19.03.2025

 img

Имрӯз 19-уми марти соли 2025 бо ташаббуси кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Наврӯз – бузургтарин ҷашни мардумӣ ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.  

 

Конференсияро президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, оғози баҳор ва соли нави шамсист. Ин ҷашн ҳамасола 21-уми март, бо ворид шудани Офтоб ба бурҷи Ҳамал, таҷлил мегардад. Наврӯз рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва покизагӣ маҳсуб меёбад. 

 

Инчунин, дар идомаи чорабинӣ, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, номзади илмҳои техникӣ Сироҷиддин Ниёзӣ, доир ба аҳамияти Наврӯз ҳамчун бузургтарин ҷашни мардумии тоҷикон ибрози андеша намуд. 

 

Мавсуф қайд намуданд, ки кормандони соҳаи илму маориф ифтихор аз он доранд, ки маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ва азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2010 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар сессияи 64-уми худ ҷашни бостонии Наврўзи хуҷастапайро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.

 

Дар кори  конференсия академик Лутфуллозода Муҳамадулло ва Саидзода Ҷамолиддин - номзади илмҳои педагогӣ, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар мавзуи «Наврӯз: ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ» суханронӣ намуданд.

 

Сипас, иштирокчиёни конференсия мулоҳизаҳои худро дар робита ба аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷашни Наврӯз баён намуда, пешниҳоди худро барои такмили омӯзиши ин анъанаи миллӣ иброз намуданд.  

 

Конференсия бо натиҷагирӣ аз муҳокимаҳои илмӣ ва таҳлили пешниҳодоти иштирокдорон ба анҷом расид.

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАВРӮЗ – БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МАРДУМӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» img
  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАВРӮЗ – БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МАРДУМӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» img
  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАВРӮЗ – БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МАРДУМӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ИДОРАКУНӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ (EMIS) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД 8 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия – Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида ба номи А.П. Чехов» дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба марҳилаи татбиқи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (НИИМ) баргузор гардид.   Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони соҳа барои шахсони масъули татбиқи система ташкил ва баргузор карда шуд.   Мақсади асосии семинар шинос намудани иштирокчиён бо моҳият, самтҳои истифода ва аҳамияти татбиқи EMIS ҳамчун як воситаи муосир барои такмили низоми идоракунии муассисаҳои таълимӣ буд.   Иштирокчиён бо имкониятҳои калидии система, аз ҷумла таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, назорати дохилимактабӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳисобгирии ҳозирии хонандагон шинос шуданд.   Дар ҷараёни семинар инчунин масоили муҳимми марбут ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва роҳҳои пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилооти махфӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мутахассисон таҷриба ва тавсияҳои амалӣ оид ба таҳкими амнияти рақамӣ ва истифодаи самараноки система пешниҳод намуданд.   Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиён дар фазои озоду созанда таҷриба ва андешаҳои худро мубодила карда, роҳҳои боз ҳам беҳтар ва муассиртар намудани ҷараёни татбиқи EMIS-ро дар муассиса мавриди муҳокима қарор доданд.   Маркази Ҷумҳуриявии Технологияи Информатсионӣ

    36

    08.05.2025
  •  img
    Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе 8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар макони баргузори чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода истиқбол гирифтанд.   Ба хотири таҷлили бошукуҳи ин рӯйдоди таърихӣ маҳалли баргузории чорабинӣ идона ороста шуда, дар ду тарафи роҳрави сурх донишандӯзони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф кашиданд.   Дар тадбири тантанавӣ Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпуси дипломатӣ, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст иштирок карданд.   Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода оид ба омодагии қушунҳои гарнизони Душанбе барои гузашти ҳарбӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузориш дод.   Баъди садо додани Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 80-солагии ғалаба самимона табрик гуфтанд.   Пешвои миллат аз оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан гуфта, ба наслҳои имрӯзу оянда муроҷиат намуданд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани “вабои фашизм” дар асри бистум гардид.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: - “боиси ифтихори мо аст, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳо мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.   Гуфта шуд, ки аз якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазори онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардид ва 60 ҳазори дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳамаи ин ҷоннисориҳо саҳми миллати тоҷикро дар ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.   Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.   Таъкид гардид, ки барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор афсару сарбози тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 каси онҳо барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардонида шуданд.   Роҳбари давлат саҳми ақибгоҳро дар ноил гардидан ба музаффарият дар ҷанг беназир арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки беш аз 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор занону кӯдакон ва пиронсолон аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.   Таъкид шуд, ки ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буд.   “Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”, - изҳор доштанд Пешвои миллат.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷикро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат номиданд.   Президенти кишвар таъкид намуданд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи хизматчиёни низомӣ вогузор гардидааст.   Зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оқибатҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хизматҳои таърихӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватан баҳри барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ низ андешаронӣ намуданд.   Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони паради ҳарбиро ба вазъи бисёр мураккаб ва печидаи сиёсии ҷаҳони муосир ҷалб намуданд. Пешвои миллат аз афсарону сарбозон талаб карданд, ки ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди худ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ намуданд.   Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи мо саъю талоши бештар ба харҷ медиҳанд.   Пас аз анҷоми суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро барои пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, таҳти навои мусиқӣ маросими гулчанбаргузорӣ баргузор шуд.   Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузошта, хотираи неки қурбониёни ҷангро пос доштанд.   Сипас, дар назди оташи ҷовидон аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, аз номи корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва аз Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчанбарҳо гузошта шуд.   Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо амри фармондеҳи гузашти ҳарбӣ низомиёни вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гузашти ҳарбӣ иштирок карда, бо қадамзании мутантан аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гузашти низомӣ анҷом доданд.

    143

    08.05.2025
  •  img
    Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба Ҳамватанони азиз!   Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!   Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.   Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.   Мусаллам аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи навини башарият аз лиҳози миқёс ва фоҷиаи инсонӣ ҷанги даҳшатноктарин ба шумор меравад.   Беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби ҷанг кашида шуда, дар он зиёда аз 55 миллион нафар одамон қурбон гардиданд.   Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд.   Тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ин ҷанг ба ҳисоби имрӯза 4,5 триллион долларро ташкил медиҳад.   Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид.   Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.   Ҳарчанд майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар саросари диёри мо ба гӯш мерасид ва ҳар хонадони тоҷик гирифтори фоҷиаҳои он буд.   На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.   Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем.   Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод.   Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.   Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.   Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.   Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд.   Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.   Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.   Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд.   Қобили зикр аст, ки дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузошт.   Ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буданд.   Дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи ғалаба гузоштанд.   Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.   Мехоҳам таъкид намоям, ки ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат мебошад.   Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.   Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамагӣ пас аз чанд даҳсола баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки барои кишвари мо оқибатҳои фоҷиабору сангин ба бор овард.   Шумораи қурбониён ва ҳисороти моддии ин ҷанг барои Тоҷикистони тозаистиқлол аз ҳисороти ҷониву молии кишвари мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар буд: беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд ва ба иқтисоди миллии мо беш аз 10 миллиард доллар зарар ворид гардид.   Албатта, дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар мардуми Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда бозиданд.   Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд.   Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.   Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.   Хусусан, равандҳои манфию хатарборе, ки ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.   Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.   Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад.   Ҳамин аст, ки мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо муайян гардидааст.   Маҳз ба хотири пайгирии ин ҳадаф ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намудам.   Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки таҳмилиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори танҳо бо роҳи осоишта, яъне гуфтушунид ҳаллу фасл кардани ҳама мухолифату низоъҳо мебошад.   Мо, ҳамчунин, густариш бахшидани гуфтугӯи тамаддунҳоро аз ҷумлаи заруратҳои замони муосир мешуморем.   Бовар дорам, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи халқамон саъю талоши бештар мекунанд.   Бори дигар иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳомиёни содиқи Ватанро ба ифтихори 80-солагии ғалабаи таърихӣ табрик мегӯям.   Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.   Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

    50

    08.05.2025