ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ – ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ КӮДАК
09.01.2025
Имрӯзҳо кормандони соҳаи маориф чун дигар мардуми шарафманди кишвар дар зери таассуроти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маорифи кишвар ва мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар заминаи сиёсати фарҳангсолориву маорифпарварии хеш ҷиҳати арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон як зумра ғамхориҳо зоҳир намуданд.
Аз якуми сентябри соли 2025 30 дар сад зиёд гардидани маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва 20 дар сад зиёд гардидани маоши дигар кормандони соҳаи маориф гувоҳи он аст, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан, соҳаи муҳим, афзалиятнок ва омили таҳкими амнияти миллист.
Бояд зикр намуд, ки ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳукми анъана даромада, ба андешаи сиёсатмадор, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ «Пешвои миллат аз рӯзи аввали Роҳбари давлат шуданашон вохӯрию суҳбатҳоро бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус, зиёиёни мамлакат яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти хеш қарор додаанд».
Маҳз ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар буд, ки имрӯз соҳаи маориф ба дастовардҳои зиёде ноил гардид.
Бо дарназардошти муҳиммияти масъалаи таҳсилоти томактабӣ, сохтори вазорат таҷдид гардида, бахши томактабӣ ба раёсати таҳсилоти томактабӣ табдил дода шуд ва фаъолияти он ба татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар равона гардид.
Дар ин робита, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, 1 сентябри соли 2023 ҷиҳати танзими заминаи меъёрии ҳукуқии марказҳои инкишофи кӯдак ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид ва мақоми ҳуқуқии марказҳои инкишофи кӯдак муқаррар карда шуд.
Тадбири мазкур барои амалишавии талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то соли 2025 ба 30% ва то соли 2030 ба 50% расонидани фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад намуд.
Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва дастраси раёсату шуъбаҳои маориф карда шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои талаботи Стратегияи рушди маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Тартиби ташкил ва фаъолияти шаклҳои алтернативии гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ» таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд. Санади мазкур фаъолияти се шакли алтернативии таълиму тарбияи томактабиро танзим мекунад.
Дар марҳалаи кунунӣ стандартҳои давлатӣ, барнома, дастурҳои методӣ ва аёнӣ, воситаҳои таълим, хрестоматия барои кӯдакони синни томактабӣ ба навовариҳо дар илму амалияи таҳсилоти томактабӣ дар ҳоли таҳия қарор доранд. Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7(6)-солагӣ) ҳуҷҷатҳои муҳиме дар мазмуни таҳсилоти томактабӣ мебошанд, ки талаботи ягонаро барои таълму тарбияи кӯдакон аз рӯзи таваллуд то синни 7-солагӣ муқаррар ва дараҷаи инкишофи кӯдакро мувофиқ бо хусусиятҳои синнусолӣ, суръати такомул, шавқу рағбат, инчунин, рушди маҳорати нутқӣ, сенсорӣ ва ҳаракатӣ муайян менамоянд.
Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7(6)–солагӣ) бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 марти соли 2023, № 4/22 тасдиқ гардидааст. Мазмуни таҳсилот дар муҳитҳои таълимӣ мураттаб гардида, барои коркарди нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобу дастурҳои таълимӣ ҳамчун замина истифода мегардад.
Стандарти мазкур аз панҷ муҳити таълимӣ иборат аст:
Муҳити 1. Саломатии ҷисмонӣ, некуаҳволӣ, рушди системаи таҳрикию ҳаракатӣ;
Муҳити 2. Инкишофи фаъолияти маърифатӣ ва донишҳои умумӣ;
Муҳити 3. Инкишофи эҳсосӣ - иҷтимоии кӯдак;
Муҳити 4. Инкишофи нутқ, муошират ва омодагӣ ба саводомӯзӣ;
Муҳити 5. Инкишофи шахсият ва тарбияи ахлоқии кӯдак.
Вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 зикр гардидаанд, бо мақсади таҷдиди мундариҷаи таълиму тарбияи томактабӣ ва тадриси забонҳои русиву англисӣ, Нақшаи таълимии намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 таҳия гардида, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба роҳ монда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки минбаъд забонҳои русиву англисӣ ва забони давлатӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ чун машғулияти ҳатмӣ ҳафтае 2 маротиба таълим дода мешавад.
Ҳамчунин, ҷадвали басти воҳидҳои кории муассисаҳои томактабӣ, ки аз замони Шуравӣ амал менамуд, таҷдиди назар карда шуда, мураббии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва омӯзгорони фанҳои забони русиву англисӣ ҳамчун воҳиди алоҳидаи корӣ ворид гардиданд.
Шуруъ аз якуми январи соли 2025 омӯзгорони гурӯҳҳои Маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо маоши вазифавӣ таъмин ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор мегарданд.
Чорчӯби салоҳиятҳои касбии кормандони педагогии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори ҳайати мушовараи вазорат тасдиқ карда шуд. Санади мазкур сатҳи дониш, маҳорат, малакаи касбӣ ва таҷрибаи кории кормандони педагогии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян ва муқаррар менамояд, ки кормандони педагогии муассисаҳои томактабӣ бояд дорои кадом арзиш, дониш ва маҳорату малакаҳои касбӣ бошанд.
Дар доираи иҷрои талаботи Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҷумла, Барномаи таълими кӯтоҳмуддати гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб дар муассисаҳои тахсилоти томактабӣ, Барномаи тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабии талаботи махсуси таълимидошта, Дастури методӣ (Барои мураббиёне, ки бо кӯдакони талаботи махсуси таълимидошта фаъолият мекунанд таҳия ва дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуданд.
Дастури методӣ барои психологи муассисаи томактабӣ таҳия шуда, бо қарори ҳайати мушовари Вазорати маориф ва илм тасдиқ ва ба нашр тавсия гардид.
Бо мақсади рушди таҳсилоти томактабӣ ва таҳкими заминаи моддии техникии муассисаҳо, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ тақвият бахшида мешавад. Соли 2024 аз ҳисоби шарикони рушд ба марказҳои инкишофи кӯдаки назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 23 номгӯй маводи конселярӣ, бозича, мизу курсӣ барои кӯдакону омӯзгорон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ бо маблағи 673816,5 сомонӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, дар доираи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сохтмони муассисаҳои томактабӣ, дар ноҳияҳои дигари пилотии Лоиҳа таъмири 39 муассиса ба маблағи 840 ҳазор доллар ва сохтмону таъмири 500 МИК бо маблағи 12 миллиону 500 ҳазор доллар идома дорад. Барои муассисаҳои томактабии ноҳияҳои пилотӣ 1995 кати хоб, 1500 миз, 5984 курсӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.
Маҳз таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва таъминот бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати беҳтар шудани шароит ва фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ гардид.
Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ бештар гардида, теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 744 адад расида, дар онҳо 113970 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 37 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 9049 нафар кӯдак зиёд мебошад.
Ҷиҳати дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2884 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 131317 кӯдак таъсис дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 503 марказ ва 34771 кӯдак зиёд мебошад.
Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки дар баробари ин, теъдоди гурӯҳҳои инкишофи барвақтии кӯдак хеле афзоиш ёфта, ба 5569 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1042 гурӯҳ зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ 245066 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 43820 кӯдак зиёд буда, ба 23,2% баробар аст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 20,2%-ро ташкил медод.
Мазмуни корҳои равонӣ-педагогиро кушодани мазмуну муҳтавои муҳитҳои таълимии дар Стандарт овардашуда ташкил медиҳад, ки барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак вобаста ба хусусиятҳои синнусолӣ равона гардиданд. Вазифаи мураббиён ва волидон дар асоси баҳисобгирии қонуниятҳои инкишоф ва вазифаҳои таълиму тарбия дар ҳар як соли ҳаёт таъмин намудани инкишофи дурусти ҷисмонӣ, ақлию зеҳнӣ, ташкили бозӣ, меҳнат, машғулиятҳои таълимию ҳаёти маишии кӯдак иборат мебошад. Самаранокии тамоми вазифаҳои гузошташуда оид ба тарбияву таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз маҳорату дониши мураббия ва ба эътиборгирии хусусиятҳои синнусолию инфиродии тарбиятгирандагон вобаста аст.
Бовар дорем, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва кормандони соҳа руҳу илҳоми тоза бахшида, ба раванди бунёди муассисаҳои томактабӣ, таъсиси марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак, бештар намудани фарогирӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии гузошташуда мусоидат менамояд.
Ҷ. МАҶИДЗОДА,
сардори раёсати таҳсилоти томактабии
Вазорати маориф ва илм