05.12.2024

 img

4 декабри соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Саъдизода, сардорони раёсатҳои тандурустӣ Хушвақт Шарифзода, кор бо ҷавонон ваварзиш Бобохонзода Раҷабалӣ, кор бо занон ва оила Маҳмашарифзода Дилрабо, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, полковники милитсияи Сайдализода Файзалӣ Сайдалӣ, муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Давлатзода Азизулло, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сарпарастони соҳаи идеологӣ, кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати мушовара, кормандони Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли моликият ҷаласа доир ба таҳлили фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳисоли 2024 баргузор гардид.

 

Нахуст, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвақт Шарифзода дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, нақши бахшу раёсатҳои дахлдори шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани иттилоотнокии қишрҳои гуногуни аҳолӣ вобаста ба тарзи ҳаёти солим, аз ташхиси тиббӣ гузаронидани хонандагону омӯзгорон, машғул шудан ба варзиш, истифодаи хӯроки солим, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ҳолатҳои санитарии ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, эмгузаронӣ ва ташкил кардани ҳамоҳангсозӣ ва робитаи байнисоҳавӣ оид ба тарғибу ташфиқи ташаккули тарзи ҳаёти солим баромад намуданд.

 

Дар идома, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти кишварро дар ёздаҳ моҳи соли 2024 баромад намуд.

 

Зикр гардид, ки шуруъ аз моҳи июли соли 2024 ба ҳаҷми 40 дарсад зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, инчунин, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва корбарии масъулон ҷиҳати таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» бешак далели таваҷҷуҳи бесобиқаву доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ва фаъолияти омӯзгорӣ буда, суханронии Пешвои муаззами давлат ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи Дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии №19-и шаҳри Душанбе бори дигар ҳар ки мо аҳли маорифро ҳушдор месозад, ки барои сидқан иҷрои рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсият, саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар вазифадор ҳастем.

 

Таҳсилоти томактабӣ зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Роҳбарияти олии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хосатан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дошта, ҷиҳати рушди он ҳамасола тадбирҳои муассир андешида мешавад.

 

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025» то имрӯз 100 фоиз иҷро гашта, амалигардонии «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 - 2028» тибқи нақшаи идома дошта, ҷиҳати иҷрои «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» дар соҳаи маорифи пойтахт якчанд иқдомот амалӣ гаштааст.

 

Имрӯзҳо базаи моддӣ – техникии аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ тавассути Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, таҷҳизотҳо ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешаванд.

 

Муваффақияти дигари соҳаи маорифи пойтахт ин пеш аз ҳама ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон тавассути Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе мебошад.

 

Исмоилзода Баҳром вобаста ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати наврасону ҷавонон, бедор сохтани ҳисси ифтихори миллӣ дар ниҳоди онҳо ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ омўзонидани ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ рисолати ҳар як омўзгор, пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, фарҳанги бегона, татбиқи Барномаи электронии “eDonish” ва омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба давраи зимистони солҳои 2024-2025 таъкид намуданд.

 

Дар идома Исмоилзода Баҳром қайд намуданд, ки аҳли маорифи пойтахт баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиќи амалии вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда, бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иқдомҳои маорифмеҳваронаи шаҳрдорӣ аз тамоми имконоту шароити пойтахти кишвар самаранок истифода намуда, рисолати касбиву инсонии худро дар назди Ватан, ҷомеа, наслҳои имрӯзу фардо содиқона иҷро менамоянд.

 

Зеро аҳли маориф ҳамовоз ва руҳбаланд аз иқдомҳои наҷибу созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, ғамхориҳои рузафзуни шаҳрдорӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро бори дигар вазифадор менамояд, ки фаъолиятамонро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро вобаста ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем.

 

Дар ҷамъбаст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур изҳори боварӣ намуданд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд гардидани сифати таълиму тарбия, минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ фаъолият менамоянд.

 

Дар охир, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ба музокира баромада, андешаҳои худро доир ба масъалаи баррасишаванда иброз намуданд.

 

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ

ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЁЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2024 img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЁЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2024 img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЁЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2024 img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЁЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2024 img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЁЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2024 img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЁЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2024 img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЁЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2024 img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЁЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2024 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи ҶДММ Шаҳдоб дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ Шаҳдоб оғоз бахшиданд.   Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фатҳулло Соҳибов дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар заминаи дастгирии соҳибкории хусусӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли нушобаҳо ва маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.   Корхона дорои се хатти технологӣ буда, дар ду хатти аввал оби нӯшокию дигар нушобаҳо ва дар хатти сеюм маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мешавад.   Зимни шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, аз ҷумлаи таҷҳизоти муосири каммасрафи неруи барқ мебошанд.   Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии ду хатти аввал дар як шабонарӯз 400 ҳазор зарфро ташкил медиҳад. Обу нушобаҳо дар зарфҳои ҳаҷмашон аз 500 миллилитр то 10 литр истеҳсол шуда, бо тамғаи Шаҳдобя ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.   Маҳсулоти корхона бо таъму накҳати гуногун аз меваю сабзавот ва гиёҳҳои хушбӯй истеҳсол мешавад. Дар маҷмуъ, дар ин ҷо наздик ба 50 навъи нушобаҳо истеҳсол гардида, бо таъму сифати муносиб ба истеъмолкунандагон пешниҳод мегардад.   Сифат ва бехатарии маҳсулот дар озмоишгоҳи корхона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир санҷида мешавад. Ин раванд бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои малакаи баланди касбӣ сурат мегирад.   Хатти сеюми технологӣ барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 3 тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулот дар 15 навъу номгӯй бо тамғаи Шириниҳои Шукрона истеҳсол гардида, ба бозорҳои истеъмолӣ бароварда мешавад.   Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи Шаҳдоб барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба сокинони маҳаллӣ низ замина гузоштааст. Дар ин ҷо 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.   Бо мақсади истифодаи самараноки неруи барқ дар болои биноҳои истеҳсолӣ панелҳои офтобӣ насб шудаанд. Иқтидори лоиҳавии низоми мазкур 150 киловаттро ташкил дода, имкон медиҳад, ки масрафи неруи барқ то 10 дарсад коҳиш дода шавад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкор Фатҳулло Соҳибовро дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ, ба фаъолият оғоз намудани чунин корхонаҳо ба зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар мусоидат намуда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Тибқи нақшаҳои соҳибкор Фатҳулло Соҳибов, дар шафати корхонаи мавҷуда сохтмони иншооти нави саноатӣ пешбинӣ шудааст. Корхонаи нав дар масоҳати 1,2 гектар бунёд гардида, дар он истеҳсоли 23 намуди маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ба истифода додани иншоот ҳудуди 120 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.   Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 тонна маҳсулотро ташкил дода, муҳлати пешбинишудаи сохтмони он 1 сол мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонида, иншоотро сари вақт мавриди истифода қарор диҳанд.

    18

    27.10.2026
  •  img
    Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне 27 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд.   Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонк, рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имкониятҳои густариши сармоягузорӣ баррасӣ гардид.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонкро яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар рушди иқтисод, инфрасохтор ва бахши хусусӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос карданд.   Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Бонк аз соли 1993 идома дошта, шумораи лоиҳаҳои он дар Тоҷикистон ба 201 ва ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба беш аз 1,1 миллиард евро расидааст.   Аҳамияти Ёддошти тафоҳуми байни Тоҷикистон ва Бонк оид ба Харитаи роҳи стратегии бисёрсолаи сармоягузорӣ барои солҳои 2026–2030 ба маблағи 900 миллион доллар таъкид шуд.   Ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои «энергетикаи сабз», аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо ҷалби сармояи хусусӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Президенти кишвар аҳамияти чунин лоиҳаҳоро барои таъмини боэътимоди аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқ ва афзоиши содироти неруи тоза ба кишварҳои минтақа таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки имкониятҳои иштироки Бонк дар маблағгузории онҳо баррасӣ шаванд.   Навсозии шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва коҳиши талафоти неру низ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.   Сарвари давлат зарурати афзоиши маблағгузории мустақим ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва тавсеаи дастрасии соҳибкорони хурду миёна, махсусан дар ноҳияҳо, ба маблағҳои дарозмуҳлат бо шартҳои дастрасро таъкид намуданд. Густариши маблағгузорӣ бо пули миллӣ ва омодасозии корхонаҳои ватанӣ ба барориши вомбаргҳо низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.   Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тоза, навсозии низомҳои корезу обёрӣ, такмили идоракунии корхонаҳои давлатӣ ва омодасозии лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва рақамикунонӣ низ аз мавзуъҳои суҳбат буд. Ҷалби грантҳо ва кумакҳои техникӣ барои лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва иқлимӣ муҳим дониста шуд.   Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар омодагии Тоҷикистонро ба густариши ҳамкории судманду дарозмуддат бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таъкид намуданд.

    18

    27.10.2026
  •  img
    Гузоштани санги асоси бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе 27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.   Бунёди 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва дар асоси Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, чун тарҳҳои муосири шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад, ки ояндаи наздик имконоту шароити муосирро аз ҷиҳати инфрасохтор ва коммуникатсия муҳайё месозанд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳа нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар умум 850 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат сохта мешавад, ки паҳноии ҳар як хатти ҳаракат мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сеюним метрро ташкил хоҳад дод.    Гардишҳои роҳи дусатҳа бо 3 хатти ҳаракат ва риояи талаботи байналмилалӣ бунёд хоҳанд шуд.   Ҳамчунин ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳаи дигар, ки дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров бунёд карда мешавад дар умум 4 ҳазору 300 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат тибқи стандарҳои байналмилалӣ сохта мешаванд.   Дар қитъаҳои алоҳидаи хиёбони Саъдии Шерозӣ барои нақлиёти истифодаи умум – автобусу тролейбус хатҳои махсуси ҳаракат ҷудо карда мешаванд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонии  2 эстакада ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, ки дар муҳлати 2 сол анҷом дода мешавад, навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла хати оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, барқ, равшанидиҳӣ, сабзкории гулгашту роҳравҳо бо сифати баланд анҷом дода хоҳанд шуд.   Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо арзиши ҳудуди 1 миллиард сомонӣ  аз ҷониби паймонкорон ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Ширкати муҳандисию сохтмонии шаҳрсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамоҳангсоз Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.   Зимни муаррифии Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки азнавсозии пули мошингузар аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ амалӣ гардида, пули мошингузар бо дарозии 115 метр ва паҳноии 40 метр аз ҳар ду самт, 8 хатти ҳаракат ва 100 тонна иқтидори вазнбардорӣ бунёд мегардад.   Дар сохтмон ва азнавсозии пули мошингузар 80 болори мустаҳкам ва босифат сохта, истифода карда мешавад, ки аз он 40 болор 24 метрӣ ва 40 тои дигар 33 метрӣ мебошанд.   Сохтмони 2 роҳи дусатҳа дар нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев ва дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, инчунин азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ бо мақсади амалинамоии лоиҳаҳои ҷадиди шаҳрсозӣ, бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати бемамониати ронандагону пиёдагардон мебошад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳҳои дусатҳаву сесатҳа, мутобиқ гардонидани роҳҳои пойтахти ҷумҳурӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, низоми шаҳрсозӣ ва ташаккули инфрасохтори шаҳри Душанберо шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ва роҳсозон дастур доданд, ки пеш аз ҳама ба муҳлати татбиқи лоиҳа, сифати масолеҳ ва корҳои сохтмонӣ таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то чунин иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.

    20

    27.10.2026