12.03.2025

 img

12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба Боғи миллии “Ала Арча” ташриф оварданд.

 

Дар ин ҷо сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз Боғи миллии “Ала Арча” ва намоиши фарҳангӣ, ки ба хотири ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, боздид намуданд.

 

Бояд гуфт, ки Боғи миллии “Ала Арча” дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар масофаи 40 километр дуртар аз пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек қарор дорад.

 

Боғи миллӣ дар мавзеъҳои зебои табиат қарор дошта, барои сайру саёҳат маҳалли дилфиреб аст.

 

Сарони давлатҳо зимни ташриф ба ин ҷо аз манзараҳои дилкаши боғ ва намоиши ҳунарҳои мардуми қирғиз боздид намуданд.

 

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандон суҳбати самимӣ доир карда, ба ҳунарҳои воло ва маҳсули дастони онҳо баҳои баланд доданд.

  • Боздид аз Боғи миллии “Ала Арча”-и Ҷумҳурии Қирғизистон img
  • Боздид аз Боғи миллии “Ала Арча”-и Ҷумҳурии Қирғизистон img
  • Боздид аз Боғи миллии “Ала Арча”-и Ҷумҳурии Қирғизистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ГУШАИ НАВРӮЗИИ ДОНИШГОҲ - МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ 20 марти соли 2025 омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар чорабинии бошукӯҳи идона, ки бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.   Донишгоҳ дар ин чорабинии бузурги фарҳангӣ гӯшаи Наврӯзии худро ташкил намуда, анъанаҳои миллиро муаррифӣ намуд. Гӯшаи донишгоҳ бо анъанаҳои хоси Наврӯз, аз ҷумла дaстурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллии тоҷикӣ, суманакпазӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ оро ёфта буд.    Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯён бо меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ оид ба таъриху суннатҳои Наврӯз, нақши он дар рушди фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин таъсири ҷашн ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳибкорӣ табодули назар намуданд.   Иштироки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин чорабинӣ на танҳо барои тарғиби анъанаҳои миллӣ, балки барои муаррифии имкониятҳои донишгоҳ дар самти рушди сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва соҳибкорӣ саҳми арзанда гузошт.

    83

    20.03.2025
  •  img
    НАВРӮЗИ ТОҶДОРОН Чунин унвон гирифта буд, барномаи театрикунонидашуда ба муносибати Наврӯзи байналмилалии 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи мазкур ба хотири болидарӯҳии иштирокчиёни чорабинии наврӯзӣ аз тарафи шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия имрӯз, 19 марти соли 2025 пешкаши ҳозирин гардонида шуд.   Ёдовар мешавем, ки барномаи театрикунонидашуда таҳти унвони “Нарӯзи тоҷдорон” бо дарназардошти аҳаммияти таърихию фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ таҳия гардида, аз бахшҳои “Шоҳ Ҷамшед”, “Баҳор ва деҳқон”, “Баромади наврӯзӣ”, “Рақси умумии гулдухтарон”, “Суруди чилдухтарон”, “Суруди наврӯз меояд”, суруди фолклории “Духтари қаратоғӣ” суруди ҳаҷвии “Мурғи марҷон” ва суруди “Пешвои Наврӯзӣ” иборат буданд, ки ҳар як бахши фарҳангӣ мазмун ва хусусиятҳои хосси худро доштанд.   Иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ бо хушҳолӣ аз файзи Истиқлол, накҳати баҳори гулбасар ва Наврӯзи байналмилалӣ барномаи театрикунонидашударо тамошо намуда, бо худ таасуроти маънавӣ бардоштанд. Ҳамзамон, барномаи рангини консертӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандону сарояндагони кишвар пешкаши ҳозирин гардонида шуда, иштирокчиён таҳти суруду мусиқиҳои дилнишин шодию хурсандӣ намуданд.

    78

    19.03.2025
  •  img
    ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН Имрӯз, 19 марти соли 2025, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид.   Дар рафти чорабинии мазкур ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, омӯзгорону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва меҳмонони беруна иштирок намуданд.   Чорабиниро ректори Донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва ҳамаи хушиҳои рӯзгорро таманно намуда, қайд намуданд, ки ҷaшни Нaврӯз,  дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бa шaрофaти Истиқлоли дaвлaтӣ вa сиёсaти фaрҳaнгпaрвaронaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо тaмоми ғaновaту рaнгорaнгии он эҳё гaрдид, ҳоло бa ҷaшни милливу дaвлaтии мо – тоҷикон вa рaмзи худшиносиву ифтихори миллӣ, вaҳдaту ҳaмдилии мaрдум вa пaйвaнди нaслҳо тaбдил ёфтaaст.   Сипас чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз манзури тамошобинон гардонида шуд, ки дар ҷараёни он анъаноти миллӣ, расму ойини Наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллатамон тараннум гардид.

    74

    19.03.2025