23.04.2025

23 апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи конференсия муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода иброз намуд, ки истиқбол аз Рӯзи илми тоҷик арҷгузорӣ ба заҳмати олимону муҳаққиқон ва таҳкими нақши илм дар ҷомеа мебошад. Маҳз тавассути густариши фаъолияти илмӣ метавонем рушди устувори соҳаҳои мухталифро таъмин намоем ва неруи зеҳнии кишварро самаранок истифода барем.
Муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ рушди фаъолияти босамари ҳамаи сохторҳои ҷамъиятии кишварро таъмин намуда, болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолиро давра ба давра таъмин намуда истодааст. Маҳз бо шарофати ин неъмати бузург ва сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро боло бурд. Таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар Паём ва вохӯриҳояшон бо аҳли зиё ва маърифат, эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, идомаи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, оғози озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ, баланд гардидани маблағгузории стипендияҳо аз ҷумлаи корҳоеанд, ки минбаъд идома меёбанд, ки дар пешрафти илм ва фановарӣ дастури саривақтӣ мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати илм ва инноватсия Аҳмадҷон Раҳмонзода дар мавзуи «Илми мактаби олӣ: мушкилот ва дурнамо», доктори илмҳои техникӣ ва муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Заррина Яминзода дар мавзуи «Нақши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар тавсеаи фазои илмии кишвар» ва доктори илмҳои филологӣ Фаёзҷон Турсунов дар мавзуи «Ҳидоятҳои Пешвои миллат дар таҳкими неруи забондонӣ ва бозсозии методологияи таълим» баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия тибқи талаботи ҷаҳони муосир ва иқтисодиёти миллии кишвар ба роҳ монда шуда, таъмини соҳаҳои иқтисодиёти иҷтимоии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ, пайванди натиҷаҳои илм бо истеҳсолот, ҳамоҳангсозии корҳои навовариву ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ дастгирии неруи илмию таҳқиқотчиён самти афзалиятнок дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дониста шудааст. Масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, як мавзуи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст. Маҳз таваҷҷуҳ ва талошҳои рӯзафзуни Сарвари давлат имконият фароҳам овардааст, ки дар давоми чанд соли охир як қатор мушкилоти соҳаи илму маориф роҳи ҳалли худро пайдо намуда, заминаи муҳиме барои пешрафти соҳа муҳайё гардад.
Конференсия бо музокираҳои фаъол ва мубодилаи афкор байни иштирокчиён идома ёфт. Мавзуъҳои муҳимми марбут ба рушди илм, ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимию илмӣ ва такмили низоми таълими илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбаст иштирокчиён пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро барои боз ҳам беҳтар гардонидани фазои илмии кишвар баён намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон