24.06.2025

 img

 

23 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб ошно гардид.

 

Зимни боздид вазир бо роҳбарият ва сохтмончиёни муассисаи таълимӣ мулоқот анҷом дода, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ таъкид намуд.

 

Тибқи иттилои пешниҳодшуда, айни замон дар муассисаи таълимии мазкур 480 хонанда дар як баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди умумии омӯзгорон 68 нафарро ташкил медиҳад. Муассиса дорои 16 синфхона, 2 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи технологияи меҳнат, китобхона, ошхона, толори варзишӣ, толори фарҳангӣ ва 10 утоқи иловагӣ мебошад.

 

Ҳамзамон, дар назар дошта шудааст, ки дар назди муассиса Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шуда, ба истифода супорида шавад.

 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ КӮЛОБ   23 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқоти ҳамчунин муовини раиси шаҳри Кӯлоб ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон низ иштирок намуданд.   Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм ҳамаи иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон мавқеи баланд ва аҳамияти сарнавиштсоз дорад, самимона табрик намуд. Вазир бо ифтихор аз хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз бо роҳбарии оқилона ва сиёсати сулҳофаринии Сарвари давлат имрӯз мо дар фазои осуда барои рушди соҳаи маориф талош меварзем.   Дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, вазир таъкид кард, ки таҳсилоти томактабӣ заминаи асосии рушди маънавию зеҳнии кӯдаконро ташкил медиҳад ва дар ин самт таваҷҷуҳ бояд бештар гардад.   Вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба муассисаҳои таълимӣ, вазир ҷараёни сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимиро таҳлил намуда, ба масъулин супориш дод, ки раванди сохтмони иншооти таълимӣ бо назардошти талаботи замони муосир ва босифат ба анҷом расонида шаванд.   Вазири маориф ва илм дар идома қайд кард, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълим, муассисаҳо бояд бо кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти ҳозиразамон ва лавозимоти омӯзишӣ таъмин бошанд. Ин омилҳо барои дар амал татбиқ намудани стандартҳои давлатии таҳсилот ва рушди қобилияти хонандагон мусоидат мекунанд.   Яке аз масъалаҳои муҳимми муҳокимашуда дар вохӯрӣ, ин сарфа намудани неруи барқ буд. Вазир аз директорони муассисаҳо даъват ба амал овард, ки неруи барқро оқилона истифода намоянд.   Дар интиҳои вохӯрӣ, вазири маориф ва илм ба иштирокчиён барои заҳмати пайваста дар самти рушду пешрафти маориф изҳори сипос намуда, баён дошт, ки мо, аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки дар заминаи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои рӯзафзуни Пешвои миллат беш аз пеш кӯшиш намоем ва баҳри пешрафти соҳаи маориф саҳми шоиста гузорем.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    30

    24.06.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» дар шаҳри Душанбе   20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд.   Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати 15 моҳ ҷавобгӯи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст.   Муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бо тарҳи муосир ва харҷи 20 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шуда, дар вақти сохтмони он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.   Муассисаи тозабунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, машғул шудани онҳо бо бозиҳои гуногуни шавқовар ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.   Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.    Дар кӯдакистони нав 24 парастор ва кормандони соҳаи педагогӣ ва 21 корманди маъмуриву техникӣ дар маҷмуъ 45 нафар ба кор таъмин шудаанд.    Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 12 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои хоб, ҳаммом, толорҳои варзишӣ, мусиқӣ, рақс, хореографӣ, рассомӣ, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон фароҳам оварда шуда, он дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ ва босаводу донишманд гардонидани онҳо ҳидоят намуданд.   Мувофиқи нақшаи генералӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.   Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.   Дар ин замина қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири ҳамин сол дар пойтахт 10 кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.   https://president.tj/event/news/51222

    2257

    20.06.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе   20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.   Бинои тозабунёди Маркази ташхису табобат ва таълим дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.   Иншоот дар масоҳати 0,83 гектар замин қомат афрохта, худи бино 3 ҳазору 680 метри мураббаъро ташкил медиҳад.   Корҳои сохмтонӣ дар Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 оғоз гардида, бо риояи талаботи  муосири соҳавӣ бунёд карда шудааст.    Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи ҷавонӣ” сомон ёфта, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.   Саҳн ва атрофи бинои Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.   Дар ин иншоот толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ,  анестезиологӣ,  хунгирӣ,  ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва   озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст.   Ҳуҷраҳои корию санҷишгоҳҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ин баъд барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог,  гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чамш ҷой дода шудаанд. Маркази имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати таббӣ расонад.   Дорухонаи гиёҳҳои шифобахш, озмоишгоҳи омода намудани маводи доруворӣ аз рӯйи дорухат, ҳашт синфхонаи дарсӣ барои машғулиятҳои лексионӣ ва ҳуҷраҳои корӣ қисмҳои алоҳидаи иншоот мебошанд.   Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар марказ минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи донишгоҳ истифода бурда шуда, ба боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии доиншҷӯён мусоидат менамояд.   Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои  омода намудани ворисони арзандаи Сино дастуру тавсияҳои мушаххас дод.     https://president.tj/event/news/51226

    2275

    20.06.2025