05.09.2025

Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Барои ҳар як давлат ва қавму миллат доштани Истиқлоли давлатӣ яке аз бузургтарин арзиши умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлол рамзи озодӣ, ҳуқуқбунёдӣ, якдилию якмаромӣ буда, роҳи пурсаодати миллатро тавассути фароҳам овардани неъматҳои моддию маънавӣ ва дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ мекушояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, мафҳум ва моҳияти “истиқлолият” дар таълимоти як қатор олимону равшанфикрон ба сифати беҳтарин неъмат ва заминаи асосии хушбахтии инсоният шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Масалан, назарияи Ҷ. Локк доир ба пойдории истиқлолият мавқеи назаррас дошта, таълимоти ӯ дар ташаккул ва инкишофи таълимоти истиқлолияти ИМА таъсири амиқ расонидааст. Аз ин бар меояд, ки истиқлолият ҳамчун падидаи сиёсӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва аз ҳама муҳим дар болоравии донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ нақши меҳвариро ишғол менамояд.
Истиқлолият ҳамчун таълимоти сиёсӣ барои ояндаи давлат ва хушбахтии ҳаёти халқ заминаи мусоиди ташкилию ҳуқуқиро фароҳам меорад, ки омӯзиши ҷанбаҳои назариявию амалии он ба болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамин тавр, Т. Пайн дар рисолаи худ таҳти унвони “Ақли солим” масъалаи истиқлолро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае меояд, ки истиқлолият дар раванди идоракунии ҷумҳуриявӣ мардум ва кишварро ба озодию хушбахтӣ мерасонад. Дар ин замина, ба масъалаи истиқлолгароӣ диққати махсус додан зарур аст.
Мусаллам аст, ки назарияи истиқлолхоҳӣ ва ё истиқлолгароӣ дар таърихи башарият давраҳои муайяни худро доранд ва барои расидан ба Истиқлоли давлатӣ донишҳои бузурги сиёсӣ, хирадсолорӣ ва доштани ҳисси миллӣ асос шуда метавонад, зеро “истиқлолият назарияи сиёсиест, ки ба роҳбарияти олӣ ва ҳокимияти сиёсӣ пайваст аст”. Бинобар ин, роҳбари сиёсии кишвари мо, ки табиатан хирадсолорӣ ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносиро аз рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон ҳадафи бевоситаи роҳбарии худ қарор дода буд, ба масъалаи пойдории Истиқлоли давлатӣ ҷидду ҷаҳд намуд. Дар ин роҳ, ба ҳамаи душвориҳо ва бархӯрди нооромиҳои замони ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ нигоҳ накарда, барои ояндаи давлат ва миллати соҳибтамаддуни хеш истиқлолро таъмин намуд. Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарӣ ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ба як консепсияи бузурги илмӣ табдил ёфтааст, ки аҳамияти он ба ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Якум, Истиқлоли давлатӣ дар масири таърихи давлатдории миллӣ ҷойгоҳи худро муайян намудааст. Зеро истиқлол маҳз барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик, ки аз азал дар роҳи муваффақ шудан ба истиқлолият мубориза мебурданд, санаи фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад ва метавон гуфт, ки рӯзи 9- уми сентябри соли 1991 барои давлат ва миллати тоҷик санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ баҳисоб меравад.
Дуюм, истиқлолият заминаи асосиро барои соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик фароҳам овард ва он рамзи асосии дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад. Маҳз, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд. Дар ин замина, амалигардии нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.
Сеюм, истиқлоли сиёсӣ дар самти вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Тавре аён аст, аз баракати истиқлол ва пойдории суботи ҷомеа симои кишвари азизамон аз пойтахти он – шаҳри Душанбе сар карда, то дурдастарин деҳаҳо ба таври куллӣ дигаргун шудааст, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф гардидааст ва сатҳу сифати зиндагии мардумамон хеле боло рафтааст.
Чорум, Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти ташаккул ва инкишофи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва даҳҳо самти дигар тавассути қабули як қатор барномаю стратегияҳои давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Махсусан, дар замони Истиқлоли давлатӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардиданд.
Панҷум, аз файзи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик бо дарки худшиносию худогоҳӣ ва дар заминаи сиёсати давлатӣ тавонист, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро аз нав эҳё намоянд, онҳо худшиносиву худогоҳии миллиро ҳамчун мояи ифтихори миллӣ арзёбӣ намуданд. Ин раванд имкон дод, ки халқи равшанфикри тоҷик на танҳо фарҳанги беназири давлати куҳанбунёди худро эҳё намуданд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Шашум, дар заминаи Истиқлоли давлатӣ хусусиятҳои миллати таърихан шаҳрсозу шаҳрнишин будани халқи тоҷик аз нав эҳё гардид ва бо пуштибонӣ аз неру ва заковати таърихии Пешвои миллат халқи барӯманди тоҷик ҳамчун пешқадамони тамаддуни заминдорӣ ва кишоварзӣ эътироф шудаанд. Дар ин росто, дар кишвари мо ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин амалӣ гардида, фаъолияти соҳа ба шароити даврони муосир мутобиқ гардонида шуд. Натиҷаи онро мо дар майдони боғу киштзорҳои сарсабз мебинем, ки дар асоси дастгириҳои давлатӣ соҳаи кишоварзии мамлакат тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ рушд ёфта, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи воқеӣ гузошта шуд.
Ҳафтум, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти шароиту имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар самти тараққӣ додани саноати кишвар, рушди илму техникаи муосир ва тақвияти раванди идоракунии муосир, соҳаи саноати мамлакат аз низоми аграриву саноатӣ ба модели саноативу аграрӣ ва саноатикунонии босуръат табдил дода шуданд. Дар заминаи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ дар кишвари тозаистиқлоламон як қатор корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд шудаанд ва сохтмони боз садҳо иншооти истеҳсолӣ идома дорад. Ин раванд дар заминаи Истиқлоли давлатӣ вусъати тоза пайдо намуда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил мегардад, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии мамлакатамон саҳми бузург ба ҳисоб меравад.
Ҳаштум, мавриди истифода қарор додани даҳҳо иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати якум ва дуюми иншооти бузурги аср – неругоҳи барқи обии «Роғун», сохтмони ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо дар заминаи Истиқлоли давлатӣ рӯйи кор омаданд. Илова бар ин, Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳиду транзитӣ табдил дода шуд. Ҳамзамон, давлат аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи стратегии дар ин самт эълонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.
Нуҳум, дар раванди муносибатҳои байналмилалӣ пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» яке аз масъалаҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Раванди сиёсати «дарҳои кушода» имкон фароҳам овард, ки бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шаванд. Агар феълан таҳлил намоем, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст ва ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ гардида истодаанд.
Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ- асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, заминаҳои мусоидро дар самти ташаккул ва инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ фароҳам меоварад.
Истиқлол- падидаи арзишмандтарини сиёсию ҳуқуқӣ дар таъмини суботи ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии давлат, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии мардум ва сарчашмаи асосии пойдории давлат маҳсуб меёбад. Дар ин замина, дар навбати аввал бояд ба мафҳум ва моҳияти истиқлол, ки дар боло зикрашон рафт, аҳамияти аввалиндараҷа дод. Дуюм ин ки Истиқлоли давлатиро ба сифати иди миллӣ ва наҷоти миллат дар масири таърихи башарият маънидод кардан зарур аст ва насли ҷавони миллатро мебояд ба ҷанбаҳои назариявии ин дастоварди бузурги миллати сарбаланди тоҷик таваҷҷуҳ бештар зоҳир намоянд.
Корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти барқарорсозии сулҳу субот ва ба вуҷуд овардани истиқлоли сиёсӣ дар ҷомеаи мутамаддини тоҷик пайваста мутолиа намуда, бо пуштибонӣ аз назарияи истиқлолхоҳии Пешвои миллат ва пойдории истиқлолу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз саҳми бевоситаи хешро гузоранд.
Даврон Сафарзода,
ректори Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон