16.04.2026
Имрӯз, 16 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндагони Донишгоҳи ситии Малайзия баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Т. Баҳриддин ва намояндаи раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат иштирок намуданд.
Муовини вазир меҳмононро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ ва таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ мебошанд. Зикр гардид, ки оғози ин раванд ба имзои Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду кишвар дар соли 2014 рост омада, баъдан ҳамкориҳо бо як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Малайзия густариш ёфтаанд.
Қайд карда шуд, ки ҳоло донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсил намуда, ҳамзамон омӯзгорону муҳаққиқони тоҷик дар барномаҳои гуногуни байналмилалӣ, семинару конфронсҳо ва курсҳои такмили ихтисос фаъолона иштирок мекунанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳо, ташкили курсҳои забономӯзӣ, барномаҳои такмили ихтисос ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами Малайзия барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.
Муовини вазир инчунин аз иштироки фаъолонаи донишгоҳи мазкур дар сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2026 ёдовар шуда, онро заминаи муҳим барои таҳкими робитаҳои минбаъда арзёбӣ намуд.
Дар навбати худ, намояндагони донишгоҳ омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии барномаҳои муштарак ва тақвияти табодули академӣ изҳор доштанд.
Маркази Дурахшандагон