24.06.2025

23 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқоти ҳамчунин муовини раиси шаҳри Кӯлоб ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон низ иштирок намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм ҳамаи иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон мавқеи баланд ва аҳамияти сарнавиштсоз дорад, самимона табрик намуд. Вазир бо ифтихор аз хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз бо роҳбарии оқилона ва сиёсати сулҳофаринии Сарвари давлат имрӯз мо дар фазои осуда барои рушди соҳаи маориф талош меварзем.
Дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, вазир таъкид кард, ки таҳсилоти томактабӣ заминаи асосии рушди маънавию зеҳнии кӯдаконро ташкил медиҳад ва дар ин самт таваҷҷуҳ бояд бештар гардад.
Вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба муассисаҳои таълимӣ, вазир ҷараёни сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимиро таҳлил намуда, ба масъулин супориш дод, ки раванди сохтмони иншооти таълимӣ бо назардошти талаботи замони муосир ва босифат ба анҷом расонида шаванд.
Вазири маориф ва илм дар идома қайд кард, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълим, муассисаҳо бояд бо кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти ҳозиразамон ва лавозимоти омӯзишӣ таъмин бошанд. Ин омилҳо барои дар амал татбиқ намудани стандартҳои давлатии таҳсилот ва рушди қобилияти хонандагон мусоидат мекунанд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми муҳокимашуда дар вохӯрӣ, ин сарфа намудани неруи барқ буд. Вазир аз директорони муассисаҳо даъват ба амал овард, ки неруи барқро оқилона истифода намоянд.
Дар интиҳои вохӯрӣ, вазири маориф ва илм ба иштирокчиён барои заҳмати пайваста дар самти рушду пешрафти маориф изҳори сипос намуда, баён дошт, ки мо, аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки дар заминаи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои рӯзафзуни Пешвои миллат беш аз пеш кӯшиш намоем ва баҳри пешрафти соҳаи маориф саҳми шоиста гузорем.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон