08.11.2024

 img

Дар Муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе вохӯрии намояндагони Раёсати маорифи шаҳри Сэҷонги Ҷумҳурии Корея дар ҳайати Шин Мёнгхе – директори генералии Раёсати маорифи шаҳри Сэҷонг, Ча Джунгчан – президенти Донишкадаи муштараки ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором, Ҷи Ҷаегеун – сармутахассиси Раёсати шаҳри Сэҷонг, Ҷо Сеонгҷин – мутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Сэҷонг, Сон Чеонҷае – мутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Сэҷонг ва Сон Ҷихун мутахассиси Донишкадаи муштараки ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором ва директори муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионии назди вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҷабзода Комрон бо роҳбарият ва хонандагони муассиса баргузор гардид.

 

Меҳмонон нахуст аз намоишгоҳи омоданамудаи хонандагони муассиса, ки аз корҳои лабораторӣ аз фанни химия, физика, астрономия ва технологияҳои иттилоотӣ иборат буд, дидан намуданд. Дар ҳамин ҷо бо гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ суҳбат намуданд.

 

Инчунин, тариқи барномаи Zoom бо собиқ хонандагони муассиса, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Корея таҳсилро идома медиҳанд, хамсуҳбат шуданд. Дар идома аз имкониятҳои синфхонаи омӯзиши технологияҳои иттилоотии муассиса дидан намуда, сипас дар толори конфронсии муассиса бо роҳбарият ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар самти ташкили курсҳои омӯзишӣ ва таъмин намудани муассиса бо технологияҳои нави иттилоотӣ ва татбиқи технология дар раванди таълим мулоқоти судманд анҷом дода шуд.

  • ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА img
  • ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА img
  • ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА img
  • ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА img
  • ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА img
  • ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА img
  • ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА img
  • ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА 29 июли соли 2025 тибқи ҷадвали тасдиқшудаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар ташкилоту муассисаҳо, дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ бо иштироки ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, муовини аввал, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва марказҳо, деканони факултетҳо ва 37 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор шуд.   Сараввал ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳузури намояндагони ВАО-ро ба Донишгоҳи давлатии Данғара хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ дар шаш моҳаи аввали соли 2025 резахбор пешниҳод намуд.   Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолияти хешро тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи маориф ва илм роҳандозӣ намуда, дар ҳамаи самтҳои фаъолият ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст.   Дастовардҳо дар самти таълим таҳия ва дар амал татбиқ шудани 49 адад нақшаи таълимӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, 14 адад аз рӯи зинаи магистратура, 10-то барои таҳсилоти олии 2-юми  ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз 1-уми сентябри соли таҳсили 2025-2026  мавриди  истифода қарор дода мешаванд.    Таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоли марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, айни замон дар донишгоҳ 3 нафар докторони илм, 67 нафар номзади илм, 223 нафар муаллими калон ва ассистентон дар маҷмуъ 293 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд.    Шумораи умумии донишҷўён 8050 нафарро ташкил дода, аз шумораи умумии онҳо 3311 нафарро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд. Дар донишгоҳ тибқи квотаи Президентӣ 120 нафар донишҷӯ аз  ҷумла 48 нафар духтар таҳсил менамоянд.    Имсол донишгоҳро аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил, ки тибқи фармоиши ректор барои иштирок дар комиссияи аттестатсияи хатм (КАХ) рухсат гирифтанд ва аттестатсияи хатмро ҷамъбаст намуданд, 1673 нафарро ташкил дод. Аз ин шумора, 933 нафар шӯъбаи рӯзона, 524 нафар шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳро хатм намуданд.   Тақсими донишҷӯёне, ки донишгоҳро хатм карданд, вобаста ба зинаи таҳсил чунин аст:  - аз рўи дараљаи бакалавр 1673 нафар, аз он ҷумла омузгорӣ 698 нафар. - аз рӯи дараҷаи магистратура 112 нафар.    Дар маҷмӯъ, аз теъдоди умумии донишҷӯёне, ки имтиҳони давлатиро бо баҳои «аъло» супоридаанд 20 нафарашон ба гирифтани дипломи «аъло» мушарраф шуданд.   Дар соли таҳсили 2024-2025 1 нафар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва 2 нафар бо мукофоти соҳавӣ “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”  сарфароз гардиданд.    Дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дар Шуроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар дифоъ намуда, 4 нафар соҳиби шаҳодатномаи дотсентӣ гардиданд. Дар баробари ин, то охири соли ҷорӣ аз рӯи маълумотҳои пешакӣ 10 нафар устодони ҷавон бояд рисолаҳои илмии худро дифоъ намоянд.    Аз ҷониби ҳайати профессорону устодон 10 китоби дарсӣ, 15 монография, 60  дастури методӣ, 25  васоити таълимӣ ва зиёда аз 500 фишурдаю мақола ва  маърӯзаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия гардида, ба чоп расидаанд.   Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 2 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 1 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.   Дар озмуни ҷумҳурияви “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба даври сеюми озмун 15 нафар донишҷӯ, 2 нафар магистрант ва 4 нафар омӯзгор роҳ ёфтанд.   Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” ба даври сеюми озмун 18 нафар роҳ ёфтанд.   Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон  - Ватани азизи ман” ба даври сеюм 3 нафар омӯзгор ва 6 нафар донишҷӯ барои иштирок роҳхат гирифтанд.   Дар давоми шашмоҳаи якуми соли 2025 зиёда аз 60 чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ-оммавӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд.   Дар донишгоҳ 10 нафар донишҷӯи ятими кулл дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, ки мунтазам нисбати онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.   Шуруъ аз моҳи январи соли 2025 то имрўз донишгоҳ бо 11 муассисаҳои олии хориҷи кишвар аз ҷумла Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии Гомел ба номи П.О. Сухо, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин ва  Донишгоҳи давлатии Гродненск ба номи Янки Купалия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.   Дар шаш моҳи аввали соли 2025 теъдоди иштироки устодон ва кормандони ДДД дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо,  конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ба 12 нафар мерасад.   Дар давраи ҳисоботи 2 лоиҳа бо мувафақият ҷамбаст шуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур гардид.   Дар донишгоҳ айни ҳол 220 донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумла Федератсияи Россия 1 нафар, Ҷумҳурии Туркменистон 6 нафар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 213 нафар дар гуррӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда истодаанд.   Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби раёсати донишгоҳ 20000 (бист ҳазор) дона гули ороишӣ дар гирду атроф ва саҳни биноҳои таълимӣ шинонида шуд, ки ҳусни донишгоҳро зеботар менамоянд.   Инчунин дар ҳудуди заминҳои корам аз нав киштгардон карда шуда, зиёда аз 30 бех дарахтони ороишии серено ва капатало шинонида шудаанд.    Дар бахши дигари нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони ВАО вобаста ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ маҷмуи саволҳо пешниҳод гардид, ки ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба саволҳои мазкур бо овардани нишондиҳандаҳо ва мисолҳои возеҳ ҷавобҳои мушаххас ва қаноатмандкунанда доданд.   Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара эълом дошт, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро бо намояндагони воситаҳои ахборӣ омма баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия зимни тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ба роҳ хоҳад монд.

    12

    30.07.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД 30 июли соли 2025 таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласа бо иштироки аъзои ҳайати мушовара, муовини якум, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор шуд.   Вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа таъкид намуд, ки соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди ин соҳа дар кишвар шароити мусоид муҳайё карда шудааст. Гуфта шуд, ки дар солҳои охир барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар кардани инфрасохтори соҳа ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон тадбирҳои мусбӣ амалӣ гардида истодааст.   Дар идома сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳикматулло Саидзода вобаста ба натиҷаҳои комиссияи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2024-2025 гузориш пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки замони муосир ва пешрафти илму техника тақозо менамояд, ки ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад ва он бояд ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Дар ин радиф, аттестатсияи хатм ҳамчун марҳилаи хотимавии таҳсил ба ҳисоб рафта, мутобиқати мазмун, мундариҷа ва сатҳу сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилот муқаррар менамояд.   Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур иброз дошт, ки аттестатсияи хатм танҳо натиҷаи фаъолияти таълимии донишҷӯ набуда, балки аз фаъолияти тамоми кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар раванди таълим натиҷагирӣ менамояд. Роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки барои холисона ва воқеъбинона баҳогузорӣ кардани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии донишҷӯён рафти баргузории аттестатсияи хатмро назорат намоянд.   Сипас, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода дар бораи лоиҳаи Низомномаи Озмуни “Хонандаи сол” ва Тартиби сафарбар намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ маълумот дод.   Дар идома директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Умед Ҳасанзода оид ба тасдиқи адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузориш пешниҳод намуд.   Дар ҷамъбасти ҷаласа, вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки бояд дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гарданд. Таъкид гардид, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои соли нави хониш ҳамаҷониба омодагӣ дида, атрофи муассисаҳоро тозаву озода намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    49

    30.07.2025
  •  img
    ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК БО 14 МЕДАЛ АЗ ОЛИМПИАДАИ IKO-2025 БАРГАШТАНД Имрӯз, 29.07.2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқбол аз ғолибони Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 баргузор гардид.   Дар маросими пазироӣ ҳайати Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва омӯзгорон иштирок намуда, ғолибон бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуданд, ки нишонаи эҳтиром ва қадрдонии ҷомеа аз дастовардҳои хонандагон мебошад.   Бояд тазаккур дод, ки аз 21 то 27 июли соли равон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 аз фанҳои математика ва забони англисӣ бо иштироки беш аз 218 хонанда аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Мянмар ва Камбоҷа баргузор карда шуд. Дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик сазовори 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд.   Иштирок ва пирӯзии хонандагони тоҷик дар чунин олимпиадаҳои байналмилалӣ бозгӯйкунандаи рақобатпазир гардидани донишомӯзони кишвар ва тадбирандешиҳои судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад. Ин дастовардҳо дар доираи иҷрои бомуваффақияти Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 амалӣ карда мешаванд, ки ҳадафи он дастгирӣ ва тақвияти донишу малакаи хонандагони лаёқатманд аст. Ин ғалабаҳо на танҳо обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, балки барои насли наврас илҳом бахшида, онҳоро ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ташвиқ менамоянд.

    60

    29.07.2025