24.09.2025

23 сентябри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Дастгирии рушди соҳаи маориф тавассути татбиқи марҳилаи дуюми ислоҳоти барномаҳои таълимӣ ва таҳияи китобҳои дарсӣ» бо иштироки роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Наоко Ҳосака, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.
Муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки татбиқи ҳамаҷониба ва ҳамоҳангшудаи марҳилаи дуюми ислоҳоти барномаҳои таълимӣ дар заминаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд, мутобиқсозии мазмуну мундариҷаи таҳсилот бо талаботи стратегияи миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ, таҳкими иқтидори омӯзгорон тавассути барномаҳои такмили ихтисос, инчунин таҳияи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии ҷавобгӯ ба ниёзҳои синфҳои ибтидоӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар маҷмуъ ба беҳтарсозии сифати таҳсилот ва таҳкими пояҳои низоми миллии маориф мусоидат хоҳад кард.
Ҷаласа бо ҳадафи баррасии ҷараёни татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа, арзёбии пешравиҳо ва мушкилоти ҷойдошта, ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти тарафҳо, инчунин мутобиқсозии ҳадафҳои стратегии миллӣ бо ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор, таҳияи харитаи роҳ ҷиҳати татбиқи самараноки барномаҳо ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории ҷаласа иштирокчиён ба таври ҳамаҷониба масъалаҳои марбут ба таҳияи маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ, таҳкими иқтидори омӯзгорон тавассути такмили ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани сатҳи истифодаи самараноки маводи таълимӣ дар синфҳои поёнӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва шарикони рушд, инчунин таҳкими сифат ва устувории низоми таҳсилотро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.
Иштирокчиён ҳамчунин масъалаҳои такмили механизмҳои идоракунӣ, таҳкими низоми мониторинг ва арзёбӣ, густариши ҳамкории судманд бо созмонҳои байналмилалӣ ва боло бурдани самаранокии татбиқи лоиҳа ва барномаҳои таълимиро мавриди баррасии муфассал қарор дода, изҳор доштанд, ки иқдоми амалӣ дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа барои таҳкими пояҳои низоми миллии маориф ва расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди соҳа мусоидати назаррас хоҳанд намуд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда, мубодилаи таҷриба ва татбиқи ҳамоҳангшудаи ислоҳот бо дарназардошти хусусиятҳои миллии низоми таҳсилоти кишвар таъкид намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон