12.03.2025

 img

12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом - Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд.

 

Ба нишони эҳтирому самимияти хос ба Сарвари давлати мо дар саҳни фурудгоҳ, ҳамчунин, баъзе саҳнаҳои фарҳанги миллии қирғизӣ бо хаймаҳо, аспҳо, уқобҳои шикорӣ ва рақсу сурудҳои мардумӣ намоиш дода шуд.

 

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

 

Зимни ин сафар маҷмӯи масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

 

Ҳамчунин, дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расад.

  • Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон img
  • Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон img
  • Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ГУШАИ НАВРӮЗИИ ДОНИШГОҲ - МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ 20 марти соли 2025 омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар чорабинии бошукӯҳи идона, ки бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.   Донишгоҳ дар ин чорабинии бузурги фарҳангӣ гӯшаи Наврӯзии худро ташкил намуда, анъанаҳои миллиро муаррифӣ намуд. Гӯшаи донишгоҳ бо анъанаҳои хоси Наврӯз, аз ҷумла дaстурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллии тоҷикӣ, суманакпазӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ оро ёфта буд.    Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯён бо меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ оид ба таъриху суннатҳои Наврӯз, нақши он дар рушди фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин таъсири ҷашн ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳибкорӣ табодули назар намуданд.   Иштироки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин чорабинӣ на танҳо барои тарғиби анъанаҳои миллӣ, балки барои муаррифии имкониятҳои донишгоҳ дар самти рушди сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва соҳибкорӣ саҳми арзанда гузошт.

    76

    20.03.2025
  •  img
    НАВРӮЗИ ТОҶДОРОН Чунин унвон гирифта буд, барномаи театрикунонидашуда ба муносибати Наврӯзи байналмилалии 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи мазкур ба хотири болидарӯҳии иштирокчиёни чорабинии наврӯзӣ аз тарафи шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия имрӯз, 19 марти соли 2025 пешкаши ҳозирин гардонида шуд.   Ёдовар мешавем, ки барномаи театрикунонидашуда таҳти унвони “Нарӯзи тоҷдорон” бо дарназардошти аҳаммияти таърихию фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ таҳия гардида, аз бахшҳои “Шоҳ Ҷамшед”, “Баҳор ва деҳқон”, “Баромади наврӯзӣ”, “Рақси умумии гулдухтарон”, “Суруди чилдухтарон”, “Суруди наврӯз меояд”, суруди фолклории “Духтари қаратоғӣ” суруди ҳаҷвии “Мурғи марҷон” ва суруди “Пешвои Наврӯзӣ” иборат буданд, ки ҳар як бахши фарҳангӣ мазмун ва хусусиятҳои хосси худро доштанд.   Иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ бо хушҳолӣ аз файзи Истиқлол, накҳати баҳори гулбасар ва Наврӯзи байналмилалӣ барномаи театрикунонидашударо тамошо намуда, бо худ таасуроти маънавӣ бардоштанд. Ҳамзамон, барномаи рангини консертӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандону сарояндагони кишвар пешкаши ҳозирин гардонида шуда, иштирокчиён таҳти суруду мусиқиҳои дилнишин шодию хурсандӣ намуданд.

    73

    19.03.2025
  •  img
    ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН Имрӯз, 19 марти соли 2025, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид.   Дар рафти чорабинии мазкур ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, омӯзгорону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва меҳмонони беруна иштирок намуданд.   Чорабиниро ректори Донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва ҳамаи хушиҳои рӯзгорро таманно намуда, қайд намуданд, ки ҷaшни Нaврӯз,  дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бa шaрофaти Истиқлоли дaвлaтӣ вa сиёсaти фaрҳaнгпaрвaронaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо тaмоми ғaновaту рaнгорaнгии он эҳё гaрдид, ҳоло бa ҷaшни милливу дaвлaтии мо – тоҷикон вa рaмзи худшиносиву ифтихори миллӣ, вaҳдaту ҳaмдилии мaрдум вa пaйвaнди нaслҳо тaбдил ёфтaaст.   Сипас чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз манзури тамошобинон гардонида шуд, ки дар ҷараёни он анъаноти миллӣ, расму ойини Наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллатамон тараннум гардид.

    66

    19.03.2025