МАКТАБУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
07.01.2025
Ҳамасола, аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барномарезӣ гардида, дар шакли паём ба мақоми олии қонунгузории кишвар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Аз ҷумла, 28 декабри соли 2024 дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид.
Дар он натиҷаву дастовардҳои ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳлилу баррасӣ гардида, зимнан зикр гардид, ки «корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд».
Аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масоили мактабу маориф, ки ҳамчун соҳаи афзалиятнок эълон гардидааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Воқеан, соҳаи маориф ва илм ягона соҳае дар кишвар маҳсуб меёбад, ки ҳеҷ нафар имрӯзу ояндаи худро бе он тасаввур карда наметавонад ва хурсандибахш аст, ки ин соҳаи калидӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар қарор дорад. Паёми имсола низ аз ҷониби Сарварӣ кишвар бо диди нав ва таҳлилҳои амиқ баррасӣ гардид ва бо назардошти рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ афзалият ба масъалаҳои рушди иқтисод, инноватсия ва илму маориф дода шуд.
Ба андешаи Пешвои миллат: - «то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».
Вобаста ба муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, таъмин намудан бо имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ин масъала нақши устодону омӯзгорон муҳиму ҳалкунанда арзёбӣ гардид. Воқеан, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия бо китобу барномаҳои дарсӣ маҳдуд нашуда, бояд бештар худомӯзӣ намояд, барои беҳтар гардидани самаранокии машғулиятҳояш аз адабиёту сарчашмаҳои илмию методӣ огоҳона истифода намояд. Дар ин росто, аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба пешравии сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон такони ҷиддӣ мебахшад. Бояд хотирнишон кард, ки бо ин мақсад дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шуд, ки боз як қадами муҳим дар омода кардани мутахассисони варзида дар самти рақамикунонии кишвар мебошад.
Ҳамзамон, дар Паём иброз гардид, ки: - «дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд».
Таъкиди мазкур моро бори дигар водор мекунад, ки ҳамчун омӯзгори замони муосир аз ҳамин дидгоҳ ба ҳирфаи хеш мутаваҷҷеҳ шавем ва ҳамзамон рисолати азалии худро ба ҳайси муаллим-тарбиятгари насли даврони ҷадид иҷро намоем. Замони муосир аз мо, омӯзгорон, тақозо менамояд, ки аз муҳимтарин омил-сармояи тафаккур баҳравар бошем, ҷиҳати ба камол расонидани насли донишманду забондон ва насли созанда, заҳмат кашида, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва падидаи нодири сиёсӣ-Истиқлоли давлатиро ба ин насли маърифатпазиру донишманд вогузорем. Дар иртибот ба ин назарияи бебаҳс омӯзгор бояд роҳу усул ва навҳои фаъолияте пеша намояд, ки дар ба вуҷуд овардани муҳити созгори педагогию психологӣ мусоидат намояд. Вобаста ин, дар Донишкада соли 2025 «Соли муҳити психологӣ дар ҷараёни таҳсилот» эълон гардидааст ва ҷиҳати омӯзиши ҳарчи бештару беҳтари технологияи таълиму тарбияи муосир, дастрасӣ ба методу усулҳои замонавӣ, фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва муҳимтар аз ҳама, муҳайё намудани муҳити психологӣ иқдомҳои муҳим рӯйи даст гирифта шудаанд.
Оре, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзиҳо аз мактабу маориф ва заҳмати омӯзгор ба даст меояд. Бо дарк ва масъулияти баланд аз ҷониби Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид, ки – «маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам!»
Бо дар назардошти таваҷҷӯҳи зиёди Пешвои миллат, ба масоили мактабу маориф моро лозим меояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати педагогии хеш пайваста заҳмат ба харҷ дода, дар тарбия ва таълими насли оянда дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, ҳалли таъҷилии бисёр масъалаҳои ҳаётан муҳим тадбирҳо андешем. Аз ин нуқтаи назар, омӯзгори муосир бояд дорои маърифати баланди ҳирфаӣ бошад ва шогирдонро дар руҳияи садоқат ба Ватан – давлати соҳибистиқлол, худшиносию худогоҳӣ ва ормонҳои миллӣ тарбият намояд, ба таъбири маъмул аз фарҳанги оламиён биёмӯзад ва ҷанбаҳои миллии фарҳанги хешро тарғибу ташвиқ ва муаррифӣ карда тавонад, ҳамвора дар замони пуртазод зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.
Мо - омӯзгорон ҳамчун машъалафрӯзи роҳи маърифат барои он ки ин фурӯғ ҳамеша шуълавар бошад, рисолати азалии хеш - меҳнату ранҷи босуботро дар таълиму тарбияи насли давронсоз бояд дареғ надорем ва он гоҳ муваффақ мешавем, ки ҳар як ҳаводиси рухдодаи ҷаҳони муосирро бо чашми хирад, маърифат ва тафаккури созанда таҳлил ва баррасӣ намоем. Ба ин маънӣ Пешвои миллат мефармоянд, ки: «Мо бояд ҳушёр бошем, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатамонро ҳифз намоем.»
Воқеан, ҳамагон барои татбиқи ин дастуру ҳидоятҳои ҳаётан муҳим бояд аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паём сидқан - бо меҳри саршор аз ватандӯстӣ, фидокорона дар ҷодаи таълиму тарбияи насли ояндаи мамлакат саҳми бориз гузорем.
Тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Пешвои миллат дар Паём баён гардиданд, маҳз ба хотири ҳифзи сулҳу субот, рушду пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, амнияти ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.
Хулоса, ҳамаи дастовардҳои соҳаи маориф, аз ҷумла, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, мақоми шоиста пайдо намудани шахсияти омӯзгор дар ҷомеа, таъсиси ҳазорон синфхонаи таълимӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мунтазам зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф ва нашри адабиёти таълимӣ аз рӯйи дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Мирзозода Наврӯз,
ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии
такмили ихтисос ва бозомӯзии
кормандони соҳаи маориф