22.04.2025

 img

Имрӯз, 22-юми апрел дар маҷлисгоҳи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, бо ҳадафи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои банди 10-и Нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм оид ба амалигардонии қонуни мазкур ҷиҳати ҳифзи рукнҳои фарҳангӣ ва тарғиби либоспӯшии миллӣ Шурои бонувони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо баргузор карда шуд.

 

Кори Шуроро раиси Шурои бонувони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Сафарова З. ифтитоҳ намуда, маърӯзаро дар мавзуи “Саҳми Шурои бонувон дар пешрафти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан-модар” қироат намуданд.

 

Пас аз он, мутобиқи рӯзномаи Шуро намояндагон аз марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ бобати аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷойгоҳи занон дар посдошти фарҳанги миллии тоҷикон суханронӣ намуданд.

  • БОНУВОН - ПОСДОРОНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ: БАРГУЗОРИИ ШУРОИ БОНУВОНИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО img
  • БОНУВОН - ПОСДОРОНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ: БАРГУЗОРИИ ШУРОИ БОНУВОНИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО img
  • БОНУВОН - ПОСДОРОНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ: БАРГУЗОРИИ ШУРОИ БОНУВОНИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК 23 апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.   Зимни ифтитоҳи конференсия муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода иброз намуд, ки истиқбол аз Рӯзи илми тоҷик арҷгузорӣ ба заҳмати олимону муҳаққиқон ва таҳкими нақши илм дар ҷомеа мебошад. Маҳз тавассути густариши фаъолияти илмӣ метавонем рушди устувори соҳаҳои мухталифро таъмин намоем ва неруи зеҳнии кишварро самаранок истифода барем.   Муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ рушди фаъолияти босамари ҳамаи сохторҳои ҷамъиятии кишварро таъмин намуда, болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолиро давра ба давра таъмин намуда истодааст. Маҳз бо шарофати ин неъмати бузург ва сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро боло бурд. Таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар Паём ва вохӯриҳояшон бо аҳли зиё ва маърифат, эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, идомаи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, оғози озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ, баланд гардидани маблағгузории стипендияҳо аз ҷумлаи корҳоеанд, ки минбаъд идома меёбанд, ки дар пешрафти илм ва фановарӣ дастури саривақтӣ мебошад.   Дар идомаи ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати илм ва инноватсия Аҳмадҷон Раҳмонзода дар мавзуи «Илми мактаби олӣ: мушкилот ва дурнамо», доктори илмҳои техникӣ ва муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Заррина Яминзода дар мавзуи «Нақши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар тавсеаи фазои илмии кишвар» ва доктори илмҳои филологӣ Фаёзҷон Турсунов дар мавзуи «Ҳидоятҳои Пешвои миллат дар таҳкими неруи забондонӣ ва бозсозии методологияи таълим» баромад намуданд.   Гуфта шуд, ки татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия тибқи талаботи ҷаҳони муосир ва иқтисодиёти миллии кишвар ба роҳ монда шуда, таъмини соҳаҳои иқтисодиёти иҷтимоии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ, пайванди натиҷаҳои илм бо истеҳсолот, ҳамоҳангсозии корҳои навовариву ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ дастгирии неруи илмию таҳқиқотчиён самти афзалиятнок дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дониста шудааст. Масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, як мавзуи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст. Маҳз таваҷҷуҳ ва талошҳои рӯзафзуни Сарвари давлат имконият фароҳам овардааст, ки дар давоми чанд соли охир як қатор мушкилоти соҳаи илму маориф роҳи ҳалли худро пайдо намуда, заминаи муҳиме барои пешрафти соҳа муҳайё гардад.   Конференсия бо музокираҳои фаъол ва мубодилаи афкор байни иштирокчиён идома ёфт. Мавзуъҳои муҳимми марбут ба рушди илм, ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимию илмӣ ва такмили низоми таълими илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар ҷамъбаст иштирокчиён пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро барои боз ҳам беҳтар гардонидани фазои илмии кишвар баён намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    61

    23.04.2025
  •  img
    Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.   Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Илҳомиддин Муовини вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд.   Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии  Вазорати корҳои дохилӣ, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногун кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону варзида таъин карда шуданд. Сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Панҷакент, Гулистон, Конибодом, Левакант, ноҳияҳои Муминобод, Данғара, Хуросон, Шаҳритус, Ёвон, Балҷувон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Ванҷ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз ҳисоби мутахассисони варзида таъин гардиданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон   ҳидоят намуда, ба онҳо доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу тартибот, волоияти қонун ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дар асоси савганди садоқати худ ва қонунгузории кишвар дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.   Таъкид гардид, ки ба одоби муошират бо мардум, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ ва истифодаи техникаю технологияҳои муосири иттилооотӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, назорати татбиқи ҳамаҷонибаи талаботи нави қонунгузорӣ дар истифодаи дурусти неруи барқ, аз раванди таълиму тарбия дур намондани насли наврас ва ба хусус ба тарбия ва забономӯзии кадрҳои ҷавон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

    96

    22.04.2025
  •  img
    БАРРАСИИ ИҶРОИ НАҚША-ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ 22 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.   Дар оғоз, муовини якуми вазир ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, изҳор дошт, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ шуда истодааст.   Зимни ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2022, №305) ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм дар ин замина (фармоиши ВМИ ҶТ аз 20.07.2022, №1058) мавриди муҳокима қарор гирифт.   Масъалаҳои муҳиме чун сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма, баргузор намудани конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, семинар, мизи мудаввар, вохӯриҳо вобаста ба мавзуи Истиқлол ва нақши он дар рушду нумӯи кишвар, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ободониву тозагии гирду атрофи муассисаҳо, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ, таҳия ва ба табъ расонидани китобҳои «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди таҳсилот дар Тоҷикистон» ва «Рушди маориф дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ», бештар намудани ихтисосҳои нав ва серталаб дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои пешрафтаи дунё, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар, ташвиқу тарғиби дастовардҳои соҳаи маориф, чопи мақолаҳои илмӣ ва таҳлилию тарғиботӣ, инчунин баргузории конфронсҳо ва вохӯриҳо бо ҷалби аҳли илму маориф баррасӣ гардиданд.   Дар фарҷом, муовини якуми вазири маориф ва илм ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ташвиқи мазмун ва моҳияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма, вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ва боло бурдани сифати таълиму тарбияи насли наврас ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    68

    22.04.2025