20.06.2025

20 июни соли равон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз, муовини якуми вазир ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ, зарур аст, фаъолияти мақсадноки сохторҳои маориф таҳким бахшида шавад.
Дар ҷаласа сараввал, масъалаи иҷрои “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гузоришро сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Шарофиддин Асомиддинзода манзур намуда, ҷараёни амалисозии тадбирҳои марбут ба муосирсозии инфрасохтори таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумиро шарҳ дод.
Дар идома, суханронии директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” Муҳаммад Ғаффорзода вобаста ба натиҷаҳои олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагон дар соли 2025 таҳлил гардида, дар ин замина доир ба раванди ташкили марҳилаҳои олимпиада ва дастовардҳои хонандагон маълумоти муфассал шунида шуд.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои матраҳгардида иброз дошт, ки ҳар як самти мавриди муҳокима, аз муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ то натиҷаҳои олимпиадаҳо нишондиҳандаи сатҳи татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки талабот ба таҳсили босифат ва рақобати зеҳнӣ босуръат меафзояд, таҳкими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ бояд самти афзалиятноки фаъолияти масъулин қарор гирад. Муовини якуми вазир аз сардорону кормандони дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои тобеъ ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаб намуд, ки дар фаъолияти рӯзмарраашон ташаббускорӣ, таҳлили амиқи раванди татбиқи нақшаҳо ва назорати пайвастаи сатҳу сифати таълимро дар мадди аввал гузоранд.
Зикр шуд, ки танҳо тавассути муносибати ҷиддӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамоҳангии муназзами сохторҳо метавон иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, заминаи мусоиди рушди низоми миллии маорифро фароҳам овард.
Қисмати ниҳоии ҷаласа ба масъалаи иҷрои корҳои сохтмонии иншооти соҳаи маориф, ки дар доираи маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Вазорати маориф ва илм татбиқ мешаванд, бахшида шуда, гузориши сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Бахтовар Файзуллозода шунида шуд. Дар он раванди корҳои сохтмонӣ, мӯҳлат, сифат ва анҷоми сохтмони муассисаҳо бо истифода аз рӯнамо мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар фарҷом, муовини якуми вазири маориф ва илм барои татбиқи пурраи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани раванди таҷҳизонидану бунёдкории муассисаҳои таълимӣ, иштироки бештари хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таҳлили мунтазами натиҷаҳои олимпиадаҳо ва боло бурдани сатҳи омодагии кадрӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон