ДАВЛАТАЛӢ САИД: "СОЛИ 2025 ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ ЭЪЛОН КАРДА ШАВАД"

04.12.2024

4 декабр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Ба ин маросими шукуҳманд тамоми ғолибони озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷҷумҳуриявӣ, инчунин омӯзгорону волидони онҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанги вилоят даъват шуда буданд.

 

Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз намоиши дастовардҳои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар густурда буданд, дидан намуд.

 

Қисмати тантанавии ҳамоиш бо сухани шодбошии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ифтитоҳ ёфт. Бо арзи ифтихор қайд гардид, ки инак, 6 сол боз дар Тоҷикистони азизамон бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҷараён доранд, ки инқилоби маънавиро дар соҳаи илму маърифат ва фарҳангу ҳунар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба миён овардааст.

 

Баргузории ин озмунҳои сатҳи баланд, ки ҷиҳати рушди маънавии ҷомеа, дарку фаҳмиши ҷавонону наврасон ва ривоҷи фарҳангу санъати асили тоҷик мусоидат менамояд, дар самти омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дар соҳаи илму фарҳанг заминаҳои созгорро фароҳам месозанд.

 

- Боиси қаноатмандӣ аст, ки сатҳи баргузории даврҳои гуногуни озмун сол то сол беҳтар гардида, чеҳраҳои нави суханвару сухандон, донишманду соҳибзавқ дарёфт ва муаррифӣ мегарданд, - зикр намуд раиси вилоят. - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамасола ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, соли равон барои дастгирӣ ва қадршиносии ғолибону устодони онҳо, дар маҷмуъ, 1 миллиону 572 ҳазору 875 сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли гузашта 375 ҳазору 375 сомонӣ зиёд мебошад.

 

Таҷрибаи озмун нишон дод, ки он воқеан сабқате мебошад, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз осори адибони классику муосири тоҷику форс миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан, ҷавонон мусоидат мекунад.

 

Соли равон довталабони вилояти Хатлон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуда, 35 нафар (29%-и иштирокчиён) ғолибият ба даст овардаанд. Онҳо тавонистанд ба нишондоди баландтарин дар солҳои баргузории озмун ноил гардида, соҳиби 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм шаванд.

 

Дар сатҳи ниҳоии озмун вилояти Хатлон бо дастовардҳои намоён миёни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мақоми дуюмро ишғол намуда, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 9 нафар, Данғара 8, Восеъ 7, Бохтар 6, Норак, Ёвон, Вахш, Панҷ ва Фархор 1-нафарӣ ғолиби даври ҷумҳуриявӣ дониста шуданд.

 

- Бо гузашти шаш соли баргузории ин сабқати зеҳнӣ, мо тавонистем завқи китобхонии наврасонро тақвият бахшида, майлу рағбати онҳоро ба омӯхтани илм ва андӯхтани дониш зиёд намоем, ки дар ин кори пурмасъул саҳми омӯзгорон, падару модарон ва кӯшиши ҳамешагии худи довталабон хеле калон аст, - афзуд Давлаталӣ Саид.

 

Қайд гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз соли 2021 миёни шавқмандони фанҳои дақиқ эълон гардида, соли 2023 аз вилояти Хатлон 21 нафар ғолиб гардиданд, ки сол то сол зиёд шудани шумораи довталабон ва болоравии нишондодҳо ба назар мерасад.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу ҳунар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, тавассути баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд тарбия мешаванд, ки василаи муҳими муаррифии ҳунари асили тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар тӯли шаш соли баргузории даврҳои гуногуни озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо нафар дӯстдорони санъату ҳунар ба камол расида, ба саҳнаҳои калони ҳунарӣ роҳ ёфта истодаанд.

 

Соли равон теъдоди иштирокчиёни Озмун дар вилоят ба 1388 нафар расида, нишондодҳо низ аз 7 ҷойи ифтихорӣ дар соли 2019 ба 16 ҷой дар соли равон баробар гардид.

 

Рафти баргузории озмунҳо нишон дод, ки шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, кишоварзон, нафақагирон ва намояндагони касбу кори гуногун ба мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср афзун гаштааст. Ҳамзамон, ин озмунҳо дар муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути илму ҳунар василаи беҳтарин дониста мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёмҳояшон таъкид менамоянд: «Ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замон бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».

 

Вобаста ба ин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пешниҳод намуд, ки бо мақсади тақвият додани сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон, дар вилояти Хатлон соли 2025 - Соли фарҳанги китобхонӣ эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкурро иштирокчиёни ҳамоиш гарм истиқбол ва ҷонибдорӣ намуданд.

 

Раиси вилоят барои таваҷҷуҳи минбаъда ба заҳмату талош ва ҳавасмандии тамоми иштирокчиёни озмун ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, тамоми иштирокчиёни даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро барои сазовор шуданашон ба ҷойҳои ифтихорӣ самимона табрику таҳният гуфт.

 

Ба ҳамаи ҷоизадорон аз номи раиси вилоят Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

 

Дар идома барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ, ки асосан аз ҳунарнамоии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таркиб ёфта буд, манзури аҳли толор гардид.

 

РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"

  • ДАВЛАТАЛӢ САИД: "СОЛИ 2025 ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ ЭЪЛОН КАРДА ШАВАД" img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ Имрӯз (04.02.2025) вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳои Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳ боздид намуд.   Зимни боздид ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ва намояндагони сохторҳои дахлдори Донишгоҳ аз фаъолияти Институти илмию таҳқиқотӣ сухан намуда, таъкид доштанд, ки Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллӣ дар зарфи беш аз 20 соли фаъолияти худ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Он яке аз марказҳои асосии пажӯҳиш ва таҳқиқот дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.   Имрӯзҳо дар пояи Институт як қатор мактабҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои физика, математика, химия, биология, геология, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва иқтисодӣ амал мекунанд ва ин мактабҳо аз ҷониби олимони кишварҳои дохил ва хориҷи кишвар эътироф гардидааст.   Ёдовар мешавем, ки озмоишгоҳҳои Институт дорои дастгоҳҳои наву замонавӣ барои самтҳои илми химияву биотехнология, аз қабили «Электроспиннинги як насоса», «Спитеринг», «Инфиҷори электрикӣ» ва «Спектрофотометри нури дугона» мебошад, ки дар самти татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 – 20240 ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ мусоидат менамояд.

    40

    04.02.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1-уми феврали соли 2025 дар ноҳияи Дӯстӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф,директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.   Нахуст, вазири маориф ва илм ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илмро оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва дар маҷмуъ таҳлили вазъи соҳаи маорифи минтақаи Бохтарро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.   Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон” шунида шуд.   Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, фарогирии пурраи хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, вазъи муассисаҳои таълимӣ дар давраи зимистони соли 2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти тарбияи кӯдак” равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.   Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода баромад карда, ба гурӯҳи кории вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифи вилоят ва баргузории ҷаласаи сайёр изҳори сипос намуда, баргузории ҷаласаи мазкурро амри зарурӣ маънидод кард. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.   Дар охир, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҷиҳати босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо вазифадорем, фарзандонамонро хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва забон омӯзонем,аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор намоем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода созем, ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем, дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    104

    01.02.2025
  •  img
    Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини давлатҳои хориҷӣ 31 январ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд.   Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Кэтрин Эллен Смиттон, Япония хонум Фурута Кэйко, Ҷумҳурии Корея Ҷон Сонг Шик, Давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналдин, Австрия хонум Андреа Бахер, Италия Пиер-Габриеле Пападиа де Боттини де Сант Анезе, Канада Кристофер Дагган, Австралия Ҷон Уилям Гиринг, Алҷазоир Муҳаммад Ирқӣ, Сомалӣ Фатҳудин Алӣ Моҳамед Биау, Камбоҷа Сок Чеа ва Боливарии Венесуэла Кристофер Алберто Мартинез Берротеран эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.   Изҳори итминон карда шуд, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ ба  таҳкими робитаҳои миёни кишварҳои худ ва Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.   “Сиёсати хориҷии давлати мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ нигаронда шудааст”, - таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо доираи васеи кишварҳои ҷаҳон ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби бисёрҷониба дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиати муштарак равобити фаъолу созанда роҳандозӣ намудааст.   Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Япония, Ҷумҳурии Корея, Давлати Фаластин,  Австрия, Италия, Канада, Австралия, Алҷазоир, Сомалӣ, Камбоҷа ва Венесуэлаи Боливарианӣ  андешаронӣ намуданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сафирони навтаъинро ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу  иқлим ҷалб намуданд.   Ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум ва робитаҳои пурсамари байнидавлатӣ аз мавзӯоти дигари суҳбат буд.   Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳо комёбӣ хоста, ба сарварони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.    Дар охири маросим миёни Пешвои миллат ва сафирони навтаъин суҳбати озоду самимӣ доир гардид.  

    112

    31.01.2025