ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

09.01.2025

9-уми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ҷамъомад доир гардид,

 

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ профессор Назарзода Хайрулло Холназар, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Ҳамитов ва мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев суханронӣ намуданд.

 

Ректори донишгоҳ Хайрулло Холназар зикр кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмҳои солҳои қаблӣ фарқ дорад. Зеро ҳадафҳои стратегие, ки барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар Паёмҳои қаблӣ мавриди баррасӣ гардида буданд, амалӣ гардиданд. Дар ин миён ҳадафҳои навин, аз қабили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи қувваи барқ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, рушдии неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, масъалаи саломатии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ, вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” аз мазмуну муҳтавои асосии Паём ба ҳисоб мераванд. 

 

Сипас, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Ҳамитов Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки Паём ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таҳлилӣ буда, ҳисоботи Сарвари давлат оид ба ҷамъбасти фаъолияти яксола маҳсуб меёбад. Паёми Президенти мамлакат тантанаи истиқлолият ва демократия буда, он муаррифии расмии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба мардуми ҷумҳурӣ ва оламиён маҳсуб ёфта, дар низоми давлатдорӣ аҳамияти муҳимми сиёсӣ, байналмилалӣ, барномавӣ, стратегӣ ва афкорсозӣ дорад. Дар Паёми Пешвои миллат дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта баён гардида, вазифаҳои афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мавҷуданд, мушаххас карда шуданд.

 

Мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ Фаррух Алиев қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзишу сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун ва таъмин намудани волоияти он ва пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон дар атрофи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид шуда, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон саъю талош намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ тамоми тадбирҳоро меандешад.

  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ img
  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ img
  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДОНИШ ОЯНДАРО МЕСОЗАД: ОҒОЗИ МАВСИМИ ОЛИМПӢ Имрӯз, 24-ум январи соли 2025 дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври сеюм (минтақавӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид.   Олимпиадаро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, зикр карданд, ки ҳадаф аз баргузории олимпиадаҳо ва маросими ифтитоҳии он шинохт ва муаррифии хонандагони боистеъдоду пурғайрат мебошад.   Дар даври сеюми Олимпиада миёни хонандагони синфҳои 11, 470 хонанда аз фанҳои ҷамъиятӣ- гуманитарӣ аз 13 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, байни ҳам рақобати илмӣ намуданд.   Иштироки хонандагон дар сабқатҳои зеҳнӣ баёнгари таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши илм буда, барои табодули дониш ва тарғиби илму фан заминаи мусоидро фароҳам меорад.

    23

    24.01.2025
  •  img
    ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ РАҚАМИКУНОНӢ, ИННОВАТСИЯ ВА БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Таҳти чунин унвон имрӯз, 23 январи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- амалӣ баргузор гардид, ки дар кори семинар роҳбарият ва омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.   Дар ҳамоиши мазкур, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон иштирок ва суханронӣ намуд. Ректори Академия қайд намуд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ дар доираи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ташаккул ва рушди илми тоҷик дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишвар ба ҳисоб мераванд.   Таклифу пешниҳодҳои олимону муҳаққиқон вобаста ба самтҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаҳои мусоидро ҷиҳати татбиқи илм дар истеҳсолот ба амал меоранд, қайд намуд зимни баромади худ ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон. Роҳбарияти Академия дар доираи мавзӯи ҳамоиши илмӣ- амалӣ иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳимме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ин гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, дар самти рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва рушди инноватсия нақши муассир дорад.   Дар ҳамоиши илмӣ- амалӣ баромадкунандагон доир ба ҷиҳатҳои мусбии технологияҳои рақамӣ дар раванди таҳсилот, нақши рақамикунонӣ ва инноватсия дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, татбиқи технологияҳои мобилӣ дар омӯзиши забонҳои барномасозӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷаҳони муосир, таҳсилоти рақамӣ ва омодасозии кадрҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо намуданд.   Баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар шароити ҷаҳони муосир раванди рақамикунонӣ соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиро фаро гирифта, ба таъмини ҳамкории мутақобилаи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ мусоидат менамояд.   Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ механизмҳои татбиқи рақамикунонӣ на танҳо омили пешрафти иқтисодӣ, балки заминаи устувори беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум шуда метавонад.

    48

    23.01.2025
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ИХТИСОСҲОИ РАВИЯИ ТИББӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ Имрӯз, 23-юми январ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва илм ёдовар шуд.   Сипас, ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ Ҳ. Саидзода дар мавзуи “Вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисони равия, самт, ва ихтисосҳои тиббӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ” шунида шуд.   Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия дар равияҳои тиббии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, истифодаи таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ дар синфхонаҳои лабараторӣ дар раванди таълим, беҳтар намудани барномаҳои таълимӣ, хатми мутахассисон ва ба кор сафарбар шудани онҳо ҷалб намуд.   Дар охир, вазири маориф ва илм ба ҳозирин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, хуб ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия дар равияҳои тиббии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи равияҳои тиббӣ, нашр ва бознашри китобҳои дарсии равияи болозикр, омодагӣ ба ҷаласаи Шурои ректорон, сазовор пешвоз гирифтани 32-юмин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз, назорати давомоти хонандагону рафти баргузории дарси омӯзгорон, риояи ҳатмии сару либоси тавсиявӣ, тозаву озода намудани гирду атрофи муассисаҳои соҳаи маориф ва чанде дигар супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    96

    23.01.2025