Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

16.01.2025

Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри Миллат идома ёфт.

 

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона хайра мақдам гуфта, зикр намуданд, ки “мардумони Тоҷикистону Эронро муштаракоти безаволи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд”.

 

Таъкид гардид, ки “нақши муассири ин муштаракот дар таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамкеш ва бародари мо сол ба сол бештар эҳсос мегардад”.

 

Аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 

Зимни музокирот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорию гардишгарӣ, амният, илму фарҳанг, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

 

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла коркарди маъдан, истеҳсоли масолењи сохтмон, хӯрокворӣ, доруворӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз зарфиятҳои нақлиётиву транзитии Эрон, бахусус бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба нафъи ҳарду ҷониб номида шуд.

 

Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон  160 ширкат бо сармояи эронӣ фаъолият дорад ва соли 2024 ҳаҷми интиқоли молу коло нисбат ба ду соли пеш 3,2  баробар афзоиш ёфт.

 

Фаъолгардонии бештари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, кори мунтазами Шўро ва Кумитаи муштараки соҳибкориву сармоягузорӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 ва Нақшаи роҳи он муҳим дониста шуд.

 

Ба зарурати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Тавсеаи минбаъдаи равобити байнипарлумонӣ ангезаи муҳимми қаробату наздикии бештари ду ҷониб арзёбӣ карда шуд.

 

 Ду ҷониб таҳкиму тавсеаи робитаҳои илмиву фарҳангиро муҳим дониста,  алоқамандии худро ба роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи арзишҳо ва мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ иброз доштанд.

 

Табодули андешаҳо, ҳамчунин, атрофи мавзӯъҳои гуногуни ҳамкорӣ доир ба масоили минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду кишвари дӯст ҷараён гирифт. Дар ин робита зарурати ҳамкории ҳамоҳанг дар минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберӣ таъкид карда шуд.

  • Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон img
  • Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон img
  • Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон img
  • Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ Имрӯз (04.02.2025) вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳои Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳ боздид намуд.   Зимни боздид ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ва намояндагони сохторҳои дахлдори Донишгоҳ аз фаъолияти Институти илмию таҳқиқотӣ сухан намуда, таъкид доштанд, ки Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллӣ дар зарфи беш аз 20 соли фаъолияти худ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Он яке аз марказҳои асосии пажӯҳиш ва таҳқиқот дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.   Имрӯзҳо дар пояи Институт як қатор мактабҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои физика, математика, химия, биология, геология, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва иқтисодӣ амал мекунанд ва ин мактабҳо аз ҷониби олимони кишварҳои дохил ва хориҷи кишвар эътироф гардидааст.   Ёдовар мешавем, ки озмоишгоҳҳои Институт дорои дастгоҳҳои наву замонавӣ барои самтҳои илми химияву биотехнология, аз қабили «Электроспиннинги як насоса», «Спитеринг», «Инфиҷори электрикӣ» ва «Спектрофотометри нури дугона» мебошад, ки дар самти татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 – 20240 ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ мусоидат менамояд.

    35

    04.02.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1-уми феврали соли 2025 дар ноҳияи Дӯстӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф,директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.   Нахуст, вазири маориф ва илм ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илмро оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва дар маҷмуъ таҳлили вазъи соҳаи маорифи минтақаи Бохтарро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.   Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон” шунида шуд.   Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, фарогирии пурраи хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, вазъи муассисаҳои таълимӣ дар давраи зимистони соли 2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти тарбияи кӯдак” равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.   Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода баромад карда, ба гурӯҳи кории вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифи вилоят ва баргузории ҷаласаи сайёр изҳори сипос намуда, баргузории ҷаласаи мазкурро амри зарурӣ маънидод кард. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.   Дар охир, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҷиҳати босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо вазифадорем, фарзандонамонро хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва забон омӯзонем,аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор намоем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода созем, ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем, дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    99

    01.02.2025
  •  img
    Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини давлатҳои хориҷӣ 31 январ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд.   Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Кэтрин Эллен Смиттон, Япония хонум Фурута Кэйко, Ҷумҳурии Корея Ҷон Сонг Шик, Давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналдин, Австрия хонум Андреа Бахер, Италия Пиер-Габриеле Пападиа де Боттини де Сант Анезе, Канада Кристофер Дагган, Австралия Ҷон Уилям Гиринг, Алҷазоир Муҳаммад Ирқӣ, Сомалӣ Фатҳудин Алӣ Моҳамед Биау, Камбоҷа Сок Чеа ва Боливарии Венесуэла Кристофер Алберто Мартинез Берротеран эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.   Изҳори итминон карда шуд, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ ба  таҳкими робитаҳои миёни кишварҳои худ ва Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.   “Сиёсати хориҷии давлати мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ нигаронда шудааст”, - таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо доираи васеи кишварҳои ҷаҳон ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби бисёрҷониба дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиати муштарак равобити фаъолу созанда роҳандозӣ намудааст.   Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Япония, Ҷумҳурии Корея, Давлати Фаластин,  Австрия, Италия, Канада, Австралия, Алҷазоир, Сомалӣ, Камбоҷа ва Венесуэлаи Боливарианӣ  андешаронӣ намуданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сафирони навтаъинро ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу  иқлим ҷалб намуданд.   Ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум ва робитаҳои пурсамари байнидавлатӣ аз мавзӯоти дигари суҳбат буд.   Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳо комёбӣ хоста, ба сарварони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.    Дар охири маросим миёни Пешвои миллат ва сафирони навтаъин суҳбати озоду самимӣ доир гардид.  

    109

    31.01.2025