06.09.2025

 img

Бо ифтихору сарфарозӣ ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе, санаи «06» сентябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид.

 

Истиқлолият барои миллати тоҷик рамзи шараф, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва бақои давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, кулли кормандони Марказ бо ҳисси баланди ифтихор ва масъулияти шаҳрвандӣ ба корҳои ободониву тозакорӣ саҳм гузошта, бо ташаббус ва садоқати хоса дар шанбегии умумӣ иштирок намуданд.

 

Дар рафти баргузории шанбегӣ тамоми ҳудуди дохилӣ ва берунии муассиса аз партовҳои маишӣ, хасу хошок ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Кормандон гурӯҳ-гурӯҳ тақсим шуда, роҳравҳо, гулгаштҳо ва майдончаҳои назди бино аз нав тоза ва озода гардиданд. Ин иқдом муҳити муассисаро тоза ва солим гардонд. Ҷиҳати зебо ва сабз гардонидани атрофи муассиса гулу гулгаштҳо ва ниҳолҳои сояафкани атрофи муассиса ба тартиб дароварда шуданд. Ин амал ҳамчун рамзи сабзу хуррамӣ ва ҷовидонии Истиқлолият дониста мешавад. Ҳамзамон, дарахтони мавҷуда аз нав сафед карда шуданд, ки ҳам намуди зоҳириро зебо сохт ва ҳам барои муҳофизати дарахтон аз ҳашароти зараровар аҳамияти калон дорад. Дар саҳни муассиса парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои ватандӯстӣ ва рамзҳои миллии ифтихорӣ гузошта шуданд. Ин иқдом рӯҳияи идона ва муҳаббат ба Ватанро миёни кормандон боз ҳам тақвият бахшид.

 

Баргузории шанбегӣ на танҳо амалиёти одии тозакорию ободонӣ буд, балки рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳми кормандони Марказ дар пешвози ҷашни муқаддаси Истиқлолият маҳсуб мегардад. Дар ҷараёни он кулли кормандон бо якдилӣ ва ҳамбастагӣ ширкат варзиданд, ки ин худ нишонаи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо мебошад.

 

Ин чорабинӣ собит сохт, ки бо ҳамдастӣ ва ташаббуси умумӣ метавон муҳити зистро ободу зебо гардонд ва фазои тозаю хуррамро ба насли имрӯзу фардо боқӣ гузошт. Ҳамзамон, ин иқдом ба тарғиби фарҳанги меҳнат ва эҳтиром ба арзишҳои Истиқлолият мусоидат кард.

 

Дар натиҷаи баргузории шанбегӣ, ҳудуди муассиса симои тоза, зебо ва идона пайдо намуд. Ҳамаи кормандон бо рӯҳияи идона ва ҳисси баланди масъулият дар назди Ватан фаъолият карданд. Ин чорабинӣ собит сохт, ки Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ бо тамоми нерӯ ва имконият барои пешвози шоистаи ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошад.

  • РАВАНДИ БАРГУЗОР НАМУДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ, ТОЗАЮ ОЗОДА КАРДАНИ ҲУДУДУ АТРОФИ МУАССИСА img
  • РАВАНДИ БАРГУЗОР НАМУДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ, ТОЗАЮ ОЗОДА КАРДАНИ ҲУДУДУ АТРОФИ МУАССИСА img
  • РАВАНДИ БАРГУЗОР НАМУДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ, ТОЗАЮ ОЗОДА КАРДАНИ ҲУДУДУ АТРОФИ МУАССИСА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОБОДСОЗИИ МУҲИТИ КОРӢ ВА ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ ҲУДУДИ ВАЗОРАТ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 6 сентябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумӣ бо иштироки фаъолонаи кормандон баргузор гардид.   Иқдоми мазкур дар асоси арзишҳои ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муҳити зист сурат гирифта, барои тозаву озода нигоҳ доштани ҷойи кор, ободу зебо гардонидани гирду атроф ва фароҳам овардани фазои идона роҳандозӣ гардид.   Зимни баргузории шанбегӣ тамоми ҳудуди дохилӣ ва берунии вазорат аз партовҳо, хасу хошок ва алафҳои бегона тоза карда шуда, роҳраву гулгаштҳо ба тартиб дароварда шуд.   Ин иқдоми ободонӣ ва тозакорӣ танҳо як амалиёти маъмулии хизматӣ набуда, балки ифодаи рӯшани арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муҳити зист ва масъулияти шаҳрвандии кормандони вазорат дар арафаи таҷлили Истиқлоли давлатӣ мебошад.

    51

    06.09.2025
  •  img
    ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-АСОСИ ХУШБАХТӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад.   Эмомалӣ Раҳмон   Барои ҳар як давлат ва қавму миллат доштани Истиқлоли давлатӣ яке аз бузургтарин арзиши умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлол рамзи озодӣ, ҳуқуқбунёдӣ, якдилию якмаромӣ буда, роҳи пурсаодати миллатро тавассути фароҳам овардани неъматҳои моддию маънавӣ ва дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ мекушояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, мафҳум ва моҳияти “истиқлолият” дар таълимоти як қатор олимону равшанфикрон ба сифати беҳтарин неъмат ва заминаи асосии хушбахтии инсоният шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Масалан, назарияи Ҷ. Локк доир ба пойдории истиқлолият мавқеи назаррас дошта, таълимоти ӯ дар ташаккул ва инкишофи таълимоти истиқлолияти ИМА таъсири амиқ расонидааст. Аз ин бар меояд, ки истиқлолият ҳамчун падидаи сиёсӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва аз ҳама муҳим дар болоравии донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ нақши меҳвариро ишғол менамояд.   Истиқлолият ҳамчун таълимоти сиёсӣ барои ояндаи давлат ва хушбахтии ҳаёти халқ заминаи мусоиди ташкилию ҳуқуқиро фароҳам меорад, ки омӯзиши ҷанбаҳои назариявию амалии он ба болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.   Ҳамин тавр, Т. Пайн дар рисолаи худ таҳти унвони “Ақли солим” масъалаи истиқлолро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае меояд, ки истиқлолият дар раванди идоракунии ҷумҳуриявӣ мардум ва кишварро ба озодию хушбахтӣ мерасонад. Дар ин замина, ба масъалаи истиқлолгароӣ диққати махсус додан зарур аст.   Мусаллам аст, ки назарияи истиқлолхоҳӣ ва ё истиқлолгароӣ дар таърихи башарият давраҳои муайяни худро доранд ва барои расидан ба Истиқлоли давлатӣ донишҳои бузурги сиёсӣ, хирадсолорӣ ва доштани ҳисси миллӣ асос шуда метавонад, зеро “истиқлолият назарияи сиёсиест, ки ба роҳбарияти олӣ ва ҳокимияти сиёсӣ пайваст аст”. Бинобар ин, роҳбари сиёсии кишвари мо, ки табиатан хирадсолорӣ ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносиро аз рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон ҳадафи бевоситаи роҳбарии худ қарор дода буд, ба масъалаи пойдории Истиқлоли давлатӣ ҷидду ҷаҳд намуд. Дар ин роҳ, ба ҳамаи душвориҳо ва бархӯрди нооромиҳои замони ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ нигоҳ накарда, барои ояндаи давлат ва миллати соҳибтамаддуни хеш истиқлолро таъмин намуд. Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарӣ ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ба як консепсияи бузурги илмӣ табдил ёфтааст, ки аҳамияти он ба ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ вобастагии амиқ дорад.   Якум, Истиқлоли давлатӣ дар масири таърихи давлатдории миллӣ ҷойгоҳи худро муайян намудааст. Зеро истиқлол маҳз барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик, ки аз азал дар роҳи муваффақ шудан ба истиқлолият мубориза мебурданд, санаи фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад ва метавон гуфт, ки рӯзи 9- уми сентябри соли 1991 барои давлат ва миллати тоҷик санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ баҳисоб меравад.   Дуюм, истиқлолият заминаи асосиро барои соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик фароҳам овард ва он рамзи асосии дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад. Маҳз, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд. Дар ин замина, амалигардии нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.   Сеюм, истиқлоли сиёсӣ дар самти вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Тавре аён аст, аз баракати истиқлол ва пойдории суботи ҷомеа симои кишвари азизамон аз пойтахти он – шаҳри Душанбе сар карда, то дурдастарин деҳаҳо ба таври куллӣ дигаргун шудааст, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф гардидааст ва сатҳу сифати зиндагии мардумамон хеле боло рафтааст.   Чорум, Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти ташаккул ва инкишофи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва даҳҳо самти дигар тавассути қабули як қатор барномаю стратегияҳои давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Махсусан, дар замони Истиқлоли давлатӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардиданд.   Панҷум, аз файзи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик бо дарки худшиносию худогоҳӣ ва дар заминаи сиёсати давлатӣ тавонист, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро аз нав эҳё намоянд, онҳо худшиносиву худогоҳии миллиро ҳамчун мояи ифтихори миллӣ арзёбӣ намуданд. Ин раванд имкон дод, ки халқи равшанфикри тоҷик на танҳо фарҳанги беназири давлати куҳанбунёди худро эҳё намуданд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.   Шашум, дар заминаи Истиқлоли давлатӣ хусусиятҳои миллати таърихан шаҳрсозу шаҳрнишин будани халқи тоҷик аз нав эҳё гардид ва бо пуштибонӣ аз неру ва заковати таърихии Пешвои миллат халқи барӯманди тоҷик ҳамчун пешқадамони тамаддуни заминдорӣ ва кишоварзӣ эътироф шудаанд. Дар ин росто, дар кишвари мо ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин амалӣ гардида, фаъолияти соҳа ба шароити даврони муосир мутобиқ гардонида шуд. Натиҷаи онро мо дар майдони боғу киштзорҳои сарсабз мебинем, ки дар асоси дастгириҳои давлатӣ соҳаи кишоварзии мамлакат тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ рушд ёфта, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи воқеӣ гузошта шуд.   Ҳафтум, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти шароиту имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар самти тараққӣ додани саноати кишвар, рушди илму техникаи муосир ва тақвияти раванди идоракунии муосир, соҳаи саноати мамлакат аз низоми аграриву саноатӣ ба модели саноативу аграрӣ ва саноатикунонии босуръат табдил дода шуданд. Дар заминаи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ дар кишвари тозаистиқлоламон як қатор корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд шудаанд ва сохтмони боз садҳо иншооти истеҳсолӣ идома дорад. Ин раванд дар заминаи Истиқлоли давлатӣ вусъати тоза пайдо намуда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил мегардад, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии мамлакатамон саҳми бузург ба ҳисоб меравад.   Ҳаштум, мавриди истифода қарор додани даҳҳо иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати якум ва дуюми иншооти бузурги аср – неругоҳи барқи обии «Роғун», сохтмони ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо дар заминаи Истиқлоли давлатӣ рӯйи кор омаданд. Илова бар ин, Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳиду транзитӣ табдил дода шуд. Ҳамзамон, давлат аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи стратегии дар ин самт эълонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.   Нуҳум, дар раванди муносибатҳои байналмилалӣ пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» яке аз масъалаҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Раванди сиёсати «дарҳои кушода» имкон фароҳам овард, ки бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шаванд. Агар феълан таҳлил намоем, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст ва ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ гардида истодаанд.   Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ- асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, заминаҳои мусоидро дар самти ташаккул ва инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ фароҳам меоварад.   Истиқлол- падидаи арзишмандтарини сиёсию ҳуқуқӣ дар таъмини суботи ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии давлат, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии мардум ва сарчашмаи асосии пойдории давлат маҳсуб меёбад. Дар ин замина, дар навбати аввал бояд ба мафҳум ва моҳияти истиқлол, ки дар боло зикрашон рафт, аҳамияти аввалиндараҷа дод. Дуюм ин ки Истиқлоли давлатиро ба сифати иди миллӣ ва наҷоти миллат дар масири таърихи башарият маънидод кардан зарур аст ва насли ҷавони миллатро мебояд ба ҷанбаҳои назариявии ин дастоварди бузурги миллати сарбаланди тоҷик таваҷҷуҳ бештар зоҳир намоянд.   Корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти барқарорсозии сулҳу субот ва ба вуҷуд овардани истиқлоли сиёсӣ дар ҷомеаи мутамаддини тоҷик пайваста мутолиа намуда, бо пуштибонӣ аз назарияи истиқлолхоҳии Пешвои миллат ва пойдории истиқлолу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз саҳми бевоситаи хешро гузоранд.   Даврон Сафарзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    275

    05.09.2025
  •  img
    ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ» Ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи силсилаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид.   Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷӯрахон, Раиси Ассосиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, узви Шурои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафар, Раиси Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ, узви Шурои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Шарипова, ноибони ректори Академия, кормандону устодон ва магистрантон иштирок намуданд.   Чорабиниро ноиби ректори Академия оид ба илм ва инноватсия, н.и.т., дотсент Карамалишоев Карамалишо бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, истиқлолиятро ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик арзёбӣ намуд ва нақши онро дар ташаккули низоми давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи муосирро таъкид кард.   Ректори Академияи Сафарзода Даврон Ҷӯрахон зимни баромади хеш қайд намуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар масири таърихи давлатдории миллӣ ҷойгоҳи худро муайян намудааст. Зеро истиқлол маҳз барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик, ки аз азал дар роҳи муваффақ шудан ба истиқлолият мубориза мебурданд, санаи фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад ва метавон гуфт, ки рӯзи 9- уми сентябри соли 1991 барои давлат ва миллати тоҷик санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ баҳисоб меравад.   Гуфта шуд, ки истиқлолият заминаи асосиро барои соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик фароҳам овард ва он рамзи асосии дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад. Маҳз, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд. Дар ин замина, амалигардии нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.   Дар ҳамоиш маърӯзакунандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни истиқлолият, ҳувияти миллӣ, таҳкими ваҳдат ва такомули низоми демократӣ андешаҳои худро баён доштанд.   Аз ҷумла, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Сайфулло Сафар дар маърузаи худ зикр кард, ки Истиқлолият на танҳо дастоварди бузурги сиёсӣ, балки омили худогоҳиву худшиносии миллӣ мебошад. Маҳз истиқлолият ба миллати тоҷик имконият дод, ки ҷойгоҳи арзандаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.   Ҳамзамон, Раиси Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ Латофат Шарипова дар баромади худ таъкид намуд: «Давраи истиқлолият барои занону ҷавонон имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин табақаҳои ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, заминаи воқеӣ барои рушд ва пешрафти онҳо муҳайё сохт».   Маърӯзачиён ҳамчунин аз раванди ташаккули давлатдории миллӣ ёдоварӣ карда, дастовардҳои замони истиқлолиятро натиҷаи ваҳдату худшиносии мардум, алалхусус, сиёсати хирадмандонву фидокориҳои фарзанди фарзонаи халқ -Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистанд. Таъкид карда шуд, ки истиқлолият барои миллати тоҷик имкони воқеии ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди забон, фарҳанг ва таҳкими пояҳои давлатдории муосирро фароҳам овардааст.   Ҳамоиш дар сатҳи баланд доир гардида, он дар таҳкими маърифати миллӣ, бедории худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият саҳми назаррас хоҳад гузошт.   Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши мазкур дар бахшҳо идома ёфта, дар сохторҳои Академия мизҳои мудаввар ва конфронсҳои илмӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор хоҳанд гашт. Дар ҷараёни ин нишастҳо муҳаққиқон паҳлуҳои гуногуни истиқлолиятро мавриди таҳлил қарор дода, масоили марбут ба рушди давлатдории миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ баррасӣ менамоянд.

    29

    05.09.2025