16.04.2025

16 апрели соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, муовинони вазири маориф ва илм, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизэн, директори «Алиф Бонк» Гуланор Атобекова, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок доштанд.
Дар оғози кори конфренсия иштирокдорон аз намоишгоҳи озмоишгоҳҳои иноватсионии марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боздид намуданд. Сипас зимни ифтитоҳи конфренсия муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, зикр намуд, ки низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар эътироф гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар ислоҳоти он пайгирона ва бомаром идома ёфта истодааст.
Сипас вазири маориф ва илм қайд кард, ки мақсад ва ҳадафи фаъолияти низоми маорифи дилхоҳ кишвар, пеш аз ҳама ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва давлату миллат равона шуда, масъалаи рушди касбият ва таҳкими захираҳои инсонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаётан муҳимми ин соҳа ба шумор меравад. Бо дарки амиқи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатии иҷтимоии хеш дасгирии пайвастаро ҷорӣ намуда, навгониҳои олами илму таҳсилотро ба низоми таҳсилоти миллӣ яке аз шартҳои асосии баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва дар ин замина, ба камол расонидани насли наврасу соҳибихтиёрро калиди муваффақияти аҳли илму маориф медонанд.
Дар идома, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар ва дигар иштирокдорони ҷаласа суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки тавассути ҳамкориҳои муштараки байни Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар шарикони рушд, ташаббуси «Аз таҳсил ба даромад»-ро роҳандозӣ намудаанд. Ин ташаббус на танҳо як барнома, балки як биниш аст, ки дар он ҳар як ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва салоҳиятҳои заруриро барои табдил додани таҳсилот ба даромад ба даст меорад ва норасоии муҳимми байни таҳсил ва шуғлро бартараф месозад ва ҷавонони моро бо абзорҳое, ки барои комёб шудан дар ҷаҳони босуръат тағйирёбанда зарур аст, мусаллаҳ мегардонад.
Дар ҷараёни конференсия, натиҷаҳо ва таҷрибаҳои татбиқи лоиҳаи «Такмили маҳорату малакаҳои наврасон барои гузариш аз муҳити таълимӣ ба бозори меҳнат»-ро, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки барномаи мазкур беш аз 43000 наврасу ҷавонро фаро гирифта, заминаи мусоиди рушди захираҳои инсонӣ ва гузариш ба бозори меҳнатро фароҳам сохтааст.
Бояд гуфт, чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои марбут ба рушди малакаҳои наврасону ҷавонон дар заминаи муносибати босалоҳият ба таълим, рақамикунонии соҳаи маориф ва таҳкими нақши таҳсилоти миёнаи касбӣ бахшида шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон