13.05.2025

13 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба рафти иҷрои стандарт, нақша ва барномаҳои таълимию давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мушовирони томактабӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва муҳосибон баргузор гардид.
Дар оғоз, муовини вазир қайд намуд, ки таҳсилоти томактабӣ ҳамчун марҳалаи муҳимтарини ташаккули шахсияти кӯдак, асоси донишомӯзии муназзам ва тарбияи насли оянда мебошад. Таъкид гардид, ки дар ҳамин марҳала иқтидори зеҳнӣ, ахлоқӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдак шакл мегиранд, ки барои муваффақиятҳои минбаъдаи ӯ дар тамоми марҳалаҳои ҳаёт замина мегузоранд.
Дар ҷаласаи мазкур иҷрои барномаҳои таълимию давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ва натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашуда ҷиҳати иҷрои стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ дар ин муассисаҳо, норасоии мутахассисони тахассусманд, камбуди лавозимоти муосири таълимӣ, риояи мукаммали стандартҳо ва дигар мушкилоти ҷойдошта мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар идома доир ба рафти иҷрои стандарт, нақша ва барномаҳои таълимию давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе андешаҳои иштирокчиён ироа гардид.
Ҷаласа бо муҳокимаи роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва пешниҳодҳои амалӣ барои беҳтар намудани ҳолати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, ташкили шароити беҳтар барои кӯдакон ва таъмини онҳо бо лавозимоти зарурии таълимӣ анҷом ёфта, муовини вазири маориф ва илм ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мушовирони томактабӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва муҳосибон ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози ҷаласа муовини вазири маориф ва илм аз намоиши лоиҳаи барномаи электронии Kudak.tj дидан намуд. Қайд гардид, ки барномаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шуда, дар рақамикунонии соҳаи маориф дар самти таҳсилоти томактабӣ заминаи муосир фароҳам меорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон