ФОРУМИ ДУЮМИ МИЛЛИИ КОМИССИЯҲО ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БАРГУЗОР ГАРДИД
20.11.2024
Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва ба муносибати таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, имрӯз, 20-уми ноябри соли 2024 дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Форумро муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи он равона гардида, кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои аъзои ИДМ 26-уми октябри соли 1993 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид. Бо мақсади татбиқи талаботҳои Конвенсияи мазкур соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» қабул карда шуд.
Дар идома вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдор баҳри ҳифзу ҳуқуқҳои кӯдакон як қатор чораҳо, аз ҷумла, таъмини пурраи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил дар кишвар, қабули Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати кӯдак дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайраро амалӣ намуд. Дар доираи ин иқдомот акнун кӯдакон вобаста ба ҳар як зӯроварие, ки нисбат ба онҳо дар муассисаи таълимӣ ва ҳатто дар муҳити оила содир мегардад, метавонанд ба омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ муроҷиат намоянд. Дар навбати худ омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки муроҷиати кӯдаконро қабул намуда, нисбат ба он чораҳои дахлдор андешанд.
Дар идомаи Форум роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ректори Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ширкаткунандагон вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак суханронӣ намуданд.
Сипас, ба хотири пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун 67-умин кишвар дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак тугмаи рамзӣ пахш карда шуд.
Бояд гуфт ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла, ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо ва таҳлили оммавигардонии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 31 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад. Ҳамасола 20 ноябр дар тамоми дунё Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил гардида, он ба некӯаҳволии кӯдакон дар саросари ҷаҳон равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расониданд, ки соли равон аз тасвиби ин Конвенсия 31 сол сипарӣ гардид. Дар мамлакат барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон