05.04.2025

 img

5-уми апрели соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода якҷо бо раиси ноҳияи Кӯшониён Муҳаммадшариф Холзода филиалҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Кӯшониёнро дар деҳаҳои Кӯҳсор ва Боғдараи Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия мавриди истифода қарор доданд.

 

Муассисаҳои таълимӣ ҳар кадом дорои 4 синфхона буда, барои 100 нафар хонанда ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст.

 

Зимни ифтитоҳи муассисаҳо вазири маориф ва илм дар суҳбат бо омӯзгорону волидон ва хонандагон қайд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба таври чашмрас рушд намуда, камбудиҳои ҷойдошта давра ба давра ҳалли худро пурра ёфта истодаанд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи рӯзафзун аст, ки имрӯз дар дурдасттарин деҳоти кишвар муассисаҳои наву замонавӣ бо муҳайё намудани тамоми имконияту шароитҳо сохта ба истифода дода мешаванд.

 

Вазири маориф ва илм дар суҳбат бо хонандагони муассисаҳои таълимии мазкур таъкид намуд, ки ҳарчи бештар хонанд, омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд ва дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намоянд.

 

Ҳамчунин, аз омӯзгорону волидон даъват ба амал оварда шуд, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда истифода намуда, баҳри саводнок намудани фарзандони худ тамоми кӯшиши худро равона созанд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН img
  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН img
  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ КОР ВА ЗИНДАГӢ» 16 апрели соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ» баргузор гардид.   Дар конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, муовинони вазири маориф ва илм, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизэн, директори «Алиф Бонк» Гуланор Атобекова, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок доштанд.   Дар оғози кори конфренсия иштирокдорон аз намоишгоҳи озмоишгоҳҳои иноватсионии марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боздид намуданд. Сипас зимни ифтитоҳи конфренсия муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, зикр намуд, ки низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар эътироф гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар ислоҳоти он пайгирона ва бомаром идома ёфта истодааст.   Сипас вазири маориф ва илм қайд кард, ки мақсад ва ҳадафи фаъолияти низоми маорифи дилхоҳ кишвар, пеш аз ҳама ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва давлату миллат равона шуда, масъалаи рушди касбият ва таҳкими захираҳои инсонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаётан муҳимми ин соҳа ба шумор меравад. Бо дарки амиқи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатии иҷтимоии хеш дасгирии пайвастаро ҷорӣ намуда, навгониҳои олами илму таҳсилотро ба низоми таҳсилоти миллӣ яке аз шартҳои асосии баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва дар ин замина, ба камол расонидани насли наврасу соҳибихтиёрро калиди муваффақияти аҳли илму маориф медонанд.   Дар идома, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар ва дигар иштирокдорони ҷаласа суханронӣ намуданд.   Гуфта шуд, ки тавассути ҳамкориҳои муштараки байни Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар шарикони рушд, ташаббуси «Аз таҳсил ба даромад»-ро роҳандозӣ намудаанд. Ин ташаббус на танҳо як барнома, балки як биниш аст, ки дар он ҳар як ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва салоҳиятҳои заруриро барои табдил додани таҳсилот ба даромад ба даст меорад ва норасоии муҳимми байни таҳсил ва шуғлро бартараф месозад ва ҷавонони моро бо абзорҳое, ки барои комёб шудан дар ҷаҳони босуръат тағйирёбанда зарур аст, мусаллаҳ мегардонад.   Дар ҷараёни конференсия, натиҷаҳо ва таҷрибаҳои татбиқи лоиҳаи «Такмили маҳорату малакаҳои наврасон барои гузариш аз муҳити таълимӣ ба бозори меҳнат»-ро, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки барномаи мазкур беш аз 43000 наврасу ҷавонро фаро гирифта, заминаи мусоиди рушди захираҳои инсонӣ ва гузариш ба бозори меҳнатро фароҳам сохтааст.   Бояд гуфт, чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои марбут ба рушди малакаҳои наврасону ҷавонон дар заминаи муносибати босалоҳият ба таълим, рақамикунонии соҳаи маориф ва таҳкими нақши таҳсилоти миёнаи касбӣ бахшида шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    45

    16.04.2025
  •  img
    ДУЮМИН ФЕСТИВАЛ - НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ РАСМАН ИФТИТОҲ ГАРДИД 15 апрели соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дуюмин Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид.   Дар ифтитоҳи расмии фестивал - намоишгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм, сафирони як қатор давлатҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 82 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико иштирок намуданд.   Сараввал, зимни сухани ифтитоҳӣ Дилрабо Мансурӣ аз робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ёдовар шуда иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли се даҳсола барои рушди бештари соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус маорифи миллӣ заминаҳои мусоидро фароҳам намудааст. Дар идома муовини Сарвазири кишвар иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки фестивал-намоишгоҳи мазкур соли дуюм аст, ки дар фазои илму таҳсилоти Тоҷикистон чун анъанаи неки ҳамгироии таҳсилотӣ доманаи фарогирии худро зиёд намуда истодааст. Бо туфайли чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ намояндагони соҳаи илму моарифи кишварҳои мухталиф имкон ба даст меоранд, ки имконият ва дастовардҳои соҳаи маориф ва муассисаи худро муаррифӣ намуда, шарикони нави ҳамкорӣ пайдо кунанд ва бахшҳои барои ҷонибҳо манифиатдорро боз ҳам тавсеаву рушд диҳанд.   Сипас вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки мақсад ва ҳадафи фаъолияти низоми маорифи дилхоҳ кишвар пеш аз ҳама ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ ва давлату миллат равона шуда, масъалаи рушди касбият ва таҳкими захираҳои инсонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаётан муҳимми ин соҳа ба шумор меравад. Бо дарки амиқи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар сиёсати давлатии хеш мақоми мактабу морифро дар меҳвари асосӣ ҷой додаанд. Маҳз бо дастгирӣ ва талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таъсис дода шудааст, ки ҷавонони дорои маҳорат ва малакаи баланди забондон тавассути ин стипендия аллакай дар даҳҳо муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ таҳсил намуда истодаанд, ки оянда бо истифода аз донишҳои замони муосир дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.   Гуфта шуд, ки фестивали мазкур барои ҳама ширкаткунандагон имконоти бузург ва майдони муносибе ҷиҳати ҳамгироии таҷриба, муайянсозии самтҳои нави ҳамкорӣ, мубодилаи афкор ва муаррифии низоми таҳсилотро фароҳам оварда, масири нави муносибатҳои бисёрҷанбаро дар соҳаи маориф асос мегузорад.   Дар идомаи қисмати ифтитоҳии фестивал - намоиш сафирони як қатор давлатҳо ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар оид ба шароити таҳсил, будубош, рушди ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни ҳам суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ карданд.   Итминон комил карда шуд, ки баргузории дуюмин Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маорифи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкориҳои соҳаи илму марифи кишварҳои ширкаткунанда саҳми арзанда гузошта, инчунин барои уфуқҳои нави ҷаҳони илму таҳсилот ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ -инноватсионӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.   Баъд аз ифтитоҳи расмии дуюмин Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкаткунандагон аз рӯзи дуюми намоишгоҳи муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ дар “Маркази ЭКСПО – Душанбе” дидан намуданд.   Ёдовар бояд шуд, ки Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ барои шиносоии пурраи ҷавонону наврасони кишвар бо дастоварду имкониятҳои донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба ин муассисаҳо, дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ фаро гирифтани ҷавонони мамлакат ва ба ин васила кам намудани таъсири хурофот ва радикализми динӣ ба тафаккури ҷомеа, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.   Фестивал – намоишгоҳи мазкур рӯзи гузашта дар “Маркази ЭКСПО – Душанбе” бо иштироки 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазокистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус шуруъ шуд, ки аз он дар рӯзи аввал зиёда аз 6 ҳазор хонандаву толибилм дидан намуданд. Баргузории Фестивал – намоишгоҳ аз 14 то 18 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар назар дошта шудааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    114

    15.04.2025
  •  img
    ОЗМОИШИ МАҲАЛЛИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 14-уми апрели соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода дар оғози расмии баргузории давраи озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок намуд.   Зимни боздиди муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки арзёбии байналмилалии PIRLS бо фарогирии 1181 нафар хонандагони синфҳои 4-ум дар 42 муассисаҳои таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври озмоишӣ гузаронида мешавад.   Муовини вазири маориф ва илм бо иштирокдорони арзёбии мазкур вохӯрӣ анҷом дода, иброз дошт, ки арзёбии байналмилалии PIRLS яке аз муҳимтарин таҳқиқоти ҷаҳонӣ оид ба сатҳи хониши хонандагони синфи 4-ум аст, ки дар он на танҳо малакаи хондан, балки қобилияти фаҳмидану дарки матн низ санҷида мешавад ва шумо аввалин хонандагоне мебошед, ки дар арзёбии байналмилалии мазкур ба таври озмоишӣ иштирок мекунед. Ҳамзамон муовини вазири маориф ва илм зикр кард, ки баъд аз ҷамъбасти озмоиши мазкур барои омода кардани хонандагони синфҳои 3-юм барои баргузории он ба таври расмӣ дар соли оянда, мо, маорифчиёни кишваррро мебояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода барем.   Гуфта шуд, ки озмоиши арзёбии байналмилалии мазкур аз ду қисм иборат буда, дар он матнҳо, аз ҷумла ҳикоя, қисса, афсона ва матнҳои гуногун истифода бурда мешавад ва хонандагонро зарур аст, вобаста ба матнҳои пешниҳодшуда қобилияти фаҳмидану дарки матнро истифода баранд.   Маврид ба зикр аст, ки таҳқиқоти мазкур дар байни хонандагони синфҳои 4-уми зиёда аз 60 кишвари дунё бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ бо таври маҷозӣ ё офлайн баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори аввал озмоиши мазкур доир мегардад, ба таври офлайн ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи он баҳодиҳии низоми таълим дар саросари ҷаҳон тавассути санҷиши малакаҳо ва донишҳои таълимгирандагони синфҳои 4-ум дар кишварҳои ширкаткунанда мебошад.   Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва иштирок дар таҳқиқоти мазкур, айни ҳол дар 42 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба таври пилотӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 баргузор мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    82

    14.04.2025