24.09.2025

23 сентябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи навбатии платформаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои об, санитарӣ ва гигиенӣ дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои марбута, ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ширкат намуданд.
Дар оғози ҷаласа муовини вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, баён дошт, ки ҳадафи асосии ташкили чунин нишастҳо муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо шароити мусоиди санитарӣ ва гигиенӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои беҳтар намудани дастрасии хонандагон ва омӯзгорон ба хизматрасониҳои соҳа мебошад.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда дар самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар мактабҳо муаррифӣ гардида, масоили вобаста ба таъмини дастрасии хонандагон ба оби ошомидании тоза ва ташаккули одатҳои дурусти гигиенӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки фаъолияти самараноки платформаи ҳамоҳангсозӣ аз соли 2021 инҷониб боиси рушди ҳамкории соҳаи маориф ва шарикони рушд гардида, мусоидат менамояд, то ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шароити зарурии санитарӣ ва гигиенӣ фаро гирифта шаванд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд то имрӯз дар қисме аз муассисаҳои таълимӣ шароити санитарӣ ва гигиенӣ беҳтар карда шуда, барномаҳои омӯзишиву иттилоотӣ оид ба истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои об роҳандозӣ шудаанд. Ҳамзамон, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии хонандагон, муаллимон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар рафти ҷаласа роҳҳои минбаъдаи густариши ҳамкорӣ ва нақшаҳои корӣ то охири сол баррасӣ гардида, пешниҳоди мушаххаси шарикони рушд дар самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар мактабҳо ироа гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид карда шуд, ки Вазорати маориф ва илм ҳамкориро бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд дар ин самт идома дода, барои бартараф намудани мушкилот ва фароҳам овардани муҳити солиму мусоид дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон