13.03.2025

13-уми марти соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди онлайнии омодагиҳо барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2025 таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ гардида, аз ҷониби аҳолӣ дастгирии васеъ пайдо кардааст.
Дар ҷаласа низомномаи озмун дар соли 2025 бо тағйиру иловаҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, доир ба шароити баргузории он тибқи низомномаи нав миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-709 ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар соли 2025 номинаи эҷоди назм ва наср тибқи хулоса ва пешниҳоди коршиносон аз низомнома берун карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат ба Низомномаи озмун дар соли 2025 навгониҳо ворид карда шуд.
Ҳамин тавр, вобаста ба иштирокдорони озмун маҳдудиятҳо бартараф карда шуда, минбаъд дар озмуни мазкур дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд.
Бар замми ин, мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тӯли 7 сол аст, ки баргузор мешавад ва ҳамасола бо тағйиротҳои нав ба нав аз ҷониби иштирокчиёни озмун гарму самимӣ истиқбол мешавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон