22.04.2025

22 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.
Дар оғоз, муовини якуми вазир ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, изҳор дошт, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ шуда истодааст.
Зимни ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2022, №305) ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм дар ин замина (фармоиши ВМИ ҶТ аз 20.07.2022, №1058) мавриди муҳокима қарор гирифт.
Масъалаҳои муҳиме чун сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма, баргузор намудани конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, семинар, мизи мудаввар, вохӯриҳо вобаста ба мавзуи Истиқлол ва нақши он дар рушду нумӯи кишвар, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ободониву тозагии гирду атрофи муассисаҳо, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ, таҳия ва ба табъ расонидани китобҳои «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди таҳсилот дар Тоҷикистон» ва «Рушди маориф дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ», бештар намудани ихтисосҳои нав ва серталаб дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои пешрафтаи дунё, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар, ташвиқу тарғиби дастовардҳои соҳаи маориф, чопи мақолаҳои илмӣ ва таҳлилию тарғиботӣ, инчунин баргузории конфронсҳо ва вохӯриҳо бо ҷалби аҳли илму маориф баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом, муовини якуми вазири маориф ва илм ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ташвиқи мазмун ва моҳияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма, вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ва боло бурдани сифати таълиму тарбияи насли наврас ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон