27.03.2025

27 марти соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентии давлатии молиявии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Бойзод Хушбахт Раҳимдил, сарнозири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентии давлатии молиявии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани адлия Умарзода Пайрав Орифҷон кормандони Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Душанбе, муовинони директор оид ба таълим ва тарбияи муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ зери унвони “Нақши маорифи пойтахт дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ” баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар қисмати ифтитоҳӣ Исмоилзода Баҳром Мансур баромад намуда, зикр дошт, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, садди роҳи рушду инкишофи тамоми соҳаҳо мегардад. Ҷиҳати муҳим дар масъалаи муқовимат бо коррупсия ин эътирофи мушкилот аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз ин ҷост, ки дар аксари суханронӣ ва паёмҳои хеш Пешвои муаззами миллат зарурати муқовимати ҷиддӣ ва оштинопазирро бо зуҳуротҳои коррупсионӣ зикр менамоянд.
Маҳкум намудани зуҳуроти коррупсия ва ҳамчунин андешидани чораҳои ҳамаҷониба ҷиҳати рафъи он аз иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат дар самти муқовимат бо коррупсия дарак медиҳад.
Дар шароити имрўза яке омилҳои самаранокии муқовимат бо коррупсияро ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа ба ин раванд ташкил медиҳад.
Яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ин ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ мебошад, ки дар ҷараёни он насли наврас ва дар навбати худ падару модарони онҳо ва аҳли маориф оид ба зуҳуроти коррупсия ҳамчун падидаи воқеияти номатлуби муосир маълумоти муайян пайдо менамоянд ва аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он бархўрдор мегарданд.
Дар рафти вохӯрӣ муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентии давлатии молиявии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Бойзод Хушбахт Раҳимдил, сарнозири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентии давлатии молиявии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани адлия Умарзода Пайрав Орифҷон вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ суханронӣ намуданд.
Дар суханронӣ зикр гардид, ки коррупсия яке аз мушкилотҳои вазнини замони муосир ба ҳисоб меравад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Коррупсия — яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб ёфта, боварии шаҳрвандонро ба давлат, ояндаи нек коста сохта, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад.
Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомотидавлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар дар бар мегирад.
Маърифати зиддикоррупсионӣ яке аз унсурҳои муҳими низоми фарҳанги маънавӣ буда, он қобилияти бошуурона ва боадабона ба коррупсия муқовимат нишон додани инсонро ифода менамояд.
Натиҷаҳои амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф новобаста аз он, ки бо ташаббуси кӣ ва чӣ гуна ба амал бароварда мешавад, хатарҳои хеле зиёд ва нобахшиданӣ доранд.
Зеро аҳли маориф ба таълиму тарбияи насли ояндасози миллат сару кор дошта, руҳияи миллатро барои оянда ташаккул медиҳем ва бо ин амали нангин шикаст додани руҳияи қавии насли наврас, ки ояндасози давлату миллатанд, нобахшиданист.
Таъсири манфии коррупсия, хосатан, дар раванди тарбияи сиёсии наврасону ҷавонон чунон паёмади баде дорад, ки он даҳсолаҳо ба муҳити ҷомеа ва равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ асар мегузорад.
Насли наврасе, ки имрӯз таълиму тарбия мегирад, дар оянда шахсони роҳбарикунанда ва сарварони ин ё он мақомоти давлативу ҷамъиятӣ гардида, мардумро ба самти муайян сафарбар менамоянд.
Тоза нигоҳ доштани тафаккури наврасон аз коррупсия ва аз андешаи он, ки «коррупсия роҳи осони ба даст овардани маблағ, бо маблағ ҳамаи корро ҳал кардан мумкин» кори ниҳоят душвор, аммо барои ояндаи ҷомеа хеле зарурӣ мебошад. Тарбияи сиёсӣ чунин тарбияест, ки дар ниҳоди шахс баробари ташаккул додани донишҳои сиёсӣ оид ба давлат, мақоми инсон дар ҷомеа, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, хизмат намудан ба Ватан-модарро тарбия менамояд.
Амалисозии воқеии фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ва падару модарон, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар самти муборизаи беамон бар зидди коррупсия, тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ, тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ, шарафу номус ва виҷдони касбӣ дар байни кормандони аҳли маориф, байни ҷомеа ва фароҳам овардани шароити ногувору тоқатфарсо барои чунин ашхос, равона сохтани аҳли ҷомеа барои муқовимати шадид бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандӣ, виҷдонӣ ва инсонии ҳар як шахси худогоҳ, ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад.