14.04.2025

 img

Имрӯз бахшида ба Рӯзи илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Пеш аз оғози маҷлиси тантанавӣ олимони академия дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик гулчанбар гузошта, аз хизматҳои арзишманди онҳо ёдовар шуданд.

 

Дар маҷлиси тантанавӣ иброз гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳои ақлонӣ нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии олимон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Зеро рушди босуботи соҳаи илму маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат маҳсуб мешавад.

 

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки истифодаи самарабахши натиҷаҳои илми бунёдӣ ва амалӣ омили муҳими рушди устувор дар ҳар давлат мебошад. Бо назардошти аҳамияти хоссаи ин самти афзалиятнок дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал татбиқ мегарданд.

 

«Моро зарур аст, ки ба омода намудани мутахассисон дар зинаҳои магистратура, докторантура ва посдокторантура диққати асосӣ равона намоем. Ба ин зинаҳо мо бояд ҷавононеро қабул намоем, ки дар рушди илми ватанӣ саҳммегузоранд. Дар ин самт бо кӯшиши Раёсати Академияи миллии илмҳо бо мақсади омода намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ зинаи посдокторантура таъсис дода шуд. Шуруъ аз оғози соли таҳсили 2024-2025 аз рӯйи 46 ихтисос ба он посдокторантон қабул карда мешаванд»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

 

Таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои дигари муҳиме, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳамчунин дар вохӯрию суҳбатҳо бо олимон ва аҳли зиёи мамлакат гузоштаанд, ин масъалаи пайванди илм бо истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои олимон дар истеҳсолот мебошад. Бо ин мақсад имсол тавассути баргузор намудани машварати илмӣ дар мавзуи «Робитаи илм ва истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо» бо даъвати корхонаю муассисаҳои гуногун 6 лоиҳаи нави инноватсионии аз ҷониби олимони академия омодашуда муаррифӣ гардид. Муаллифони лоиҳа таҳқиқоташонро патент намуда, омодаи дар истеҳсолот татбиқ намудани ин лоиҳаҳо мебошанд.

 

Имсол дар тамоми муассисаҳои илмӣ аз 2 апрел даҳаи муаррифии илм оғоз гардид. Даҳаи илм барои муаррифии илми академӣ, табодули фикру андеша ва дастовардҳои илмии ҳайати олимони академия, муҳаққиқон ва унвонҷӯёну докторантони муассисаҳои илмӣ фурсати муносиб буд ва итминони комил дорем, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.

 

Дар ҷамъомад ба олимоне, ки соли 2025 соҳиби ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста шудаанд, Диплом, ба кормандон медали «50 соли фаъолияти бефосила дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ба кормандони илмӣ Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои беҳтарин маърузаи илмӣ ва ба олимони ҷавоне, ки соли 2024 соҳиби ҷоизаҳои академия гардиданд, дипломҳо супорида шуданд.

  • Дар Душанбе Рӯзи илми тоҷикро таҷлил намуданд img
  • Дар Душанбе Рӯзи илми тоҷикро таҷлил намуданд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил карда мешавад.   Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик, рӯзҳои 21-26 апрел, яъне “Ҳафтаи илм”-ро, ки дар доираи он гузаронидани конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён, озмуну маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шудаанд, роҳандозӣ менамояд.   21 апрели соли 2025 ҷаласаи пленарии конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., професссор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Шарифзода Мумин Машокир, ки солҳои 2008-2017 сарварии донишгоҳро ба уҳда дошт, инчунин собиқ ректорони донишгоҳ, д.и.и., профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич ва Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович иштирок намуданд.   Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ ва шукуфоии кишвари азизамон муҳим арзёбӣ намуда, суханро ба муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович во гузошт.   Абдукарим Қурбонов меҳмонон ва аҳли толорро бо оғози “Ҳафтаи илм” табрику таҳният гуфта, нақш ва саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи илми ватанӣ ва пешрафти корҳои илмию таҳқиқотӣ назаррас арзёбӣ намуд.   Инчунин гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2024-ум 543 маводи илмии омӯзгорон, аз ҷумла 10 монография, 154 мақолаҳои дар маҷаллаҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 244 фишурдаи мақолаҳои дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва 135 мақолаи дар маҷаллаҳои мухталиф нашршуда, ташкил медиҳанд.   Дар соли 2024 -ум 9 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, 2 нафар пешдифои рисолаи докторӣ ва 7 нафар пешдифои рисолаи номзадиро гузаштанд.   Тибқи барномаи “Ҳафтаи илм”, ки 13 бахшро дарбар мегирад, 153 маърӯзаи омӯзгорон ва 270 маърӯзаи донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор мегирад.   Ҳамчунин хотиррасон карда шуд, ки дар соли 2024 бо иқдоми раёсати илм ва инноватсия дар сомонаи расмии донишгоҳ ҷойгир намудани қисмати рӯнамоии маводи нашршудаи муҳаққиқони донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом ба хотири васеъ намудани имкониятҳои рақамикунонии таҳсилот ва мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст.   Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз рӯи 5 самт, 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд.   Дар идомаи конфронс муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., професссор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, собиқ ректорони донишгоҳ, д.и.и., профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич, Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, Шарифзода Мумин Машокир доир ба аҳаммият ва нақши илм дар рушди иқтисодиёти кишвар суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ, забондонӣ ва омӯхтани технологияҳои иттилоотии муосир даъват намуданд.   Сипас, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Абдураҳмон Ҳакимзода дар мавзуи “Масоили рушди маркетинги рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ маърӯзаи пурмазмун намуда, бо мисолҳои мушаххас андешаҳояшро доир ба аҳаммият, мушкилот ва дурнамои рушди маркетинги рақамӣ дар кишвар баён намуд.   Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ ба омӯзгорони донишгоҳ Шаҳноза Пулатова, Комилҷон Алимов ва Рустамзода Фирӯз дипломҳои унвони илмии дотсент супорида шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.   Нимаи дуюми ҳамин рӯз кори конференсия дар бахшҳо оғоз гардид, ки он то 26-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

    9

    21.04.2025
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ ОЗМОИШИ МАҲАЛЛИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS Имрӯз, 18 апрели соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти баргузории давраи озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанбе дидан намуд.   Вазири маориф ва илм зимни боздид аз рафти баргузории давраи озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS бо хонандагон суҳбат доир намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дурбинонаи хеш соҳаи маорифро дар ҷойи аввал гузошта, барои рушди рӯзафзуни он дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаро равона намуданд. Шумо, хонандагони азиз, насли хушбахте мебошед, ки дар беҳтарин шароит таҳсил намуда истодаед. Ҳамзамон, шумо аввалин хонандагоне мебошед, ки дар арзёбии байналмилалии PIRLS ба таври озмоишӣ иштирок доред. Арзёбии мазкур яке аз муҳимтарин таҳқиқоти ҷаҳонӣ оид ба сатҳи хониши хонандагони синфи 4-ум аст, ки дар он на танҳо малакаи хондан, балки қобилияти фаҳмидану дарки матн низ санҷида мешавад.   Сипас, вазири маориф ва илм бо падару модарони хонандагони муассисаи таълимии мазкур вохӯрии самимӣ баргузор намуда, аз таваҷҷуҳу бетараф набудани онҳо нисбат ба ояндаи фарзандон ва огоҳии пайвастаашон аз раванди таълим дар муассиса изҳори сипос намуд. Дар ҷараёни суҳбат, вазир бар зарурати мустаҳкамсозии робитаи мактаб ва хонадон таъкид намуда, падару модаронро ба ҳамкории фаъол ва доимӣ бо омӯзгорон даъват кард. Таъкид шуд, ки танҳо бо шарикии созанда байни оила ва мактаб метавон заминаи таҳкими ахлоқ, дониш ва комёбиҳои минбаъдаи насли наврасро фароҳам овард.   Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки арзёбии байналмилалии PIRLS бо фарогирии 1181 нафар хонандагони синфҳои 4-ум дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври озмоишӣ гузаронида мешавад. Гуфта шуд, ки озмоиши арзёбии байналмиллалии мазкур аз ду қисм иборат буда, дар он матнҳо, аз ҷумла ҳикоя, қисса, афсона ва матнҳои гуногун истифода бурда мешавад ва хонандагон вобаста ба матнҳои пешниҳодшуда қобилияти фаҳмидану дарки матнро истифода мебаранд.   Маврид ба зикр аст, ки таҳқиқоти мазкур дар байни хонандагони синфҳои 4-уми зиёда аз 60 кишвари дунё бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ бо таври маҷозӣ ё офлайн баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори аввал озмоиши мазкур доир мегардад, ба таври офлайн ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи он баҳодиҳии низоми таълим дар саросари ҷаҳон тавассути санҷиши малакаҳо ва донишҳои таълимгирандагони синфҳои 4-ум дар кишварҳои ширкаткунанда мебошад.   Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва иштирок дар таҳқиқоти мазкур, айни ҳол дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба таври пилотӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 баргузор мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    159

    18.04.2025
  •  img
    34 СОЛ БО ЯК ПАЙРОҲА. Қиссае аз рӯзгори як омӯзгори кӯҳистон “Як саҳари фасли зимистон чун ҳарвақта аз хона роҳ пеш гирифтам ҷониби мактаб. Моҳи феврал, ҳаво сард буд. Туман он қадар ғафс буд, ки пеши роҳамро базӯр медидам. Аз хона тақрибан 3 километр дуртар рафта будам, ки ногаҳон дар пастхамие дар рӯ ба рӯям се гург пайдо шуд. Нафасам ба дарун афтод, пойҳоям карахт шуда, маҷоли ҳаракат надоштам. Чӣ кор карданамро намедонистам. На роҳи гурехтан буд ва на илоҷи аз гургҳо халос шудан. Ногаҳон яке аз гургон аз ҷояш ҷаҳида, ба ман ҳамла кард ва “ҷанг”-и тан ба тан миёни мо оғоз шуд. Барои раҳоӣ ёфтан аз ҳамлаи ин дарандаи ваҳшӣ кӯшиш мекардам, аммо гург барои маро туъмаи худ сохтан талош дошт. Дар ин ҳолат мадор надоштам, то ин ки даст ба ҷайбам бурда, бо корд корашро тамом кунам. Гург ҳам, то ҷое ки метавонист, ҳамла мекард ва маро раҳо намекард. Дар ҳамин ҳангом дастам ба як чӯби хушк расид ва бо он ба тамоми қувва чанд зарба ба сараш задам. Хушбахтона, яке аз зарбаҳоям ба чашми гург расид ва гург аз шиддати дард маро раҳо кард ва оҳиста-оҳиста фирор намуд. Ду гурги дигар низ аз думболи ҳамҷинсашон роҳ пеш гирифтанд. Ман ба хона баргашта тағйири либос намудам ва боз роҳи мактабро пеш гирифтам”.   Ин нақл аз забони нафарест, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Муъминобод, деҳаи Гулзор, бо ҳамсари меҳ­рубонаш зиндагӣ мекунад. Ӯ 34 сол аст, ки ҳар рӯз 7 километр роҳро пиёда тай намуда, ба маркази Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон – деҳаи Шаҳрак ме­расад, то ба мактаббачагон дарс бигӯяд. Ин шахс Эмомалӣ Шарифов буда, омӯзгор аст ва аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ дарс медиҳад. Ӯ 2 июли соли 1961 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби №20-и ҳамин ноҳия гирифта, баъди хатми мактаб, аниқтараш, соли 1981 ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Баъд ба ноҳияи Муъминобод роҳхат гирифта, фаъолияти худро дар МТМУ №15-и деҳаи Шаҳраки Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба ҳайси омӯзгори таърих ва ҳуқуқ оғоз мекунад. Инак, 34 сол аст, ки Эмомалӣ Шарифов дар ҳамин таълимгоҳ дарс мегӯяд.   Зиндагии Эмомалӣ Шарифов дар оғӯши табиати дилфиреб ва манзараҳои зебои Ватан сипарӣ мешавад. Бо вуҷуди он ки фарзандонаш ҳама дорои маълумоти олӣ ва зиндагии хубу хонаи худ ҳастанд, ӯ бо ҳамсари меҳрубонаш тарки кӯҳ ва оғӯши табиат накард. Дилбастагӣ ба кори омӯзгорӣ, меҳру муҳаббати мардуми деҳот ва шавқи таълим ба фарзандони мардум нагузошт, то ӯ тарки деҳаи Гулзор намояд. Ҳамин тавр, чун солҳои қабл ҳар рӯз 7 километр роҳро пиёда тай намуда, ба деҳаи Шаҳрак меравад, то ба шогирдонаш аз таърихи миллат дарс бигӯяд. Тибқи нақли устод Эмомалӣ Шарифов, фарзандонаш барои ӯ тамоми шароитро муҳайё кардаанд, то тарки кӯҳистон намуда, ба макони обод, назди онҳо баргардад. Аммо ин марди шариф ва омӯзгори пуртаҷрибаро ҳеҷ чиз қонеъ сохта натавонист, то тарки манзилу маконе намояд, ки дар он ҷо ризқу рӯзӣ ёфтаву солиёни дароз умр ба сар бурдааст.   Шояд аҷиб ва боварнокарданӣ бошад, ки чӣ гуна ӯ 34 сол бо як пайроҳа ба мактаб меояду боз ба хона бармегардад?   Мо, аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон”, барои аз наздик ошно гардидан бо зисту зиндагии ин омӯзгори пуртаҷриба роҳ пеш гирифтем ҷониби ноҳияи Муъминобод. Он рӯз ҳаво офтобӣ буд.   Ният доштем, ки субҳи барвақт Эмомалӣ Шарифовро аз хонааш то ба мактаб ҳамроҳӣ намоем. Аммо ҳавои пурбарф, тумани ғафс, хавфу хатари роҳ ва даррандагони гурусна каме моро ваҳшатзада намуданд. Бо Эмомалӣ Шарифов дар тамос шудем ва изҳор доштем, ки дар хонаи ӯ наҳорӣ хоҳем кард. Аз ин пешниҳоди мо ӯ хеле шод гардид ва гуфт, ки моро интизор мешавад.   Офтоб ҳанӯз тулӯъ накарда, ба роҳ баромадем. Дар он пайроҳае, ки ҳар рӯз Эмомалӣ Шарифов ба мактаб мерафт, қадам мезадем. Барфи аз ҳад зиёд ва шамоли сард ба роҳ гаштан халал мерасонд. Вале мо ба азобу мушкилиҳо нигоҳ накарда, пеш мерафтем. Барфи зиёд ва тумани ғафс пайроҳаро аз чашм пинҳон мекард ва ин ҳолат барои пайдо кардани роҳи дуруст каме мушкилӣ эҷод менамуд. Танҳо ҳарҷо-ҳарҷо изи пойҳои гургону дигар ҳайвоноти дарранда дида мешуду халос.   Пайроҳаи борике, ки аз миёни ҷангали анбӯҳ мегузашт, ба дили касе, ки бори аввал аз ин роҳ гузар менамуд, тарсҷой мекард. Акнун тасаввур кунед, ки омӯзгор Эмомалӣ Шарифов 34 сол боз бо ҳамин роҳ ба мактаб мераваду ба шогирдонаш дарс мегӯяд. Ёдовар бояд шуд, ки фарзандони ӯ ҳам ҳамин роҳро тай кардаву дар ҳамин муассиса таҳсил намудаанд ва имрӯз ҳар яке таҳсилкардаи донишгоҳу донишкадаҳои кишваранду дорои маълумоти олӣ.   Офтоб тулӯъ карду билохира манзили зисти Эмомалӣ Шарифов намудор гардид. Интизориҳои устод ва ҳамсараш, чеҳраи кушода ва истиқболи хуби онҳо нишон аз меҳру муҳаббат ва фарҳанги меҳмондӯстиашон буд. Бо даъвати устод мо дар хонаи гарми ӯ, назди оташдон наҳориро бо ҳам дидем. Сари як пиёла чой суҳбати гарм бо ин оилаи хушбахт ва тановул аз анвои хӯрданиҳои рӯйи дастархон хастагиямонро бартараф намуд. Хусусан, чашидани асали тозаи кӯҳистон, ки он ҳам маҳсули дастони ин омӯзгори пуртаҷриба буд, моро ба ваҷд овард. Акнун асрори зиндагии Эмомалӣ Шарифов барои мо аён гашт, ки ӯ чаро тарки ин манзилу макон накарда, бо ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева дар ин деҳаи дурдаст зиндагии доимиро ихтиёр кардааст.   Хонаи ӯро аз чор тараф талу теппаҳо ва ҷангалзор иҳота кардааст. Боду ҳавои мусоид, табиати нотакрор ва ҷангалу кӯҳҳо барои ин марди наку манбаи хуби даромад ба ҳисоб мераванд. Зеро Эмомалӣ Шарифов дар баробари касби омӯзгорӣ таҷрибаи 40-солаи занбӯриасалпарварӣ дорад ва аз ин соҳа даромади хубе ба даст меорад.   – Ба як мард чил ҳунар кам аст, гуфтани халқ бесабаб нест. Дар баробари омӯзгорӣ мо кӯшиш мекунем, ки боз ба дигар касбҳо шуғл варзем. Занбӯрпарварӣ барои таъмини зиндагӣ манбаи даромади хубе ба ҳисоб меравад. Даромади ин соҳа ба мо кумак намуд, то фарзандон дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намоянд ва вазъи зиндагиамон беҳтар гардад, – иброз дошт Эмомалӣ Шарифов.   Дар ин радиф ӯ ба чорводорию зироаткорӣ низ машғул аст. Аслан, кишти зироатҳоро дар замини назди ҳавлӣ ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева анҷом медиҳад. Дар вақтҳои холӣ Эмомалӣ Шарифов низ дар анҷоми ин корҳо ба ҳамсараш кумак мерсонад. Тибқи гуфтаҳои ин зани меҳнатдӯст, онҳо барои харидани сабзавоту мева ёд надоранд, ки кай ба бозор рафтаанд. Зеро маҳсулоти бо меҳнати ҳалол бадастовардаашон барои таъмини зиндагии онҳо басанда аст. Хонаи ӯ дар миёни кӯҳсор қомат афрохта бошад ҳам, аз барқу гармӣ дар зимистон танқисӣ надорад. Равшании хонаи ӯро панелҳои офтобӣ таъмин мекунанд.   Сипас мо роҳ пеш гирифтем ҷониби деҳаи Шаҳрак. Роҳи мо сӯйи таълимгоҳе буд, ки Эмомалӣ Шарифов он ҷо дарс мегуфт. Боз ҳамон роҳи пурхатар, ҳамон дашту кӯҳу ҷангал, аз ҳама муҳим, ҳамон пайроҳаи борик. Ин дафъа ин пайроҳаро ҳамроҳи Эмомалӣ Шарифов тай намудем. Дар аснои сафар омӯзгори рӯзгордидаву пуртаҷриба дар хусуси хавфу хатарҳое, ки дар ин роҳ аз сар гузаронида буд, қисса намуд. Ҳамлаи гургон, барфи зиёди зимистону боронҳои баҳорӣ дар тасаввури кас ин омӯзгорро чун қаҳрамони филм ҷилва месозад. Рӯзигул Абдуллоева ҳар рӯз субҳи барвақт ҳамсарашро гусел мекунад, то расидан ба мактаб ва шунидани занги телефону садои шавҳараш ором намегирад.   – Айёми зимистон вазъият каме мушкилтар мешавад. Дар сардиҳои зимистон, вақте ки шавҳарам аз хона мебарояд, хеле хавотир мешавам. Борҳо гуфтам, ки ақалан дар фасли зимистон тарки омӯзгорӣ намояд, аммо шавқи таълим ва меҳру муҳаббат ба касб иҷозат намедиҳад, ки шавҳарам тарки касби худ намояд. Аммо аз дигар тараф, хурсандам, ки ин заҳматҳои падари фарзандонам натиҷа додаанд ва то имрӯз даҳҳо шогирдаш дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, – нақл мекунад Р. Абдуллоева. Ӯ аз зиндагӣ бо шавҳараш Эмомалӣ Шарифов розӣ буда, шукрона мекунад, ки дар тӯли зиндагии 30-солаашон миёни онҳо ҳамеша якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт. Натиҷаи ҳамин меҳру садоқат аст, ки имрӯз онҳо бо фарзандонашон зиндагии хушбахтона доранд.   Баробари ворид шудан ба муассисаи таълимӣ, ҳамкоронаш аз Эмомалӣ Шарифов ҳолпурсӣ намуданд. Зеро онҳо низ медонанд, ки ӯ аз роҳи дур барои дарс гуфтан меояд. Зимни суҳбат бо директори муассисаи мазкур Холмурод Шарифов маълум шуд, ки зиёданд шогирдоне, ки мисли устодашон Эмомалӣ Шарифов аз деҳаҳои дурдаст барои таҳсил ба мактаб меоянд.   – Дар 34 соле, ки Эмомалӣ Шарифовро мешиносам ва бо ҳам кор мекунем, ҳамеша ҳис менамоем, ки нисбат ба касби худ ҷиддӣ муносибат мекунад. Ба дарсҳо сари вақт ҳозир шуда, бо шогирдон муносибати хуб дорад. Натиҷаи ҳамин заҳмату меҳнати устод буд, ки имрӯз шогирдони муассисаи мо дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, – мегӯяд директори муассиса Х. Шарифов.   Абдулло Қурбонзода яке аз он шогирдонест, ки имсол дар озмунҳои фаннӣ миёни хонандагони муассисаҳои миёна аз фанни таърих дар сатҳи вилоят сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид. Зимни суҳбат бо ӯ ва дигар шогирдон маълум гардид, ки муносибати омӯзгор Эмомалӣ Шарифов бо онҳо хуб буда, дарсҳоро бо тамоми нозукиҳояш мефаҳмонад ва ба суолҳои додаи онҳо пурра ҷавоб медиҳад. Метавон гуфт, дарахте, ки 34 сол боз ин омӯзгор парвариш мекунад, самараи хуб ба бор овардааст.   Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ, Набиҷони САИДАБРОР, бознашр аз рӯзномаи “Хатлон”, №22, аз 03.04.2025

    49

    18.04.2025