14.03.2025

 img

14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфтанд.

 

Дар мулоқот ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари Созмон давоми 24 сол ва ҳамкории кишварҳои аъзо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон аз раванди навсозии ҳамаҷонибаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо қарори сарони давлатҳои аъзо оғоз ёфтааст, фаъолона дастгирӣ менамояд.

 

Ба рушди ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, молия ва бонкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

 

Масъалаҳои таъмини амну субот, мубориза бо терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории созмонёфтаи фаромилӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо ба минтақа аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

 

Ҳамчунин оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2030 ва аҳамияту афзалияти ташкили Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе табодули афкор сурат гирифт.

  • Мулоқот бо Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев img
  • Мулоқот бо Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.   Ҳамагӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: - Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;   - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;   - Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;   - Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;   - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;   - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;   - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;   - Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;   - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;   - Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.

    34

    13.03.2025
  •  img
    Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи “Уркун” 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таърихӣ ва ёдгории “Ата-Бейит” ташриф оварданд.   Сарвари давлат ба нишони эҳтиром ва гиромидошти таърих ва адабиёти мардуми қирғиз дар пояи муҷассамаи “Уркун” ва мақбараи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов гулчанбар гузоштанд.

    41

    13.03.2025
  •  img
    ОМОДАГИҲО БАРОИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” 13-уми марти соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди онлайнии омодагиҳо барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2025 таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Нахуст, муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ гардида, аз ҷониби аҳолӣ дастгирии васеъ пайдо кардааст.   Дар ҷаласа низомномаи озмун дар соли 2025 бо тағйиру иловаҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, доир ба шароити баргузории он тибқи низомномаи нав миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.   Гуфта шуд, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-709 ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар соли 2025 номинаи эҷоди назм ва наср тибқи хулоса ва пешниҳоди коршиносон аз низомнома берун карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат ба Низомномаи озмун дар соли 2025 навгониҳо ворид карда шуд.   Ҳамин тавр, вобаста ба иштирокдорони озмун маҳдудиятҳо бартараф карда шуда, минбаъд дар озмуни мазкур дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд.   Бар замми ин, мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.   Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тӯли 7 сол аст, ки баргузор мешавад ва ҳамасола бо тағйиротҳои нав ба нав аз ҷониби иштирокчиёни озмун гарму самимӣ истиқбол мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    20

    13.03.2025