11.12.2025

 img

Имрӯз, 11 декабри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо даъвати расмӣ дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок ва дар қисмати пленарӣ суханронӣ намуд.

 

Конференсия таҳти сарпарастии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Комиссияи Россия оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба баргузор шуда, беш аз 500 иштирокчӣ аз 50 кишвари ҷаҳон ва намояндагони вазоратҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар он ҳузур доштанд.

 

Вазири маориф ва илм зимни суханронии худ ба аҳаммияти таҳсилоти фарогир ба ҳайси ҷузъи муҳимтарини сиёсати маориф таъкид намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла, кӯдакони дорои ниёзҳои махсус, тамоми чораҳоро андешидааст. Вазир инчунин аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар самти таҳсилоти фарогир тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шудааст.

 

Дар ҳамоиш баромадҳои дигар низ сурат гирифта, иштирокчиёни конференсия таҷрибаи кишварҳои худро дар самти таҳсилоти фарогир муаррифӣ намуданд. Конференсия имконият дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори ташаккули ҷомеаи баробар ва фарогир дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад ва ҳамзамон таҷрибаи амалии худро дар бахши таҳсилоти фарогир бо дигар давлатҳо мубодила намояд.

 

Таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками қонунгузорӣ мебошад. Қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи маориф» ва Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ҳуқуқи ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла, онҳое, ки ба гурӯҳҳои осебпазир шомиланд, ба таҳсил ва дастрасӣ ба имкониятҳои баробарро таъмин мекунанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024 «Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045» тасдиқ шуда, таваҷҷуҳ ба бартарафсозии ҳама гуна табъиз ва беҳтарсозии муҳити таълимӣ равона шудааст. Айни ҳол дар кишвар 4 муассисаи томактабӣ ва 15 мактаб-интернат барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд фаъолият доранд, ки зиёда аз 3000 кӯдакро фаро гирифтаанд.

 

Ҳадафи асосии конференсия тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳсилоти фарогир, мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии талошҳои илмӣ ва педагогӣ ва таҳияи тавсияҳо барои беҳтар намудани дастгирӣ ба хонандагони гурӯҳҳои осебпазир арзёбӣ гардид. Дар кори ҳамоиш диққати махсус ба ташкили муҳити фарогири таълим барои кӯдакони дорои маълулият, муҳоҷирон ва намояндагони халқҳои бумӣ дода шуд. Ин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки кишварҳо таҷрибаи пешрафтаи худро мубодила намуда, роҳҳои нави ҳамкориро барои рушди таҳсилоти фарогир пайдо кунанд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҲАМОИШИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img
  • ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҲАМОИШИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img
  • ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҲАМОИШИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №22 ДАР МАҲАЛЛАИ ФАЗЛ НАБӢ 2 март зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-ро дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба таҳкими соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муносиби таълим барои хонандагон равона шудааст. Маҳаллаи навбунёди Фазл Набӣ дар қисмати шимолии деҳаи Тагноби деҳоти Даштигуло воқеъ буда, соли 2013 таъсис ёфтааст. Маҳалла аз 148 хоҷагӣ иборат буда, дар он 1038 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Бо сабаби набудани муассисаи таълимӣ хонандагони маҳалла маҷбур буданд ҳар рӯз зиёда аз 3 километр роҳро тай намуда, роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалии Гулистон-Фархорро гузашта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №52, ки дар деҳаҳои Тагноб ва Файзободи деҳоти Даштигуло ҷойгиранд, таҳсил намоянд. Бо дарназардошти ин зарурат, бунёди муассисаи нави таълимӣ дар маҳаллаи мазкур иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 хонанда аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Элдорадо 05” амалӣ гардида, айни ҳол пурра ба анҷом расонида шудааст.  Фармоишгари иншоот гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” мебошад. Бино аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он синфхонаҳои фанҳои химия, биология, физика, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи инкишофи кӯдак, утоқи директор, утоқи омӯзгорон ва дигар синфхонаҳои таълимӣ ҷойгир шудаанд.  Иншоот бо маблағи 6 миллиону 356 ҳазору 594,31 сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Муассиса дар масоҳати 1,3 гектар бунёд гардида, дорои буғхона, амбор, ҳоҷатхона, обанбори ҳаҷмаш 50 метри мукааб ва майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол мебошад. Зимни ифтитоҳи муассиса таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муосири таҳсил барои насли наврас яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, бунёди чунин иншоотҳо ба баланд гардидани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф мусоидат менамояд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон  

    13

    02.03.2026
  •  img
    РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ-АГРАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМО Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Рушди индустриалӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи муосир ва дурнамо» баргузор гардид. Конференсияро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиш, аз ҷумла муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва намояндагони муассисаҳои илмиву таҳсилоти олии кишварро хайрамақдам гуфт. Зимни суханронї ректори Донишгоҳ таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, заминаҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда шуданд. Қайд гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар — расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати миллӣ, ба рушди босуботи иқтисодиёт мусоидат намуданд. Аз ҷумла, соҳаи саноат чун муҳаррики иқтисоди миллӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори содиротӣ нақши калидӣ мебозад. Дар идомаи ҳамоиш муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан вобаста ба сиёсати иқтисодии давлат ва аҳаммияти рушди индустриалӣ-аграрӣ маъруза ироа намуд. Мавсуф зикр кард, ки сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули иқтисоди рақобатпазир, васеъ намудани самтҳои истеҳсолот ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ равона гардидааст. Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои иқтисодӣ, рушди ҳамоҳанги бахшҳои саноат ва кишоварзӣ заминаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон, татбиқи стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, иқтисоди сабз ва рушди иқтисоди рақамӣ, барои ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат шароити мусоид фароҳам меорад. Сипас, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мирпочоев Далерҷон дар мавзуи «Экосистемаи саноатӣ ҳамчун механизми институтсионалии рушди саноатӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Алиҷонов Ҷамшед дар мавзуи «Заминаҳои назариявии татбиқи рушди индустриалӣ-аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, ҷанбаҳои илмӣ ва методологии рушди мутаносиби бахшҳои саноат ва кишоварзиро шарҳ доданд. Дар анҷоми конференсия таъкид гардид, ки натиҷаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои назариявию амалии ироагардида метавонанд барои таҳкими ҳамгироии илм бо истеҳсолот, такмили сиёсати иқтисодӣ ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии давлат дар самти рушди индустриалӣ-аграрии кишвар заминаи мусоид фароҳам оваранд. Конференсия нимаи дуюми рӯз дар бахшҳо кори худро идома хоҳад дод. Таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки маводи конференсия ба шакли маҷмуа чоп ва дастраси иштирокдорони конференсия гардид.  

    33

    27.02.2026
  •  img
    ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО ҶАМЪИЯТИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛМОН (GIZ) Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ директори GIZ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Ветсел ва роҳбари лоиҳаи «Маҳорати касбии сабз барои Осиёи Марказӣ» (PROGRESS) Удо Фолкерс иштирок намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои ҳамкориҳои чандинсоларо мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои рушди минбаъдаи шарикиро муайян намуданд. Муовини якуми вазир ҳамкории Вазорати маориф ва илмро бо GIZ самти муҳимми стратегӣ дар раванди ислоҳот ва навсозии низоми маориф, бахусус таҳсилоти касбӣ арзёбӣ карда, саҳми ин ташкилотро дар рушди сармояи инсонӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат баланд арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки яке аз намунаҳои барҷастаи ҳамкории судманд татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (РЕСА) мебошад, ки дар солҳои 2011-2025 амалӣ гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа стандартҳо ва барномаҳои нави таълимӣ таҳия ва ҷорӣ шуда, заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ такмил дода шуд, иқтидори омӯзгорон тақвият ёфт ва робитаи таълими назариявӣ бо амалия, аз ҷумла тавассути рушди таҳсилоти дуалӣ дар самти логистика, таҳким бахшида шуд. Ин иқдомҳо имконият фароҳам оварданд, ки хатмкунандагон рақобатпазир ва мутобиқ ба талаботи иқтисоди миллӣ омода гарданд. Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳо ба муассисаҳои таълимӣ таҷҳизоти муосир ва техникаи компютерӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмоишгоҳи саноати хӯрокворӣ бо таҷҳизоти пешрафта таъсис ёфт, ки ба донишҷӯён шароити мусоид барои аз худ намудани малакаҳои амалӣ дар сатҳи муосир фароҳам меорад. Инчунин, Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, заминаи мусоид барои рақамикунонии соҳаи илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ фароҳам оварда шуд, ки барои рушди иқтидори илмии кишвар аҳамияти стратегӣ дорад. Дар идомаи мулоқот масъалаи татбиқи лоиҳаи «Маҳорати касбии сабз барои Осиёи Марказӣ» (PROGRESS) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ва дорои салоҳиятҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҳамкорӣ дар ин самт ба ворид намудани унсурҳои иқтисоди «сабз» ба барномаҳои таълимӣ, ташаккули фарҳанги экологӣ дар миёни донишҷӯён ва таҳкими ҳамкорӣ бо корфармоёни бахши «сабз» равона гардидааст. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, аз ҷумла тавсеаи ташаббусҳои «сабз» дар дигар бахшҳои иқтисод ва рақамикунонии низоми таҳсилот, изҳор намуда, ба роҳбарияти GIZ барои дастгирии пайваста ва саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори таълимӣ изҳори сипос карданд.  

    30

    27.02.2026