05.09.2025

5-уми сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои зертобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида, дар он мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ ба як қатор кормандони соҳа супорида шуд.
Сараввал, вазири маориф ва илм ҳозиринро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, меҳмононро ба ифтихори фарорасии соли нави таҳсил ва ҳамзамон ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки 34 сол муқаддам миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба ин дастоварди бузург ноил гардид.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро на танҳо рамзи озодиву соҳибихтиёрӣ, балки рукни асосии давлатдорӣ медонанд. Рӯзи соҳибистиқлолии мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани Парчами давлати тоҷикон мебошад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ кулли кормандони соҳаи маорифро ба ин ҷашни бузургу сарнавиштсоз табрик намуда, ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кишвари мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Муовини Сарвазир таъкид дошт, ки ин неъмати бузург барои халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ бадхоҳони миллати тоҷик тавонистанд, ки давлати навини Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Вале бар хилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст ва баъзе доираҳои манфиатдор дар як муддати кӯтоҳ қувваҳои солими ҷомеаи мо бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери шиори якпорчагӣ ва парчами мардонагиву нангу номус ба ҳам омада, якдилона роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.
Дар охир дар фазои тантанавӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи маориф ва илм мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорида шуд.
Дар маросими мукофотсупорӣ 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 14 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон