11.04.2025

 img

11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид.

 

Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи  иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

 

Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд.

 

Сипас, кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома ёфт.

 

Дар идомаи иҷлосия муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва онҳо низ дар навбати худ дар назди ҳозирин сухан гуфта, савганди садоқат ёд намуданд.

 

Сипас дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ намуданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти онро ба муносибати интихоб ва таъин шуданашон табрик гуфта, барои амалӣ кардани салоҳиятҳои пурмасъулияташон ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

 

Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд.

 

“Бо дарназардошти таъмини ҳадафҳои рушди дарозмуддат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум бояд қонунҳое таҳия карда шаванд, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ободонии деҳот, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ равона шуда бошанд”, изҳор доштанд Пешвои миллат.

 

Дар ин зимн Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо дигар субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамкории наздик ва доимӣ дошта бошанд.

 

Ҳамчунин иброз гардид, ки қонунҳо бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд.

 

Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ дар татбиқи саривақтии дурнамо ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд, саноатикунонии босуръати кишвар, “иқтисоди сабз”, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои мухталифи он, гузариши пурра ба “ҳукумати электронӣ”, пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд саҳми намоён дошта бошанд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сифат ва шароити зиндагии аҳолии кишвар, ноилшавӣ ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва гузариш ба модели иқтисодии ба саноат асосёфта дар маркази фаъолияти масъулон қарор дошта бошад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ҳангоми таҳия ва ҷонибдории қонунҳо заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди ҳама сатҳҳо ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва амалишаванда будани онҳоро низ аз мадди назар дур намонанд.

 

Дар робита ба вазъи бисёр мураккабу печида ва душвору хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем, ҳамеша бо мардум бошем, тамоми сохтору мақомот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин самт сафарбар созем”.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла ноилшавии пурра ба истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул зарур аст.

 

Таъкид карда шуд, ки танҳо дар ҳамкории зичи масъулин бо мардум имкон аст, ҳамаи имкониятҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати маъдан, сабук ва хӯрокворӣ, таъмин гардад ва ба ин васила ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани содироти молу маҳсулоти тайёри ватанӣ бо арзиши баланди иловашуда роҳандозӣ шавад.

 

Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикргардида ба бозори истеъмолӣ, аз масъалаҳое буданд, ки ба онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Масъулияти баланди аъзои Маҷлиси миллӣ ва маъсулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда таъкид гардид.

 

Дар робита ба омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ, зарур шумурда шуд, ки корҳои ободонӣ аз ҳар як оила то деҳоти дурдасттарин вусъат дода шуда, иҷрои супоришҳо дар ин самт, аз ҷумла доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муҳлати муқарраргардида таъмин гардад.

 

Масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар назорати истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, таъкид гардид.

 

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ки то ба сатҳи ҷавобгарии ҷиноятӣ расондани масъулият барои истифодаи ғайриқонунӣ ва напардохтани маблағи барқро пешбинӣ менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки талаботи нав бояд ба мардум хуб фаҳмонда шавад, то ки бохабар бошанд ва риоя кунанд, худро ба мушкилиҳои нав, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ дучор насозанд.

 

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Маҷлиси миллиро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонунияту тартибот, волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки аъзои нави он бо истифода аз донишу таҷрибаи худ дар ин самт бояд кӯшиши зиёд анҷом диҳанд.

 

Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ба кори худ идома бахшид.

  • Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум img
  • Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум img
  • Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ ОЗМОИШИ МАҲАЛЛИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS Имрӯз, 18 апрели соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти баргузории давраи озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанбе дидан намуд.   Вазири маориф ва илм зимни боздид аз рафти баргузории давраи озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS бо хонандагон суҳбат доир намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дурбинонаи хеш соҳаи маорифро дар ҷойи аввал гузошта, барои рушди рӯзафзуни он дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаро равона намуданд. Шумо, хонандагони азиз, насли хушбахте мебошед, ки дар беҳтарин шароит таҳсил намуда истодаед. Ҳамзамон, шумо аввалин хонандагоне мебошед, ки дар арзёбии байналмилалии PIRLS ба таври озмоишӣ иштирок доред. Арзёбии мазкур яке аз муҳимтарин таҳқиқоти ҷаҳонӣ оид ба сатҳи хониши хонандагони синфи 4-ум аст, ки дар он на танҳо малакаи хондан, балки қобилияти фаҳмидану дарки матн низ санҷида мешавад.   Сипас, вазири маориф ва илм бо падару модарони хонандагони муассисаи таълимии мазкур вохӯрии самимӣ баргузор намуда, аз таваҷҷуҳу бетараф набудани онҳо нисбат ба ояндаи фарзандон ва огоҳии пайвастаашон аз раванди таълим дар муассиса изҳори сипос намуд. Дар ҷараёни суҳбат, вазир бар зарурати мустаҳкамсозии робитаи мактаб ва хонадон таъкид намуда, падару модаронро ба ҳамкории фаъол ва доимӣ бо омӯзгорон даъват кард. Таъкид шуд, ки танҳо бо шарикии созанда байни оила ва мактаб метавон заминаи таҳкими ахлоқ, дониш ва комёбиҳои минбаъдаи насли наврасро фароҳам овард.   Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки арзёбии байналмилалии PIRLS бо фарогирии 1181 нафар хонандагони синфҳои 4-ум дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври озмоишӣ гузаронида мешавад. Гуфта шуд, ки озмоиши арзёбии байналмиллалии мазкур аз ду қисм иборат буда, дар он матнҳо, аз ҷумла ҳикоя, қисса, афсона ва матнҳои гуногун истифода бурда мешавад ва хонандагон вобаста ба матнҳои пешниҳодшуда қобилияти фаҳмидану дарки матнро истифода мебаранд.   Маврид ба зикр аст, ки таҳқиқоти мазкур дар байни хонандагони синфҳои 4-уми зиёда аз 60 кишвари дунё бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ бо таври маҷозӣ ё офлайн баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори аввал озмоиши мазкур доир мегардад, ба таври офлайн ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи он баҳодиҳии низоми таълим дар саросари ҷаҳон тавассути санҷиши малакаҳо ва донишҳои таълимгирандагони синфҳои 4-ум дар кишварҳои ширкаткунанда мебошад.   Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва иштирок дар таҳқиқоти мазкур, айни ҳол дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба таври пилотӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 баргузор мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    71

    18.04.2025
  •  img
    Кӯшониён: Ҷаласаи ҷамъбастӣ ва таҳлили вазъи соҳаи маориф дар семоҳаи якуми соли 2025 Санаи 17-уми апрели соли равон дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷаласаи ҷамъбастӣ ва натиҷагирии рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф, дар семоҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид.   Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати маорифи вилоят Зиёдулло Абдулзода, раиси ноҳия Холзода Муҳаммадшариф Муҳаббат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва дигар масъулини сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.   Ҷаласаро раиси ноҳия ифтитоҳ бахшида, дар баромади худ ва муовинонаш доир ба натиҷаҳои фаъолият дар самтҳои гуногун — аз ҷумла таъмиру нигаҳдории роҳҳои дохили шаҳрак, пардохти қарзи бонкӣ ва андоз, истифодаи самараноки захираҳои об, ҳолати қубурҳо ва латокҳои фарсуда, инчунин татбиқи лоиҳаҳои нав барои бунёди синфхонаҳои муосир — гузориши муфассал пешниҳод намуданд.   Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илм дар баромади худ таъкид намуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои марбут ба рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла маориф, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, саноатикунонӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот бояд ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулон қарор дошта бошанд.   Мавсуф афзуд, ки Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: «Рушду пешрафти соҳаи маориф кафили ояндаи дурахшони давлат ва миллат мебошад. Бинобар ин, омӯзгорон бояд дар замири насли наврас эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати ҳуқуқиву дунявиро таҳким бахшанд».   Дар идома, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода доир ба иҷрои супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба татбиқи ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаи волидайн бо муассисаҳои таълимӣ, афзоиши иштироки хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дастгирии омӯзгорони ҷавон суханронӣ намуданд.   Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли фарҳанги китобхонӣ», таваҷҷуҳи махсус ба китобхонаҳо, ташкили маҳфилҳои хониш ва боло бурдани сатҳи маърифати китобдӯстӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба роҳ монда шавад.   Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа, ба масъулони соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими фаъолият дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ дода шуд. Инчунин, як қатор фаъолони ноҳия бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.   Хадамоти матбуоти  Раёсати маорифи вилояти Хатлон

    76

    17.04.2025
  •  img
    Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.   Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида мебошад.   Таъкид гардид, ки бо мақсади муайян намудани хисороти расида аз ин офати табиӣ ва ташкили корҳои бартарафсозӣ оқибатҳои он ба таври фаврӣ Комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар ва дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳо таъсис ёфта, ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафарбар гардид.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқибатҳои заминҷунбӣ ва ташкили корҳои бартарафсозӣ роҳбари Комиссияи ҳукуматӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарони як қатор мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод гузориш доданд.   Гуфта шуд, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.   Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  дигар иншоот зарар дидаанд.   Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.   Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корҳо оид ба дақиқ намудани ҳаҷми пурраи хисорот идома дорад.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузориши шахсони масъул барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминҷунбӣ, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёриву ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас доданд.   Аз ҷумла, Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ноҳиявии Рашту Тоҷикобод вазифадор гардиданд, ки оид ба муайян намудани хисороти расида аз заминҷунбӣ,  ташкили корҳои бартарафсозӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ пурра бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фавран чораҳои зарурӣ андешанд.   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва дигар сохторҳои марбута аз Роҳбари давлат супориш гирифтанд, ки ҳаҷм ва маблағи зарари расидаро бо дарназардошти рӯйхати оилаҳои хонаҳояшон пурраву қисман вайроншуда ва дигар бинову иншооти зарардида фавран муайян намоянд.   Ҳамчунин дастур дода шуд, ки шахсони масъул дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардидаи комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рӯйхати аниқшудаи оилаҳои зарардидаро барои расонидани кумакҳои яквақтаинаи моддӣ пешниҳод намоянд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти марбута барои арзёбии ҳолати бинову иншооти давлатии зарардида, ҷудо намудани миқдори зарурии масолеҳи сохтмонӣ, маводи хӯрока ва ниёзи аввалия, бо дарназардошти меъёрҳои сохтмонии ба заминҷунбӣ тобовар таҳия кардани лоиҳаи хонаҳои чорҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ барои дар муҳлатҳои кутоҳтарин сохтани хонаҳо ба оилаҳои осебдида, супориш доданд.   Дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод баъд аз дастрас гардидани масолеҳи сохтмонӣ якҷо бо аҳолӣ ва шахсони саховатпешаву ватандӯсти кишвар барои тариқи ҳашар ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии хонаҳои вайроншуда тадбирҳо андешанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда баҳри бунёди манзили истиқоматӣ дар мавзеъҳои амн супориш доданд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор талаб карданд, ки барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин кардани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, чораҳои қатъӣ андешанд.   Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ, бояд бемонеа идома ёбад.   Дар асоси супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои дигар вазифадор шуданд, ки оид ба кӯчонидани аҳолӣ аз мавзеъҳои дорои хавфи баланди сейсмикӣ ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва сабабҳои ба вуқуъ омадани онро ба роҳ монда, барои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар минтақаи осебдида ба Ҳукумати кишвар таклиф пешниҳод намояд.   Ширкати “Тоҷиксуғурта” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ба ҳар як оилаи аҳолии аз заминҷунбӣ зарардида, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ, тибқи рӯйхати тартибдодаи Комиссияи ҳукуматӣ, маблағ пардохт намояд.   Аз мардуми саховатпешаю савобҷӯ, аз ҷумла онҳое, ки маблағҳои зиёди худро барои ҳаҷ ва умра сарф мекунанд, даъват карда шуд, ки хайроту садақоти худро ба расонидани кумак ба зарардидагони ин ва дигар офатҳои табиӣ низ равона созанд.   Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дастур дода шуд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда то якуми ноябр пурра ба истифода супорида, минбаъд корҳоро дар самти пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, огоҳии аҳолӣ ва дигар чорабиниҳо ба роҳ монанд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро вазифадор карданд, ки бо дарки масъулияти баланд иҷрои вазифаҳои гузошташударо сари вақт таъмин намуда, аз натиҷааш мунтазам ба Ҳукумати кишвар маълумот пешниҳод намоянд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорати иҷрои дастуру супоришҳоро оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ  ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуданд.

    79

    17.04.2025