13.05.2025

 img

Имрӯз, 13-уми майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо мизи гирд таҳти унвони «Пиряхҳо дар тавозуни экологӣ: аҳамият, таҳдидҳо ва дурнамои ҳифз дар соли 2025» баргузор гардид. 

 

Барномаро муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Қурбонзода Неъматулло ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки боиси шодмонии ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад, ки рӯз аз рӯз нуфузи кишвари азизамон – Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта ва амалӣ карда мешаванд. Иқдоми навбатии ҷониби Тоҷикистон, ки санаи 14 декабри соли 2022 зимни Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, яъне «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардид, қадами устувор дар самти ҳифзи пиряхҳо буд. 

 

Пас аз он, ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» Убайдуллоев Убайдулло дар мавзуи “Паёмадҳои тағйирёбии иқлим, зарурият ва аҳамияти ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ ва раванди корҳои таҳқиқотӣ дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, мудири шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотӣ Холов Мустаҷоб дар мавзуи “Барномаҳои таълимӣ ва маърифатӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи аҳамияти пиряхҳо” ва сармутахассиси шуъбаи таълим ва корҳои методӣ – Содиқов Абдусалом баромад намуда, доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо ва роҳҳои иттилоърасонӣ ба ҷомеа сухан ронданд.

 

Дар поёни мизи гирд ҳозирин саволҳои худро ироа намуда, аз ҷониби мутахассис ҷавоб қонеъкунанда гирифтанд.

 

Ҳамчунин, ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» Убайдуллоев Убайдулло барои ҳамкорӣ ва тарғиби ташаббусҳои ҷаҳони Пешвои миллат дар самти ҳифзи пиряхҳо бо Сипосномаи Муассиса қадрдонӣ карда шуд.

  • ПИРЯХҲО ВА ТАВОЗУНИ ЭКОЛОГӢ: НИГОҲЕ БА СОЛИ 2025 img
  • ПИРЯХҲО ВА ТАВОЗУНИ ЭКОЛОГӢ: НИГОҲЕ БА СОЛИ 2025 img
  • ПИРЯХҲО ВА ТАВОЗУНИ ЭКОЛОГӢ: НИГОҲЕ БА СОЛИ 2025 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ- ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР Имрӯз, 14 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон ва сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора вохӯрӣ бо кормандону омӯзгорони Академия баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад.   Ректори Академия зимни баромади худ қайд намуд, ки солҳои охир коррупсия хусусияти умумӣ ва сартосариро пайдо намудааст, ки боиси оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гашта, ба косташавии оромии ҷомеа оварда мерасонад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба хатари коррупсия ба ҷомеа чунин қайд намудаанд: «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳурот ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем». Ҳамзамон, ректори Академия иброз дошт, ки бо мақсади муқовимат ба коррупсия дар Академия якчанд семинару мизҳои мудаввар ташкил ва роҳандозӣ гардида, аз ҷониби устодон мақолаҳои илмию оммавӣ нашр карда шудаанд, ки чорабиниҳои банақшагирифташуда ба пешгирӣ намудани хавфи коррупсия ва муқовимат ба он мусоидат менамояд.   Сипас, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора зикр кард, ки коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.   Гуфта шуд, ки коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.   Муқимӣ Нигора дар назди ҳозирон доир ба рафти иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон доир ба поквиҷдонӣ ва мубориза бо фасод тавсияҳои муфид дод. Таъкид карда шуд, ки устодони Академия дар раванди таълиму тарбия доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия мавзуъҳои муҳимро матраҳ намуда, ба ин васила дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

    35

    14.05.2025
  •  img
    ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 13 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба рафти иҷрои стандарт, нақша ва барномаҳои таълимию давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мушовирони томактабӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва муҳосибон баргузор гардид.   Дар оғоз, муовини вазир қайд намуд, ки таҳсилоти томактабӣ ҳамчун марҳалаи муҳимтарини ташаккули шахсияти кӯдак, асоси донишомӯзии муназзам ва тарбияи насли оянда мебошад. Таъкид гардид, ки дар ҳамин марҳала иқтидори зеҳнӣ, ахлоқӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдак шакл мегиранд, ки барои муваффақиятҳои минбаъдаи ӯ дар тамоми марҳалаҳои ҳаёт замина мегузоранд.   Дар ҷаласаи мазкур иҷрои барномаҳои таълимию давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ва натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашуда ҷиҳати иҷрои стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ дар ин муассисаҳо, норасоии мутахассисони тахассусманд, камбуди лавозимоти муосири таълимӣ, риояи мукаммали стандартҳо ва дигар мушкилоти ҷойдошта мавриди муҳокима қарор гирифт.   Дар идома доир ба рафти иҷрои стандарт, нақша ва барномаҳои таълимию давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе андешаҳои иштирокчиён ироа гардид.   Ҷаласа бо муҳокимаи роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва пешниҳодҳои амалӣ барои беҳтар намудани ҳолати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, ташкили шароити беҳтар барои кӯдакон ва таъмини онҳо бо лавозимоти зарурии таълимӣ анҷом ёфта, муовини вазири маориф ва илм ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мушовирони томактабӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва муҳосибон ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Ёдовар мешавем, ки дар оғози ҷаласа муовини вазири маориф ва илм аз намоиши лоиҳаи барномаи электронии Kudak.tj дидан намуд. Қайд гардид, ки барномаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шуда, дар рақамикунонии соҳаи маориф дар самти таҳсилоти томактабӣ заминаи муосир фароҳам меорад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    35

    13.05.2025
  •  img
    ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР КОНФРОНСИ СОЛОНАИ ДОНИШГОҲИ СҲШ Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар маросими ифтитоҳи конфронси солонаи Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок ва суханронӣ намуд.   Дар суханронии худ вазири маориф ва илм иштирокчиён ва ташаббускорони конфронсро бо оғоз гардидани кори ин ҳамоиши муҳимми илмӣ-таҳсилотӣ шодбош гуфта, доир ба аҳамияти густариши ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи маориф ва илм дар доираи СҲШ изҳори андеша намуд.   Зикр гардид, ки баргузории форумҳои ректорон, барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии муштарак ва дигар иқдомҳои фарҳангиву таълимӣ дар доираи СҲШ имрӯз ба анъанаи неки ҳамкорӣ табдил ёфта, кафолати мустаҳками дӯстӣ ва шарикии кишварҳои узви ин созмон мебошад.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки ташкили фазои ягонаи таълимӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, таъсиси факултетҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳое, ки манфиати умумӣ доранд, бозгӯи талоши дастаҷамъона барои фатҳи марҳилаҳои нав дар доираи фаъолияти СҲШ мебошад.   Дар идомаи суханронии вазир қайд намуд, ки таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳо ва амалӣ гардидани тарҳҳои муштарак дар дохил ва хориҷи кишварҳои узв фароҳам овардааст. Айни ҳол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7 ҳазор донишҷӯи кишварҳои узви СҲШ ва зиёда аз 36 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои СҲШ ба таҳсил машғуланд.   Дар охир вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён барои таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, ба кори конфронс комёбиҳо орзу кард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    113

    13.05.2025