22.02.2025
Имрӯз, 22 – феврали соли 2025 дар Донишкада бахшида ба 32 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Донишкада, кормандону омӯзгорон чорабинӣ баргузор гардид.
Дар оғоз ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода, ҳамаи кормандонро ба 32 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бевосита бо талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне таъсис ёфт, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноустувор қарор дошт ва ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Бо вуҷуди шароити бисёр душвор, соли 1993 бори аввал дар майдони “Дӯсти”-и пойтахт гузашти низомии қисму воҳидҳои навтаъсиси Артиши миллӣ доир гардид, ки аз он рӯз, санаи 23-юми феврал расман Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва ҳар сол, он расман ҷашн гирифта мешавад.
Тӯли ин солҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои вазнинро пушти сар карда, таҷрибаи зиёдеро касб намуд ва таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили бехатарии давлату миллат ва таъминкунандаи хаёти осоиштаи мардуми Точикистони азиз табдил ёфтааст.
Новобаста аз он, ки ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва таҳкими истиқлолият вазифаи аввалиндараҷаи давлату ҳукумат мебошад, инчунин шаҳрвандон низ вазифадоранд, ки саҳми худро дар таҳкимияти амнияти кишвар, истиқлолият ва иқтидории мудофиавии он гузоранд. Чунин шарҳ, дақиқан дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Баъдан аз ҷониби кормандони Донишкада вобаста Нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими амниятӣ миллӣ, марҳилаҳои таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва роҳҳои тарбияи Ватандӯстии ҷавонон маърӯзаҳо ироа гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз ҳамаи кормандонро ба ин рӯз бори дигар табрик намуда ба кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу оромӣ, осмони соф ва ба ҳар як фарди кишвар хонаи обод ва осоиштагӣ таманно намуд.