14.05.2025

Имрӯз, 14 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон ва сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора вохӯрӣ бо кормандону омӯзгорони Академия баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад.
Ректори Академия зимни баромади худ қайд намуд, ки солҳои охир коррупсия хусусияти умумӣ ва сартосариро пайдо намудааст, ки боиси оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гашта, ба косташавии оромии ҷомеа оварда мерасонад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба хатари коррупсия ба ҷомеа чунин қайд намудаанд: «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳурот ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем». Ҳамзамон, ректори Академия иброз дошт, ки бо мақсади муқовимат ба коррупсия дар Академия якчанд семинару мизҳои мудаввар ташкил ва роҳандозӣ гардида, аз ҷониби устодон мақолаҳои илмию оммавӣ нашр карда шудаанд, ки чорабиниҳои банақшагирифташуда ба пешгирӣ намудани хавфи коррупсия ва муқовимат ба он мусоидат менамояд.
Сипас, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора зикр кард, ки коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Гуфта шуд, ки коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.
Муқимӣ Нигора дар назди ҳозирон доир ба рафти иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон доир ба поквиҷдонӣ ва мубориза бо фасод тавсияҳои муфид дод. Таъкид карда шуд, ки устодони Академия дар раванди таълиму тарбия доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия мавзуъҳои муҳимро матраҳ намуда, ба ин васила дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.