19.06.2025

14 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби васеи шарикони рушд, сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи кории Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ оид ба баррасии масъалаҳои афзалиятноки соҳаи маориф баргузор гардид. Дар кори он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сохторҳои гуногуни соҳаи маориф, инчунин, шарикони рушд иштирок доштанд. Бо истифода аз фурсат, бо роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ва сарпарасти Тоҷикистон, ҷаноби Муҳаммад Тариқ Хан суҳбати анҷом додем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон менамоем.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 узви Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф мебошад. Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ташкилоти байналмилалие мебошад, ки бо мақсади дастгирии давлатҳо барои беҳтар намудани сатҳи маориф ва таълим, махсусан, дар мамлакатҳои рӯ ба рушд амал мекунад.
– Ҷаноби Муҳаммад Тариқ Хан, 8 сол дар Тоҷикистон кору фаъолият намудед ва дар ин муддат бо фазои таҳсилот ба хубӣ шинос шудед. Лутфан, мегуфтед, ки соҳаи маорифи Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Дар давоми 8 соли охир соҳаи маорифи Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Бо роҳбарию роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад ва ҳамаи кӯдакон ба таҳсилоти босифат дастрасӣ доранд. Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки ҳамасола маблағгузорӣ ба соҳаи маорифро афзоиш медиҳад. Соли 2022 дар кишвар Созишномаи шарикии «КОМПАКТ» ба роҳ монда шуд, ки дар асоси он аз омӯзиши ба омӯзгор нигаронидашуда ба омӯзиш ё таълими ба хонанда нигаронидашуда мегузарем. Ин ҳама нишондиҳанда аз пешрафти бомароми соҳа шаҳодат медиҳанд.
– Ба андешаи шумо ҳамчун як мутахассиси сатҳи байналмилалӣ, Тоҷикистон кадом қадамҳои устувор ё корҳои мушаххасро бояд анҷом диҳад, то низоми таҳсилот ҷабобгӯ ба сатҳи маорифи ҷаҳонӣ шавад?
– Барои расидан ба сатҳи маорифи ҷаҳонӣ Тоҷикистон аллакай як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст. Аммо мо хуб медонем, ки ҳар як пешрафт боз монеаҳоеро ба вуҷуд меорад. Барои мисол, вақте ки Нақшаи миёнамуҳлати Созишномаи шарикии «КОМПАКТ»-ро баррасӣ кардем, баъзе самтҳои фаъолияте муайян карда шуданд, ки дар оянда бояд таҳким бахшида шаванд. Мо дар ин самт дар бораи харитаи роҳ оид ба таҳсилоти босалоҳият, инчунин, беҳтар кардани ҳамоҳангсозӣ дар байни ҳукумат ва шарикон суҳбат кардем. Ин кор ба хотири он анҷом дода мешавад, ки лоиҳаҳо такрор нашаванд ва ҳар як лоиҳа як самти фаъолияти муайян дошта бошад. Ба сармоягузорӣ ва тааҳҳудоти зиёд бояд боварӣ ҳосил кунем, ки бояд сарфакорӣ вуҷуд дошта бошад ва ҳар як қадами фаъолият мақсаднок гузошта шавад. Барои мисол, ба 2 ҳолат назар мекунем:
Якум, низоми идоракунии иттилоот. Бубинед, ки на танҳо шарикон, балки ҳамаи ниҳодҳо ба ҳам пайванд мешаванд. Инчунин, сохтмони мактабҳои зиёде идома ёфта истодааст, чаҳорчӯб ва стандартҳои ягона дорем, ки ба таълими кӯдакдӯстона, масъалаҳои тағйироти иқлим ва давомнокии амнияту устувории лоиҳаҳо тамаркуз мекунад.
Дуюм, худи омӯзгорон ҳастанд. Тоҷикистон ба пешрафтҳои зиёд дар масъалаи баланд бардоштани мақом ва маоши омӯзгорон ноил гардид ва ҳоло ҳам корҳои зиёде дар пеш қарор доранд. Тавре ки медонед, вақте омӯзгорон ба нафақа мебароянд, бояд ҷавонони боистеъдодро барои касби омӯзгорӣ ҷалб намоем. Барои ин, зарур аст, ки механизми дурусти тарбияи кадрҳо ба роҳ монда шавад. Дар баробари ин, дар раванди таълим бояд баробариро ба назар гирем. Яъне, ҳама – кӯдаконе, ки дар деҳот ва кӯдаконе, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, бояд дастрасии баробар ба таҳсилот дошта бошанд. Дар маҷмуъ, он омилҳое, ки гуфтам, аллакай аз ҷониби Тоҷикистон дар ин самт корҳо роҳандозӣ шудааст ва агар дар сатҳи зарурӣ анҷом ёбад, маорифи Тоҷикистон ба сатҳи маорифи ҷаҳонӣ баробар пазируфта мешавад.
– Яъне, роҳе, ки дар самти ислоҳот ва рушди соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон интихоб кардааст, дуруст аст, ё бояд роҳи дигарро пеш гирифт?
– Дар маҷмуъ, ман бо боварӣ мегӯям, ки ҳам ислоҳот ва ҳам рушди соҳа бисёр хуб пеш рафта истодааст. Илова ба ин, андеша дорам, ки бояд дар тамоми корҳо ҳамоҳангӣ беҳтар карда шавад. Яъне, ҳар иқдоме, ки дар самти ислоҳот ва ё рушди соҳа анҷом меёбад, бо ҳам ҳамоҳанг бошанд. Чунки бо ҳамоҳангӣ роҳҳои зиёде барои ҳалли муаммову мушкилоти ҷойдошта пайдо мешавад. Албатта, ман медонам, ки роҳбарияту кормандони Вазорати маориф ва илм бисёр масъулиятпазир ҳастанд ва бо шарикон ҳамкориҳои хубро ба роҳ мондаанд. Ҳамин тавр ҳам бояд бошад, зеро бояд ҳамаи ниҳодҳоро ба ҳам орем, то ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Дар маҷмуъ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти пешгирифта ва Вазорати маориф ва илм дар самти татбиқи ин ислоҳот роҳи дурустро интихоб кардаанд.
– Маорифи миллии Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед? Ба ибораи дигар, маорифи миллии мо аз кадом махсусиятҳо ва ё унсурҳо иборат аст?
– Маорифи миллии Тоҷикистон инсонмеҳвар аст. Дар муассисаҳои таълимии ин кишвар, дар баробари таълим ба тарбия низ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Яъне, таълиму тарбия баробаранд. Баҳсҳо дар бораи гузариш ба таҳсилоти 12-сола, инчунин, баробарӣ дар таҳсилот, махсусан, таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар меҳвар қарор дорад. Ҳамин тавр, корҳо дар бораи рақамикунонӣ ва малакаҳои рақамӣ ҷараён дорад. Дар ин самт чӣ бояд кард? Мо наслеро бояд тарбияву ба камол расонем, ки дорои «малакаҳои асри 21» бошад. Ба ибораи дигар, дорои тафаккури интиқодию таҳлили бошанд. Яъне, онҳо малакаҳоеро пайдо кунанд, ки на танҳо барои худашон фоидаовар, балки бояд дар бозори меҳнат талабот дошта бошанд. Ин фикри шахсии ман аст. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст, ки ҳатман дар таҳсилот ва маориф афкори интиқодӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Ба ҳамин хотир, низоми замонавии таҳсилот ҳаминро тақозо дорад. Дар синфхонаҳо хонандагоне ҳастанд, ки лаёқати баланд доранд ва дар ин роҳ кӯшиш намоем, ки теъдоди соҳибистеъдодҳоро зиёд намоем.
– Вазорати маорифи Тоҷикистон узви Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) аст. Ташаббусу пешниҳодҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ва дар ҷаласаҳои сатҳи баланд чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ин созмон аз ҳавзаҳои Осиё ва Аврупои Шарқӣ 14 давлатро намояндагӣ мекунад, ки ин натиҷаи ҳамкориҳои судманди ҷонибҳост. Маҳз талошҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ҳамкориҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон вусъат пайдо кард. Бубинед, ки ҳатто Африқои Шимолӣ ва Аврупои Шарқиро низ вазири маориф ва илми Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Яъне, вазири маориф ва илми Тоҷикистон барои овоздиҳӣ имконияти бисёр васеъ дорад. Дар ҳамин шуро он кас ду пешниҳод намуд. Якум, натиҷаҳои Нақшаи миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод ва муаррифӣ кард, дуюм, дурнамои кишварҳои номбурдаро пешниҳод намуд. Ин маънои онро дорад, ки пешниҳоду ташаббусҳои Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ аъзои Шуро хуб қабул карданд.
– Чун вақт кам аст, имкони суоли бештар додан нест. Аз ин рӯ, дар охир, мехостам донам, ки ҳаст ягон сухане, ки гуфтанашро зарур медонед? Агар бошад, лутфан бигӯед, агар не, чанд тавсияи муҳимро барои рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон иброз медоштед.
– Фикр мекунам, ки дар ҳамкорӣ бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) бояд низоми таҳсилотро ба низоми муосир гузаронем. Вақте дар бораи гузариш гап мезанем, дар назар дошта бошем, ки дар бораи як аҳдофи бузург ҳарф мегӯем. Бубинед, вақте кӯдак ҳанӯз дар синни хурдсолӣ қарор дорад, бояд донем, ки баъди 15-солагӣ ӯро ҳамчун кӣ дидан мехоҳем? Яъне, сармоягузорӣ дар соҳаи маориф бисёр ҳам муҳим мебошад ва он бояд ҳамасола густариш ёбад. Ҳамкорие, ки вазорат бо шарикони рушд дорад, бояд дар назар дошта бошад, ки пас аз 15 сол ба чӣ ноил шудан мехоҳад. Мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки кӯдакон имкониятҳои баробар дошта бошанд. Бубинед, ки омӯзиш, таълим ё азхудкунии кӯдакони имрӯза аз кӯдакони солҳои гузашта тамоман фарқ мекунад. Ҳукумати кишвар уҳдадориҳои худро ба таври комил иҷро карда истодааст ва умедворам, ки Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаи маориф ноил мешавад.
– Ташаккури зиёд барои суҳбат.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб
Эҳсон САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»