13.05.2025

 img

13 майи соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи нахустин ҷаласаи вазирони маорифи кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Ян баргузор гардид.

 

Дар ҷараёни суҳбат вазири маориф ва илм ба ҷониби Чин барои ташкили сатҳи баланди ҳамоиши мазкур изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузории ин ҷаласа саҳифаи наверо дар таърихи ҳамкориҳои кишварҳои минтақа ва Чин дар соҳаи маориф хоҳад кушод.

 

Тарафҳо ҷараёни рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маорифро натиҷаи равобити мустаҳками роҳбарони олии ду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин арзёбӣ намуданд.

 

Зикр гардид, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 5000 донишҷӯи тоҷик таҳсил доранд, ки ин далели равшани рушди робитаҳои мутақобилан судманд дар самти маориф мебошад.

 

Ҳамзамон, ба фаъолияти пурсамари Пажӯҳишгоҳи Конфутсий, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад, баҳои мусбат дода шуда, он ҳамчун намунаи муваффақи ҳамкориҳо дар самти фарҳангу маориф арзёбӣ гардид.

 

Ҷониби Тоҷикистон таъкид дошт, ки бо назардошти афзоиши талабот ба мутахассисони самтҳои инноватсионӣ, ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Чин, махсусан дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, барои ояндаи рушди кадрии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

 

Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалии дуҷониба дар бахши маориф иброз дошта, оид ба тавсеаи барномаҳои муштарак ва ҷудо гардидани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик мубодилаи афкор намуданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРӢ БО МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ- ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР Имрӯз, 14 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон ва сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора вохӯрӣ бо кормандону омӯзгорони Академия баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад.   Ректори Академия зимни баромади худ қайд намуд, ки солҳои охир коррупсия хусусияти умумӣ ва сартосариро пайдо намудааст, ки боиси оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гашта, ба косташавии оромии ҷомеа оварда мерасонад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба хатари коррупсия ба ҷомеа чунин қайд намудаанд: «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳурот ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем». Ҳамзамон, ректори Академия иброз дошт, ки бо мақсади муқовимат ба коррупсия дар Академия якчанд семинару мизҳои мудаввар ташкил ва роҳандозӣ гардида, аз ҷониби устодон мақолаҳои илмию оммавӣ нашр карда шудаанд, ки чорабиниҳои банақшагирифташуда ба пешгирӣ намудани хавфи коррупсия ва муқовимат ба он мусоидат менамояд.   Сипас, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора зикр кард, ки коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.   Гуфта шуд, ки коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.   Муқимӣ Нигора дар назди ҳозирон доир ба рафти иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон доир ба поквиҷдонӣ ва мубориза бо фасод тавсияҳои муфид дод. Таъкид карда шуд, ки устодони Академия дар раванди таълиму тарбия доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия мавзуъҳои муҳимро матраҳ намуда, ба ин васила дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

    40

    14.05.2025
  •  img
    ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 13 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба рафти иҷрои стандарт, нақша ва барномаҳои таълимию давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мушовирони томактабӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва муҳосибон баргузор гардид.   Дар оғоз, муовини вазир қайд намуд, ки таҳсилоти томактабӣ ҳамчун марҳалаи муҳимтарини ташаккули шахсияти кӯдак, асоси донишомӯзии муназзам ва тарбияи насли оянда мебошад. Таъкид гардид, ки дар ҳамин марҳала иқтидори зеҳнӣ, ахлоқӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдак шакл мегиранд, ки барои муваффақиятҳои минбаъдаи ӯ дар тамоми марҳалаҳои ҳаёт замина мегузоранд.   Дар ҷаласаи мазкур иҷрои барномаҳои таълимию давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ва натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашуда ҷиҳати иҷрои стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ дар ин муассисаҳо, норасоии мутахассисони тахассусманд, камбуди лавозимоти муосири таълимӣ, риояи мукаммали стандартҳо ва дигар мушкилоти ҷойдошта мавриди муҳокима қарор гирифт.   Дар идома доир ба рафти иҷрои стандарт, нақша ва барномаҳои таълимию давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе андешаҳои иштирокчиён ироа гардид.   Ҷаласа бо муҳокимаи роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва пешниҳодҳои амалӣ барои беҳтар намудани ҳолати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, ташкили шароити беҳтар барои кӯдакон ва таъмини онҳо бо лавозимоти зарурии таълимӣ анҷом ёфта, муовини вазири маориф ва илм ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мушовирони томактабӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва муҳосибон ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Ёдовар мешавем, ки дар оғози ҷаласа муовини вазири маориф ва илм аз намоиши лоиҳаи барномаи электронии Kudak.tj дидан намуд. Қайд гардид, ки барномаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шуда, дар рақамикунонии соҳаи маориф дар самти таҳсилоти томактабӣ заминаи муосир фароҳам меорад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    39

    13.05.2025
  •  img
    ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР ҶАЛАСАИ ВАЗИРОНИ МАОРИФИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ 13 майи соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 9-уми вазирони маорифи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардида, дар он роҳбарони вазоратҳои маорифи Тоҷикистон, Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон ва дигар кишварҳои узв ширкат варзиданд.   Дар ҷаласа мавзуъҳои таҳкими ҳамкориҳои таълимӣ ва илмӣ дар доираи СҲШ, густариши барномаҳои муштарак, табодули донишҷӯёну устодон, татбиқи таҳсилоти рақамӣ ва рушди иқтисоди сабз баррасӣ гардид.   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баргузории ҷаласа вобаста ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои муассир, ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии муштарак ва густариши таҳсилоти рақамӣ суханронӣ намуд.   Дар баромади худ вазири маориф ва илм аз ҷонибдориҳои пайвастаи СҲШ дар густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои маорифу илм ва фарҳанг ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай дар тӯли фаъолияти худ ҳамчун созмони муттаҳид ва пойдор, масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосирро тавассути ҳамгироии илмӣ ва фарҳангӣ пайгирона ҳаллу фасл менамояд.   Дар идома вазир вобаста ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак суханронӣ намуда, зикр кард, ки натиҷаҳои назаррас танҳо тавассути ҳамкории мустақими илм ва истеҳсолот дастёфт мегарданд, зеро илм ва навоварӣ дар таъмини рушди устувор ва сатҳи баланди зиндагии мардум нақши калидиро мебозанд.   Ёдовар мешавем, ки зимни баргузории ҷаласаи 9-уми вазирони маорифи кишварҳои узви СҲШ дар баробари баррасии дигар масъалаҳо чанд санади муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла, «Иқдоми Урумчӣ» ва нақшаи рушди таҳсилоти рақамӣ дар доираи СҲШ ба имзо расиданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    25

    13.05.2025