имзо гардидани он ташкил медиҳад, ки ҳолати камназир дар муносибатҳои минтақавии ҳалли баҳсу низоъ ба шумор меравад. Бе миёнарав сурат гирифтани раванди Эъломияи “Дӯстии абадӣ” бозгӯи он аст, ки дар доираи имзои он манфиатҳои миллии давлатҳои аъзо ва халқи ҳамин минтақа ба инобат гирифта шуда, ҳимоя мегарданд, гуфт зимни суханронии худ ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон.
Дар ҳамоиш, директори маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Амирбекзода Назира, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ Сафарзода Некруз ва дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ Насруддинзода Меъроҷиддин доир ба аҳаммияти Эъломияи дӯстии абадӣ, таҳдиду хатарҳои навини геополитикии олам, рушду инкишофи ояндаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баромад намуда, Эъломияи Хуҷанд оид ба “Дӯстии абадӣ”-ро аҳаммияти муҳимми сиёсиву таърихӣ дониста, онро дар масири таърих замиани асосии рушду инкишофи минтақаи Осиёи Миёна арзёбӣ намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиши сиёсӣ - фарҳангӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагони кишвар пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.