22.02.2025

22 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

Ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба омодагии ҳайати шахсии қӯшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барои гузашти паради низомӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Собирзода Эмомалӣ гузориш дод.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукуҳи 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуданд.

 

Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо андешаҳои худро баён доштанд.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокдорони паради ҳарбӣ - афсарону сарбозонро самимона шодбош гуфтанд.

 

Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии кишвар, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу Ватан таъмин карда истодаанд.

 

Сарвари давлат ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардумро барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф арзёбӣ намуданд.

 

Зикр гардид, ки тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ҳамчун миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободкору созанда шинохта шудаанд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоии фарзандони далеру фидокори миллати тоҷик - Муқаннаъ, Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва ҳазорон нафари дигарро барои наслҳои имрӯза ибратомӯз номиданд.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба зарурати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар рӯзҳои нахустини давлатдорӣ, аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштану ба як неруи пуриқтидор мубаддал гардидани он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

 

Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро воқеан ба миён оварда буд, қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карданд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро ба иҷрои пурмасъули вазифаҳо ва ба савганди худ содиқ мондан ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки “бар дӯши шумо ҳимояи Ватан, миллат ва давлат гузошта шудааст”.

 

Дар ин робита ҳамчунин гуфта шуд, ки мардуми Тоҷикистон дар симои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳофизони боэътимоди истиқлолу озодии Ватан, марзу буми сарзамини аҷдодӣ, сулҳу суботи кишвар ва ҳомиёни ҳуқуқу манфиатҳои худро мебинанд.

 

Дар робита ба вазъи бисёр ноорому бесуботи ҳарбиву сиёсӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, Пешвои миллат роҳбарият ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намуданд, ки ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари буду бошу хизмат барои ҳайати шахсӣ ва ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, эътибори бештар диҳанд.

 

Баъди суханронии Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ паради ҳарбии хизматчиёни низомӣ баргузор шуд.

 

Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти беш аз 10 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони Артиши миллӣ ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ ҳусни анҷом ёфт.

 

Фахри мардуми тоҷик аз он аст, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст.

 

Бо таваҷҷуҳ ва таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи мутахассисони варзидаи низомӣ айни ҳол ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва қисми зиёди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро кадрҳои ватандӯст, соҳибтахассусу матинирода ташкил медиҳанд.

 

Қадамзании рустамонаи афсарону сарбозони Артиши миллӣ бори дигар собит мекунад, ки сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар омодаанд, бо нангу номуси ватандорӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, садоқат, азму иродаи қавӣ манфиатҳои миллӣ ва хоки поку муқаддаси сарзамини аҷдодиро аз ҳар гуна хавфу хатар муҳофизат намоянд.

 

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қодиранд, ки бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик - истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намоянд.

  • Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД Бо мақсади шинос шудан аз раванди таълиму тарбия, корҳои ободонӣ, шароити синфхонаҳо ва интизоми меҳнат имрӯз, 24-уми феврали соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз як қатор муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе дидан намуд.   Ҳарчанд таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, бахусус зинаи томактабӣ рӯз аз рӯз афзояд ҳам, вале мутаассифона бо вуҷуди имкониятҳои васеъ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагӣ бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии баъзе роҳбарони муассисаҳо боис бар он шудааст, ки раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонию интизоми меҳнат то ба ҳол дар баъзе муассисаҳо ҳалли худро наёфтааст.   Зимни боздиди вазири маориф ва илм маълум гардид, ки мутаассифона дар баъзе аз муаассисаҳои таълимии томактабӣ аз камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории мудирони муассисаҳо корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, интизоми меҳнат ба таври ҷиддӣ нигаронкунанда мебошад.   Аз ҷумла, дар Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №114-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар он 376 нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудаанд, зимни боздид маълум гардид, ки мудири боғча Ёқубзода Дилором бе сабабҳои узрнок дар ҷойи кор ҳузур надорад. Гузашта аз ин, ҳолати таълиму тарбия дар кӯдакистон нигаронкунанда буда, дар синфхонаҳои ошёнаи якуми муассиса умуман кӯдакон бе ҳузури мураббия қарор доштанд. Камтаваҷҷуҳӣ дар муассисаи мазкур низ то ба ҳаддест, ки номи муассиса дар ҷое навишта нашудааст. Ҳамзамон, маълум гардид, ки роҳбарияти кӯдакистон ба раванди ободонӣ кам таваҷҷуҳ дода, дар атрофи муассиса корҳои ободонӣ кам ба назар мерасанд.   Ҳолати таълиму тарбия дар Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №128 низ нигаронкунанда мебошад. Дар муассисаи макзур, ки 376 нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шуда, зимни боздид маълум гардид, ки мудири кӯдакистон Шамсзода Ҳумайро ба раванди ободонӣ ҳарчанд таваҷҷуҳ додааст, вале корҳо дар сатҳи зарурӣ қарор надоранд.   Ҳолати интизоми меҳнат дар Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ - кӯдакистони №89 «Буратино»-и ноҳияи Сино нигаронкунанда буда, мудири боғча Турдиева Сайёра дар вақти корӣ дар муассиса ҳузур надошт. Набудани роҳбарияти муассиса дар вақти корӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба интизоми меҳнат боис шудааст, ки таълимдиҳандагон дар вақти корӣ ба ҷойи таълим ба кӯдакон ва назорат намудани онҳо ба дигар корҳо машғул шаванд. Кӯдакистони мазкур 260 нафар кӯдакро ба таълим фаро гирифта, дар муассисаи мазкур умуман корҳои ободонӣ ба назар намерасанд.   Вазири маориф ва илм зимни боздид вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар самти интизоми меҳнат, раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонӣ нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки роҳбарият ва мураббияҳои боғчаҳо бояд дарк намоянд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ замина ё худ таҳкурсии асосӣ баҳри ояндаи насли наврас мебошад. Ба қавли дигар “илм дар хурдӣ, нақш бар санг” гуфтаанд. Аз ҳамин нуқтаи назар корҳои тарбиявӣ, илмомӯзӣ ва ободонӣ пеш аз ҳама бояд дар кӯдакистонҳо хуб ба роҳ монда шаванд. Дар боғчаҳо кӯдакон ҳамеша бояд таҳти таваҷҷуҳ ва парасторӣ қарор гиранд ва онҳо маҳз аз ин макон ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ободонии Ватанро дар ниҳоди худ ташаккул диҳанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    67

    24.02.2025
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ Дар толори бошукуҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.   Зимни ҳамоиш ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки 32 сол муқаддам маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд ва имрӯз он яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ шинохта шудааст.    Ҷамъомади фарҳангӣ-ватандӯстонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ ва саҳначаҳои ҳаётӣ бо иштироки занону бонувоан ва аҳли ҳунару фарҳанги Донишгоҳ шукуҳи тоза бахшид, ки туҳфаи арзандае бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон мебошад.   Ҳамчунин дар чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ба ғолибони бозии шоҳмот ва шашка, ки миёни омӯзгорон баргузор гардида буданд, инчунин ба як қатор омӯзгорони соҳибтаҷриба мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

    63

    22.02.2025
  •  img
    ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ДОНИШКАДА Имрӯз, 22 – феврали соли 2025 дар Донишкада бахшида ба 32 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Донишкада, кормандону омӯзгорон чорабинӣ баргузор гардид.   Дар оғоз ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода, ҳамаи кормандонро ба 32 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бевосита бо талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне таъсис ёфт, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноустувор қарор дошт ва ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Бо вуҷуди шароити бисёр душвор, соли 1993 бори аввал дар майдони “Дӯсти”-и пойтахт гузашти низомии қисму воҳидҳои навтаъсиси Артиши миллӣ доир гардид, ки аз он рӯз, санаи 23-юми феврал расман Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва ҳар сол, он расман ҷашн гирифта мешавад.   Тӯли ин солҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои вазнинро пушти сар карда, таҷрибаи зиёдеро касб намуд ва таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили бехатарии давлату миллат ва таъминкунандаи хаёти осоиштаи мардуми Точикистони азиз табдил ёфтааст.   Новобаста аз он, ки ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва таҳкими истиқлолият вазифаи аввалиндараҷаи давлату ҳукумат мебошад, инчунин шаҳрвандон низ вазифадоранд, ки саҳми худро дар таҳкимияти амнияти кишвар, истиқлолият ва иқтидории мудофиавии он гузоранд. Чунин шарҳ, дақиқан дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Баъдан аз ҷониби кормандони Донишкада вобаста Нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими амниятӣ миллӣ, марҳилаҳои таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва роҳҳои тарбияи Ватандӯстии ҷавонон маърӯзаҳо ироа гардиданд.   Дар фарҷоми чорабинӣ ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз ҳамаи кормандонро ба ин рӯз бори дигар табрик намуда ба кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу оромӣ, осмони соф ва ба ҳар як фарди кишвар хонаи обод ва осоиштагӣ таманно намуд.

    73

    22.02.2025