20.06.2025

 img

 

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

 

Бинои тозабунёди Маркази ташхису табобат ва таълим дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

 

Иншоот дар масоҳати 0,83 гектар замин қомат афрохта, худи бино 3 ҳазору 680 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

 

Корҳои сохмтонӣ дар Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 оғоз гардида, бо риояи талаботи  муосири соҳавӣ бунёд карда шудааст.

 

 Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи ҷавонӣ” сомон ёфта, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

 

Саҳн ва атрофи бинои Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.

 

Дар ин иншоот толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ,  анестезиологӣ,  хунгирӣ,  ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва   озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст.

 

Ҳуҷраҳои корию санҷишгоҳҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ин баъд барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог,  гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чамш ҷой дода шудаанд. Маркази имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати таббӣ расонад.

 

Дорухонаи гиёҳҳои шифобахш, озмоишгоҳи омода намудани маводи доруворӣ аз рӯйи дорухат, ҳашт синфхонаи дарсӣ барои машғулиятҳои лексионӣ ва ҳуҷраҳои корӣ қисмҳои алоҳидаи иншоот мебошанд.

 

Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар марказ минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи донишгоҳ истифода бурда шуда, ба боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии доиншҷӯён мусоидат менамояд.

 

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои  омода намудани ворисони арзандаи Сино дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

 

 

https://president.tj/event/news/51226

  • Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ 20 июни соли равон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Дар оғоз, муовини якуми вазир ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ, зарур аст, фаъолияти мақсадноки сохторҳои маориф таҳким бахшида шавад.   Дар ҷаласа сараввал, масъалаи иҷрои “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гузоришро сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Шарофиддин Асомиддинзода манзур намуда, ҷараёни амалисозии тадбирҳои марбут ба муосирсозии инфрасохтори таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумиро шарҳ дод.   Дар идома, суханронии директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” Муҳаммад Ғаффорзода вобаста ба натиҷаҳои олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагон дар соли 2025 таҳлил гардида, дар ин замина доир ба раванди ташкили марҳилаҳои олимпиада ва дастовардҳои хонандагон маълумоти муфассал шунида шуд.   Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои матраҳгардида иброз дошт, ки ҳар як самти мавриди муҳокима, аз муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ то натиҷаҳои олимпиадаҳо нишондиҳандаи сатҳи татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки талабот ба таҳсили босифат ва рақобати зеҳнӣ босуръат меафзояд, таҳкими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ бояд самти афзалиятноки фаъолияти масъулин қарор гирад. Муовини якуми вазир аз сардорону кормандони дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои тобеъ ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаб намуд, ки дар фаъолияти рӯзмарраашон ташаббускорӣ, таҳлили амиқи раванди татбиқи нақшаҳо ва назорати пайвастаи сатҳу сифати таълимро дар мадди аввал гузоранд.   Зикр шуд, ки танҳо тавассути муносибати ҷиддӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамоҳангии муназзами сохторҳо метавон иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, заминаи мусоиди рушди низоми миллии маорифро фароҳам овард.   Қисмати ниҳоии ҷаласа ба масъалаи иҷрои корҳои сохтмонии иншооти соҳаи маориф, ки дар доираи маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Вазорати маориф ва илм татбиқ мешаванд, бахшида шуда, гузориши сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Бахтовар Файзуллозода шунида шуд. Дар он раванди корҳои сохтмонӣ, мӯҳлат, сифат ва анҷоми сохтмони муассисаҳо бо истифода аз рӯнамо мавриди таҳлил қарор гирифт.   Дар фарҷом, муовини якуми вазири маориф ва илм барои татбиқи пурраи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани раванди таҷҳизонидану бунёдкории муассисаҳои таълимӣ, иштироки бештари хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таҳлили мунтазами натиҷаҳои олимпиадаҳо ва боло бурдани сатҳи омодагии кадрӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    25

    20.06.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» дар шаҳри Душанбе   20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд.   Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати 15 моҳ ҷавобгӯи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст.   Муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бо тарҳи муосир ва харҷи 20 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шуда, дар вақти сохтмони он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.   Муассисаи тозабунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, машғул шудани онҳо бо бозиҳои гуногуни шавқовар ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.   Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.    Дар кӯдакистони нав 24 парастор ва кормандони соҳаи педагогӣ ва 21 корманди маъмуриву техникӣ дар маҷмуъ 45 нафар ба кор таъмин шудаанд.    Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 12 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои хоб, ҳаммом, толорҳои варзишӣ, мусиқӣ, рақс, хореографӣ, рассомӣ, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон фароҳам оварда шуда, он дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ ва босаводу донишманд гардонидани онҳо ҳидоят намуданд.   Мувофиқи нақшаи генералӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.   Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.   Дар ин замина қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири ҳамин сол дар пойтахт 10 кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.   https://president.tj/event/news/51222

    24

    20.06.2025
  •  img
    Муҳаммад Тариқ Хан: Соҳаи маорифи Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст   14 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби васеи шарикони рушд, сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи кории Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ оид ба баррасии масъалаҳои афзалиятноки соҳаи маориф баргузор гардид. Дар кори он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сохторҳои гуногуни соҳаи маориф, инчунин, шарикони рушд иштирок доштанд. Бо истифода аз фурсат, бо роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ва сарпарасти Тоҷикистон, ҷаноби Муҳаммад Тариқ Хан суҳбати анҷом додем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон менамоем.   Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 узви Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф мебошад. Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ташкилоти байналмилалие мебошад, ки бо мақсади дастгирии давлатҳо барои беҳтар намудани сатҳи маориф ва таълим, махсусан, дар мамлакатҳои рӯ ба рушд амал мекунад.   – Ҷаноби Муҳаммад Тариқ Хан, 8 сол дар Тоҷикистон кору фаъолият намудед ва дар ин муддат бо фазои таҳсилот ба хубӣ шинос шудед. Лутфан, мегуфтед, ки соҳаи маорифи Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?   – Дар давоми 8 соли охир соҳаи маорифи Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Бо роҳбарию роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад ва ҳамаи кӯдакон ба таҳсилоти босифат дастрасӣ доранд. Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки ҳамасола маблағгузорӣ ба соҳаи маорифро афзоиш медиҳад. Соли 2022 дар кишвар Созишномаи шарикии «КОМПАКТ» ба роҳ монда шуд, ки дар асоси он аз омӯзиши ба омӯзгор нигаронидашуда ба омӯзиш ё таълими ба хонанда нигаронидашуда мегузарем. Ин ҳама нишондиҳанда аз пешрафти бомароми соҳа шаҳодат медиҳанд.   – Ба андешаи шумо ҳамчун як мутахассиси сатҳи байналмилалӣ, Тоҷикистон кадом қадамҳои устувор ё корҳои мушаххасро бояд анҷом диҳад, то низоми таҳсилот ҷабобгӯ ба сатҳи маорифи ҷаҳонӣ шавад?   – Барои расидан ба сатҳи маорифи ҷаҳонӣ Тоҷикистон аллакай як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст. Аммо мо хуб медонем, ки ҳар як пешрафт боз монеаҳоеро ба вуҷуд меорад. Барои мисол, вақте ки Нақшаи миёнамуҳлати Созишномаи шарикии «КОМПАКТ»-ро баррасӣ кардем, баъзе самтҳои фаъолияте муайян карда шуданд, ки дар оянда бояд таҳким бахшида шаванд. Мо дар ин самт дар бораи харитаи роҳ оид ба таҳсилоти босалоҳият, инчунин, беҳтар кардани ҳамоҳангсозӣ дар байни ҳукумат ва шарикон суҳбат кардем. Ин кор ба хотири он анҷом дода мешавад, ки лоиҳаҳо такрор нашаванд ва ҳар як лоиҳа як самти фаъолияти муайян дошта бошад. Ба сармоягузорӣ ва тааҳҳудоти зиёд бояд боварӣ ҳосил кунем, ки бояд сарфакорӣ вуҷуд дошта бошад ва ҳар як қадами фаъолият мақ­саднок гузошта шавад. Барои мисол, ба 2 ҳолат назар мекунем:   Якум, низоми идоракунии иттилоот. Бубинед, ки на танҳо шарикон, балки ҳамаи ниҳодҳо ба ҳам пайванд мешаванд. Инчунин, сохтмони мактабҳои зиёде идома ёфта истодааст, чаҳорчӯб ва стандартҳои ягона дорем, ки ба таълими кӯдакдӯстона, масъалаҳои тағйироти иқлим ва давомнокии амнияту устувории лоиҳаҳо тамаркуз мекунад.   Дуюм, худи омӯзгорон ҳастанд. Тоҷикистон ба пешрафтҳои зиёд дар масъалаи баланд бардоштани мақом ва маоши омӯзгорон ноил гардид ва ҳоло ҳам корҳои зиёде дар пеш қарор доранд. Тавре ки медонед, вақте омӯзгорон ба нафақа мебароянд, бояд ҷавонони боистеъдодро барои касби омӯзгорӣ ҷалб намоем. Барои ин, зарур аст, ки механизми дурусти тарбияи кадрҳо ба роҳ монда шавад. Дар баробари ин, дар раванди таълим бояд баробариро ба назар гирем. Яъне, ҳама – кӯдаконе, ки дар деҳот ва кӯдаконе, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, бояд дастрасии баробар ба таҳсилот дошта бошанд. Дар маҷмуъ, он омилҳое, ки гуфтам, аллакай аз ҷониби Тоҷикистон дар ин самт корҳо роҳандозӣ шудааст ва агар дар сатҳи зарурӣ анҷом ёбад, маорифи Тоҷикистон ба сатҳи маорифи ҷаҳонӣ баробар пазируфта мешавад.   – Яъне, роҳе, ки дар самти ислоҳот ва рушди соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон интихоб кардааст, дуруст аст, ё бояд роҳи дигарро пеш гирифт?   – Дар маҷмуъ, ман бо боварӣ мегӯям, ки ҳам ислоҳот ва ҳам рушди соҳа бисёр хуб пеш рафта истодааст. Илова ба ин, андеша дорам, ки бояд дар тамоми корҳо ҳамоҳангӣ беҳтар карда шавад. Яъне, ҳар иқдоме, ки дар самти ислоҳот ва ё рушди соҳа анҷом меёбад, бо ҳам ҳамоҳанг бошанд. Чунки бо ҳамоҳангӣ роҳҳои зиёде барои ҳалли муаммову мушкилоти ҷойдошта пайдо мешавад. Албатта, ман медонам, ки роҳбарияту кормандони Вазорати маориф ва илм бисёр масъулиятпазир ҳастанд ва бо шарикон ҳамкориҳои хубро ба роҳ мондаанд. Ҳамин тавр ҳам бояд бошад, зеро бояд ҳамаи ниҳодҳоро ба ҳам орем, то ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Дар маҷмуъ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти пешгирифта ва Вазорати маориф ва илм дар самти татбиқи ин ислоҳот роҳи дурустро интихоб кардаанд.   – Маорифи миллии Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед? Ба ибораи дигар, маорифи миллии мо аз кадом махсусиятҳо ва ё унсурҳо иборат аст?   – Маорифи миллии Тоҷикистон инсонмеҳвар аст. Дар муассисаҳои таъ­лимии ин кишвар, дар баробари таълим ба тарбия низ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Яъне, таълиму тарбия баробаранд. Баҳсҳо дар бораи гузариш ба таҳсилоти 12-сола, инчунин, баробарӣ дар таҳсилот, махсусан, таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар меҳвар қарор дорад. Ҳамин тавр, корҳо дар бораи рақамикунонӣ ва малакаҳои рақамӣ ҷараён дорад. Дар ин самт чӣ бояд кард? Мо наслеро бояд тарбияву ба камол расонем, ки дорои «малакаҳои асри 21» бошад. Ба ибораи дигар, дорои тафаккури интиқодию таҳлили бошанд. Яъне, онҳо малакаҳоеро пайдо кунанд, ки на танҳо барои худашон фоидаовар, балки бояд дар бозори меҳнат талабот дошта бошанд. Ин фикри шахсии ман аст. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст, ки ҳатман дар таҳсилот ва маориф афкори интиқодӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Ба ҳамин хотир, низоми замонавии таҳсилот ҳаминро тақозо дорад. Дар синфхонаҳо хонандагоне ҳастанд, ки лаёқати баланд доранд ва дар ин роҳ кӯшиш намоем, ки теъдоди соҳибистеъдодҳоро зиёд намоем.   – Вазорати маорифи Тоҷикистон узви Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) аст. Ташаббусу пешниҳодҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ва дар ҷаласаҳои сатҳи баланд чӣ гуна арзёбӣ мекунед?   – Вазири маориф ва ил­ми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ин созмон аз ҳавзаҳои Осиё ва Аврупои Шарқӣ 14 давлатро намояндагӣ мекунад, ки ин натиҷаи ҳамкориҳои судманди ҷонибҳост. Маҳз талошҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ҳамкориҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон вусъат пайдо кард. Бубинед, ки ҳатто Африқои Шимолӣ ва Аврупои Шарқиро низ вазири маориф ва илми Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Яъне, вазири маориф ва илми Тоҷикистон барои овоздиҳӣ имконияти бисёр васеъ дорад. Дар ҳамин шуро он кас ду пешниҳод намуд. Якум, натиҷаҳои Нақшаи миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод ва муаррифӣ кард, дуюм, дурнамои кишварҳои номбурдаро пешниҳод намуд. Ин маънои онро дорад, ки пешниҳоду ташаббусҳои Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ аъзои Шуро хуб қабул карданд.   – Чун вақт кам аст, имкони суоли бештар додан нест. Аз ин рӯ, дар охир, мехостам донам, ки ҳаст ягон сухане, ки гуфтанашро зарур медонед? Агар бошад, лутфан бигӯед, агар не, чанд тавсияи муҳимро барои рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон иброз медоштед.   – Фикр мекунам, ки дар ҳамкорӣ бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) бояд низоми таҳсилотро ба низоми муосир гузаронем. Вақте дар бораи гузариш гап мезанем, дар назар дошта бошем, ки дар бораи як аҳдофи бузург ҳарф мегӯем. Бубинед, вақте кӯдак ҳанӯз дар синни хурдсолӣ қарор дорад, бояд донем, ки баъди 15-солагӣ ӯро ҳамчун кӣ дидан мехоҳем? Яъне, сармоягузорӣ дар соҳаи маориф бисёр ҳам муҳим мебошад ва он бояд ҳамасола густариш ёбад. Ҳамкорие, ки вазорат бо шарикони рушд дорад, бояд дар назар дошта бошад, ки пас аз 15 сол ба чӣ ноил шудан мехоҳад. Мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки кӯдакон имкониятҳои баробар дошта бошанд. Бубинед, ки омӯзиш, таълим ё азхудкунии кӯдакони имрӯза аз кӯдакони солҳои гузашта тамоман фарқ мекунад. Ҳукумати кишвар уҳдадориҳои худро ба таври комил иҷро карда истодааст ва умедворам, ки Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаи маориф ноил мешавад.   – Ташаккури зиёд барои суҳбат.   – Саломат бошед.   МусоҳибЭҳсон САФАРЗОДА,«Омӯзгор»

    25

    19.06.2025