27.03.2025

 img

Имрӯз, 27-уми марти соли 2025 дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид.

 

Дар бахши ифтитоҳии олимпиада муовини вазири маориф ва илм – Каримзода Равшан, муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шодиниё Абдулбосит, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Муҳамадҷон Ғафорзода, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.

 

Олимпиадаро муовини вазири маориф ва илм оғоз бахшида, иброз доштанд, ки кӯдакони болаёқат, ҳамчун «захираи тилоӣ» бо иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ дар рушду нумуи илм ва маорифи кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Дар ин замина, бо ҳадафи дарёфт ва дастгирии онҳо бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуну олимпиадаҳои гуногун ташкил ва баргузор карда шуда, хонандагон ва омӯзгорони пешсаф муаррифӣ мегарданд.

 

Сипас, муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории Олимпиада шинос карданд.

 

Пас аз анҷоми маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон медиҳанд.

 

Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаҳои мазкур 1290 нафар хонанда, аз ҷумла 787 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 503 нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ иштирок мекунанд.

 

Олимпиада рӯзҳои 27 - 29-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардида, натиҷаи он пас аз ҷамъбаст эълон мегардад.

  • ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11 img
  • ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11 img
  • ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ПАЗИРОИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ INFOMATRIX-ASIA 2025 Санаи якуми апрели соли 2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ғолибони Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix-Asia 2025 сурат гирифт. Дар маросими пазироӣ муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директорони муассисаҳои таълимии кишвар, омӯзгорон, хонандагон ва волидайн ширкат варзиданд.   Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix-Asia 2025 аз 29 то 31-уми март дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯйи 9 категория баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик сазовори 11 ҷойи намоён, 2 ҷойи дуюм ва 9 ҷойи сеюм гардиданд.

    11

    01.04.2025
  •  img
    ДӮСТИИ ХАЛҚҲО ҲАМЧУН ОМИЛИ КАЛИДИИ УМҚИ ҲАМГИРОӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ Мо ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем. Ба ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод. Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои ҳаётии ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ комилан созгор аст.   Эмомалӣ Раҳмон   Дӯстии халқҳо дар Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дар ҳамгироии кишварҳои минтақа бозида, ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мусоидат мекунад.   Кишварҳои Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таърихи муштарак, фарҳангҳои ба ҳам наздик ва манфиатҳои умумӣ доранд. Ин умумиятҳо заминаи мустаҳками ҳамкориро дар даврони истиқлол фароҳам оварда, ба эҷоди иттиҳодияҳои минтақавӣ мусоидат мекунанд.   Баъд аз касби истиқлоли сиёсӣ аз ҷониби кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи қудратҳои бузург ба минтақаи Осиёи Марказӣ бинобар захираҳои фаровони табиӣ ва мавқеъгирии муҳимми стратегию транзитӣ афзуд. Ҳар як қудрат бо роҳандозии ҳадафҳои худ ва таъмини нуфузи геополитикӣ кушиши дарёфти ихтилофҳоро намуда, монеи таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва умқи равандҳои ҳамгироӣ мегардид. Ба сифати омилҳои низоъбарангез масъалаи об, баҳсҳои сарҳадӣ, мавқеъгирии мухталифи кишварҳо дар сиёсати хориҷӣ ва таҳдидҳои ғайрианъанавӣ пешниҳод мешуданд.   Вале маҳз дӯстии халқҳо, дарки зарурати ваҳдати талошҳо ҷиҳати муқовимат бо хатарҳои эҳтимолӣ ва ба тарви мусоилматомез дар заминаи манфиатҳои муштарак ҳал намудани мушкилоти мавҷуда монеи амалӣ гаштани нақшаҳои ғаразноки қудратҳо гардида, фарҳанги ҳамзистӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва роҳандозии услуби воқеъбинона дар сиёсати хориҷӣ ба ҳалли масъалаҳои баҳснок, табдили он аз омили хатарзо ба воситаи умқи ҳамкориҳои мутақобила ва тағйир ёфтани хати сарҳад аз нуқтаи ҷудосози мардумони минтақа ба марзи дӯстӣ ва субот замина гардид.   Дар ин самт талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати минтақавӣ ва қатъияти Сарвари давлат дар масъалаи рушду таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад.   Ҳангоми авҷи ташаннуҷи ихтилофи кишварҳо дар ибтидои даҳаи дуюми қарни XXI зимни таҳияи Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ мақоми Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардида, муҳим ва зарур будани муносибатҳои баробар, мутақобилан судманд, беғараз ва устувор ҳамчун омилҳои муайянкунанда таъкид гардид.   Чунин муносибат ва изҳори анъанаҳои ҳамсоягӣ ва камоли инсонӣ зимни вафоти собиқ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ширкат дар маросими такфини ӯ аз суннатҳои неки мардуми тоҷик шаҳодат медод, омили асосии то сатҳи стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидани ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя гардид.   Чунин инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва дурандешӣ дар самти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон низ боиси таъкид мебошад. Тариқи муколама ва ба пуррагӣ ҳал шудани масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ин талошҳои бисёрсолаи ҷонибҳо ба шумор рафта, ниҳоят он дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон вобаста ба он шартномаи дахлдор имзо гардид, ки ду кишвари ҳамсоя ба қарори таърихӣ ва абадӣ расиданд.   Тавре маълум, кишварҳои манфиатдор аз таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ аз минтақаи Фарғона тахмин карда, дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақвиро зери суол бурданӣ мешуданд. Вале дӯстии халқҳо намунаи беҳтарини инкори манфиатҳои ғаразноки қудратҳо гардида, ҳамоиши сарварони се кишвар - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Гулистон намунаи барҷастаи таърихи ҳамзистии осоиштаи халқҳои минтақа ва манфиатҳои муштараки онҳо ба шумор меравад. Зимни тақвияти муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар рушди иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ таъсири муассири мусбат возеҳ гардид.   Яке аз намунаҳои бевоситаи ин маросими имзо ва мубодилаи санади протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Тоҷикистону Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ мебошад.   Ҳангоми мулоқоти сеҷонибаи 31 - уми март дар шаҳри Гулистон Пешвои миллати тоҷик таъкид карданд, ки “кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд. Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем”.   Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Гулистон доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.   Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Гулистон доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.   Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи мулоқот изҳори итиминон намуданд, ки “натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд”.   Ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадӣ ва муносибатҳои дӯстонаи халқҳо на танҳо ба марҳилаи нави ҳамкориҳои мутақобила миёни кишварҳо, балки ба коҳиши хатари низоъҳо, мубориза бо хатарҳои муосир ва таҳкими амният дар минтақа мусоидат менамоянд.   Дӯстии халқҳо ва суботи сиёсӣ ҳамчун омили калидӣ ба ҳамгироии Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ба таҳкими сулҳ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории судманд байни кишварҳо кумак мекунад.   Умед дорем, ки ин мулоқот заминаи афзоиши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ гардида, метавонад ба рушди устувори минтақа мусоидат кунад. Дар баробари ин, ҳамкории кишварҳо дар истифодаи захираҳои об ва бунёди нерӯгоҳҳо метавонад ба умқи равандҳои ҳамгироӣ мусоидат намуда, робитаҳои фарҳангӣ ва муколамаи байни халқҳо, ки тайи садсолаҳои ҷараён доранд, бо тақвияти равобити кишварҳо дар бунёди роҳҳо, корхонаҳои муштарак ва рушди сайёҳӣ метавонад ҳамкории минтақавӣ, тавсеаи равандҳои ҳамгироӣ ва ташаккули симои нави Осиёи Марказии дурахшон таҳким бахшад.   Раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дурнамои мусоид дорад, зеро дар баробари манфитаҳои умумӣ ва суди муштарак аз он ҳамоҳангии амали сарварони кишварҳои минтақа дар заминаи дӯстии халқҳо возеҳ ба назар мерасанд. Танҳо тавассути эътимоди ҳамдигарӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва таҳкими муносибатҳои дипломатӣ, Осиёи Марказӣ метавонад ба як минтақаи воҳид ва устувор табдил ёбад, ки заминаҳои бевоситаи он дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри Гулистон гузошта шуд.   Ҷаъфарзода С.Х., н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ

    48

    01.04.2025
  •  img
    АҲДНОМА МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ДАР БОРАИ МУНОСИБАТҲОИ ҲАМПАЙМОНӢ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои истиқлолияти давлатӣ сиёсати дохилию хориҷии худро ба ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, амният ва ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоди бозорӣ, эҷоди заминаҳои устувори ҳуқуқию байналмилалии ҳамкориҳо равона намудааст. Густариши ҳамкориҳои серҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои гуногуни байналмилалӣ дархури манофеи миллии кишвар буда, роҳбарияти ҷумҳурӣ баҳри татбиқи амалии он пайваста саъю талошҳо меварзад.   Дар ин росто, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳамияти махсус дорад. Паҳлуҳои гуногуни робитаҳои дуҷониба ҳамвора тавсеа ёфта, дар роҳи инкишофи дӯстиву қаробати беш аз пеши тоҷикону узбекон заминагузориҳои хуб сурат мегиранд. Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”. Решаҳои дўстии халқҳои тоҷику ўзбек ба умқи асрҳо расида аз қадимулайём робитаҳои дўстӣ ва накуҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд.   Тоҷикистон бар асари умумияти таърихӣ анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими муносибатҳо бо ҳамсоядавлати Ўзбекистон буд ва ҳаст.   Омили дигари ҳамзистии осоишта бо Ҷумҳурии Ўзбекистон ин мансубиятҳои этникӣ аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон теъдоди зиёди намояндагони халқи ўзбек ва теъдоди зиёди тоҷикон дар ҳудуди Ўзбекистон зиндаӣ менамоянд.   Садсолаҳои охир халқҳои тоҷику узбек дар ҳавзаҳои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебурданд ва ин омил низ дар баҳамбандии сарнавишту шеваи зиндагии онҳо таъсиргузор будааст. Иттиҳоди Шўравӣ ин ду халқро аз нав дар ҳайати як давлат муттаҳид намуд ва барои рушди онҳо шароити мусоид фароҳам сохт. Дўстӣ ва бародарии ин ду халқ қавӣ буд. Пошхўрии давлати Шўравӣ боиси таъсиси давлатҳои нави соҳибистиқлол гардид. Халқҳои тоҷику ўзбек дар харобазори Иттиҳоди фаноёфтаи Шўравӣ ҷумҳуриҳои мустақили худро эълон намуданд. 1 сентябри соли 1991 Ўзбекистон, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд. Дар сарнавишти халқҳои тоҷику ӯзбек давраи нав давраи бунёди давлатҳои нави миллӣ оғоз ёфт. Сароғози давлатдории навин барои ҳарду халқ аз пешомади хушбинона ва муносибатҳои дўстона ва ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд, ҳамзистии осоишта дарак медод. Дар аввалин суханрониҳои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 28 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи ХVIII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуд: «Барои мо тоҷикон муносибати дўстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист».   Таҳаввулоти дар соли 2018 дар муносибатҳои ду кишвар рухдода ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав бароварданд.   9-10 марти соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллуфасл шуданд. Ҷонибҳо тамоми масъалаҳои сарҳадиро бартараф намуданд, ба тавофуқ расиданд, ки низоми раводидро барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз бекор кунанд, фаъолияти комили гузаргоҳҳои сарҳадии давлатиро дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор намуданд, робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии дуҷониба, аз ҷумла дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барқарор сохтанд, масъалаҳои соҳаҳои амният ва мудофиа, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавиро ҳал намуданд.   17-18 августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид ва он тавофуқоти қаблан ҳосилшударо устувортар намуд. Дар рафти сафари мазкур Созишномаи шарокати роҳбурдӣ ба имзо расид, ки он дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард.   Дар чаҳорчӯби ду сафари таърихӣ - сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018) ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (16-17 августи соли 2018) ҳамагӣ 53 санади дуҷониба ба имзо расид. 17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд.   Ҳамзамон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли 2021 сурат гирифт, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хоса дорад. Дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯсту бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” дар вазъияти тантанавӣ бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.   Дар ҳошияи ин сафар сарони давлатҳо дар рӯҳияи анъанавии ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ошкобаёни гуфтушунидҳои муфассал анҷом дода, вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро муҳокима карданд ва оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.   Дар маҷмӯъ дар ҷараёни сафари расми 36 санад ба имзо расонида шуд.   Айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар беш 200 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, поягузори онҳо Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 августи соли 2018 мебошанд.   Имрӯз мардуми ду кишвари соҳибистиқлол набояд танҳо аз муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ ёдовар шуда, онро иқтибос оваранд, балки замоне фаро расидааст, ки ҳар як фарди соҳибхиради Тоҷикистону Ӯзбекистон аз дӯстиву бародарии ду фарзанди фарзона – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ифтихор намуда, ба он пайравӣ ва аз он тараннум намоянд.   Санаи 31.03.2025 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмони воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро хайрамақдам гуфта, бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва аз рушди босуръати муносибатҳои ду давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Густариши фаъолонаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ махсус зикр гардид.   Баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор шуд.   Санади мазкур дар ҳузури сарони давлатҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид. Зимни суҳбат Сарони давлатҳо аҳамияти имзои Аҳдномаи таърихӣ дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро таъкид намуда, онро боз як далели равшани дӯстии қавӣ ва дастгирии ҳамдигарии ду давлат номиданд. Ҳарду роҳбар омодагии худро барои минбаъд низ дар ин руҳия муттасил рушд додани муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид намуданд. Ҷонибҳо ҷараёни устувори афзоиши гардиши савдои дуҷонибаро, ки далели иқтидори назарраси мавҷудаи ду кишвар барои афзоиши минбаъдаи он мебошад, зикр карданд. Дар ин замина, ба мақсад мувофиқ будани татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт зикр карда шуд.   Сарони ду давлат ба густариши ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, аҳамияти баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ, форумҳо, фестивалҳо, симпозиумҳо ва мулоқотҳои зиёиёни эҷодкор ва илмиро таъкид намуданд. Инчунин, оид ба баъзе масъалаҳои вобаста ба амният, мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.   Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи ниҳоду созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз қабили - СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ ва МҲТБО ҳамкории муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд. Умуман,таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҷараёни рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ба таъмиқи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои сиёсии байни ду давлат манфиатдоранд.   ҲАБИБҶОН МИРЗОЕВ – номзади илмҳои таърих, устоди факултети муносибатҳои байналхалқӣ

    46

    01.04.2025