ИСТИҚБОЛ АЗ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ASMOPSS»

19.11.2024

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фазои тантанавӣ бо ширкати масъулони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, хонандагон, омӯзгорон ва волидайн, ғолибону иштирокдорони Олимпиадаи байналмилалии «ASMOPSS», ки рӯзҳои 11-16 ноябри соли 2024 дар Ҷумҳурии Индонезия баргузор гардида буд, истиқбол гирифта шуданд.

 

Дар олимпиадаи мазкур хонандагони то синни 13-сола ширкат варзида, Тоҷикистонро 9 нафар хонандаи Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Ҳисор намояндагӣ намуданд. Аз ин миён се нафар хонанда – Ансор Ваҳҳобов соҳиби ҷойи II, Салим Мирзоев ва Салмон Қурбонмамадов соҳиби ҷойи III гардидаанд. Дастоварди мазкур баёнгари рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар ва афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ буда, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии хонандагон ва омӯзгорони кишвар мебошад.

 

Бояд ёдовар шуд, ки Олимпиадаи мазкур аз соли 2018 инҷониб дар Ҷумҳурии Индонезия, бо иштироки хонандагони кишварҳои Тайланд, Ветнам, Филиппин, Ҳонконг, Малайзия ва дигар давлатҳо аз фанҳои математика ва табиатшиносӣ дар сатҳи миёна баргузор гардида, барои омода шудан ба олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи баланд ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

  • ИСТИҚБОЛ АЗ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ASMOPSS» img
  • ИСТИҚБОЛ АЗ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ASMOPSS» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҚАДАМ БА ҚАДАМ ТО САТҲИ ҶАҲОНӢ: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «IBO-2025» Имрӯз, 19-уми ноябр, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» даври аввали интихобии Олимпиадаи байналмилалии «IBO-2025» бо иштироки 80 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимии кишвар баргузор гардида, аз миёни онҳо 30 нафар ба даври дуюм роҳхат меёбад.   Бояд тазаккур дод, ки Олимпиадаи байналмилалии «IBO-2025» аз фанни биология, рӯзҳои 20-27 июли соли 2025 дар шаҳри Кесони кишвари Филиппин миёни хонандагони 80 давлат баргузор мегардад.

    37

    20.11.2024
  •  img
    ФОРУМИ ДУЮМИ МИЛЛИИ КОМИССИЯҲО ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БАРГУЗОР ГАРДИД Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва ба муносибати таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, имрӯз, 20-уми ноябри соли 2024 дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.   Дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Форумро муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи он равона гардида, кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои аъзои ИДМ 26-уми октябри соли 1993 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид. Бо мақсади татбиқи талаботҳои Конвенсияи мазкур соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» қабул карда шуд.   Дар идома вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдор баҳри ҳифзу ҳуқуқҳои кӯдакон як қатор чораҳо, аз ҷумла, таъмини пурраи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил дар кишвар, қабули Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати кӯдак дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайраро амалӣ намуд. Дар доираи ин иқдомот акнун кӯдакон вобаста ба ҳар як зӯроварие, ки нисбат ба онҳо дар муассисаи таълимӣ ва ҳатто дар муҳити оила содир мегардад, метавонанд ба омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ муроҷиат намоянд. Дар навбати худ омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки муроҷиати кӯдаконро қабул намуда, нисбат ба он чораҳои дахлдор андешанд.   Дар идомаи Форум роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ректори Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ширкаткунандагон вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак суханронӣ намуданд.   Сипас, ба хотири пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун 67-умин кишвар дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак тугмаи рамзӣ пахш карда шуд.   Бояд гуфт ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла, ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо ва таҳлили оммавигардонии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 31 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад. Ҳамасола 20 ноябр дар тамоми дунё Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил гардида, он ба некӯаҳволии кӯдакон дар саросари ҷаҳон равона шудааст.   Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расониданд, ки соли равон аз тасвиби ин Конвенсия 31 сол сипарӣ гардид. Дар мамлакат барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    50

    20.11.2024
  •  img
    Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд 17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.   Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.   Иншоот дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта, дастрасии ятимонро ба таҳсили босифат таъмин месозад.   Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш тарҳи муосир дошта, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.   Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд.   Дар маҷмуъ 20 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус метавонанд донишу ҳунар, истеъдод ва эҳсоси худшиносии тарбиятгирандагонро дар шароити мусоид тақвият бахшанд.   Иншооти варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талабот бунёд шудааст ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба машқу тамрин замина мегузорад.   Зиндагии тарбиятгирандагон дар хобгоҳи дорои шароити сатҳи баланд интиҳои ташвишу нигаронии онҳо шуда, ба камолоти онҳо дар муҳити солим замина мегузорад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити будубош ва таълиму тарбия дар Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ба гурӯҳи соҳибкорон изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро намунаи олии инсондӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбари давлат маънидод карданд.   Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.   Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 дар деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан, аз ҷумлаи онҳо мебошад.   Муассиса дорои 11 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 30 нафар омӯзгори соҳибтахассус метавонанд раванди таҳсили хонандагонро дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монанд.   Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар деҳаи Порвени деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент норасоии ҷойи нишаст ва дигар мушкили самти таҳсил дар деҳоти мазкурро бартараф намуд. Иншоот дорои 12 синфхона буда, дар он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 320 хонанда дар ду баст вуҷуд дорад.   Бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94, ки дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт, сифати таълиму тадриси хонандагонро боз ҳам беҳтар менамояд. Бинои иловагии таълимӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат бунёд шуда, дорои 6 синфхона мебошад.   Ба ҳамин тариқ дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 ифтитоҳ ёфт. Иншоот бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш мебошад. Бо бунёди муассисаи нави соҳаи маориф имкон аст, ки 1280 хонанда дар ду баст ва дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифта шаванд.   Бунёди 4 иншооти соҳаи маориф, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ифтитоҳ шуд, ба таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кории нав ва барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани 2000 хонанда дар ду баст дар вилояти Суғд мусоидат менамояд.   Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ кӯдакону наврасони ятим мулоқот намуданд.   «Таваҷҷуҳ ба ҳалли мушкилот ва дар муҳити солим ба воя расонидани кӯдакони ятиму бепарастор дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад ва мо намегузорем, ки Шумо лаҳзае худро бекасу танҳо бубинед»-таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Сипас Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 120 нафар наврасону ҷавонони ниёзманд маҷмуи сару либос, ширинӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим намуда, аз онҳо омӯзиши илму ҳунари мутобиқ ба замони муосирро талаб карданд.

    111

    17.11.2024