10.04.2025

10-уми апрели соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти арзёбии байналмилалии PISA, ки аз 2 апрели 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, дидан намуд.
Зимни боздиди муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки арзёбии байналмилалии PISA бо фарогирии 6300 хонанда дар 160 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ ба таври расмӣ гузаронида мешавад.
Муовини вазири маориф ва илм бо иштирокдорони арзёбии мазкур вохӯрӣ анҷом дода, иброз дошт, ки шумо аввалин хонандагоне мебошед, ки дар арзёбии байналмилалии PISA иштирок намуда, маорифи миллииамонро дар миқёси ҷаҳонӣ бо натиҷаи ин арзёбӣ ҳимоя мекунед. Ҳамзамон, муовини вазири маориф ва илм зикр кард, ки мутобиқат намудани стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот бо стандарти таҳсилоти миллӣ ва истифодаи таҷрибаҳои давлатҳои пешқадам дар самти маориф ҷиҳати рушди бештари маорифи миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ якуми сентябри 2024 дар Рӯзи дониш қайд намуданд, ки “Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст”.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба озмоиши хурди ин арзёбиро дар 71 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо фарогирии 2272 нафар хонандагони сину соли аз 15,3-16,2 сола аз 6-уми май то 21-майи соли 2024 гузаронид, ки ин заминаи муҳим ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон PISA-2025 буд.
Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон - PISA - омӯзиши байналмилалие мебошад, ки соли 2000 оғоз шудааст. Ҳадафи он баҳодиҳии низоми таълим дар саросари ҷаҳон тавассути санҷиши малакаҳо ва донишҳои таълимгирандагони 15-сола дар кишварҳои ширкаткунанда мебошад ва аз соли 2000 беш аз 90 кишвар дар барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон - PISA ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва иштирок дар арзёбиҳои байналмилалӣ, айни ҳол дар 160 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо фарогирии 6300 хонанда арзёбии байналмилаии PISA ҷараён дорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон